Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши алифбои ниёгон дар мактаб

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Алифбои  ниёгони мо яке аз машҳуртарин алифбои ҷаҳонӣ ба шумор рафта,   дар сарзаминҳои Афғонистон Эрон ва Тоҷикистон чун хати асосӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. 

Дар даврони Шӯравӣ ин алифбо бо номи забони форсӣ дар баробари забонҳои олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ  ва арабӣ омӯхта мешуд.

Хушбахтона, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши алифбои ниёгон   ба барномаи таълимии муассисаҳои маълумоти миёнаи умумӣ  дароварда шуд.

Омӯзиши алифбои ниёгон чун дигар фанҳо  нозукиҳо ва душвориҳои худро дорад. Бинобар ин, аз омӯзгорон меҳнати ҷиддӣ, маҳорати баланди дарсдиҳӣ ва дониши чуқур талаб мекунад. Душвории асосӣ дар таълими ин фан дар он аст, ки як овоз якчанд ҳарфро ифода мекунад. Овозҳои ТЕ, ЕС, ҲЕ  якчанд ҳарфро ифода мекунанд. Азбаски ин овозҳо дар забони тоҷикӣ вуҷуд надоранд, хонандагон дар навишт ва талаффузи ин ҳарфҳо ба душвориҳо рӯ  ба рӯ мешаванд. Аксари ҳарфҳо чор шакли навишт доранд. Агар дарс танҳо бо хондану навиштан маҳдуд шавад, шавқи шогирдонро бедор кардан душвор мегардад. Барои дуруст аз худ кардани алифбои ниёгон ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо дарсро бо усулҳои самарабахши таълим гузарондан лозим аст.

Истифодаи бозӣ дар ин дарс аз аҳамият холӣ нест.   Бозии «Кӣ зуд меёбад?» дар омӯзиши ҳарфҳо ба маврид аст. Хонандагон расм, ягон асбоби аёнӣ ё дигар воситаҳоеро, ки номи онҳо оғози дарс мебошад,  нишон медиҳанд. Ду нафар шогирд, ки дар назди тахтаи синф меистанд, ба таври мусобиқа ҳарфи аввали онро менависанд. Масалан, бел, бодом-ҳарфи бе: гул, гавазн - ҳарфи гоф ва ғайра. Дар бозӣ шавқи шогирдон ба дарс бештар мегардад, зеро ҳар хонанда кӯшиш менамояд, ки ғолиби мусобиқа гардад. Бозии «Нуқтаҳо» - ро низ истифода бурдан мумкин аст. Ҳарфҳоеро, ки танҳо бо шумори нуқтаҳо аз ҳам фарқ мекунанд,  истифода мебарем. Масалан, як хонанда мегӯяд: «Ман аз поён се нуқта дорам, ман  кадом ҳарфам?». Шогирдон фикр карда  ҷавоб медиҳанд: «Ҳарфи пе». Ҳангоми омӯзиши ҳар як ҳарфи навбатӣ метавонем онҳоро рақамгузорӣ карда, бозии «Боғи маъноӣ» - ро ташкил кунем. Ҳар як ҳарф як гул ё як дарахти маънавӣ аст, ки ба боғ мешинонем. Мисол, агар ҳарфи синро омӯзем, ба боғи мо себ, санҷид, себарга ва ғайра ворид мешаванд. Хонанда дарси дигарро интизорӣ мекашад, то ки дар боғи худ дарахти навбатиро шинонад. Барои шавқовартар гузаронидани дарс онро бо фанни ботаника алоқаманд карда, фоида ва зиёни дарахтҳо ва гулҳоро ба шогирдон мефаҳмонем.  Ғайр аз ин, хушхатнависӣ ҳам дар омӯзиши ин фан зарур аст. Бинобар ин, байни шогирдон мусобиқаи «Хушхатнависон»-ро ташкил кардан аҳамияти муҳим дорад.  Хуллас, роҳу методҳоеро дар ин фан бояд истифода бурд, ки шавқи хонандагон зиёдтар шавад. 

Гуляман ХУДОЁРОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш