Нашрияи Омӯзгор

Роштқалъа: бунёди мактаби нав барои 640 хонанда

Сана: 2022-05-19        Дида шуд: 26        Шарҳ: 0

Дар маркази ноњияи Роштќалъаи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон бунёди бинои муосири таълимї иборат аз чањорошёна ва барои 640 љои нишаст оѓоз ёфт. Бинокорони ширкати «Помирсохтмон» мањали сохтмони таълимгоњи навро бо истифода аз панљ техникаи пуриќтидор њамвор намуда, њафтаи оянда тањкурсии биноро мегузоранд.

Мудири шуъбаи маорифи ноњия Мамадамбар Мамадамбаров гуфт, ки «пас аз мавриди истифода ќарор гирифтани бино хонандагон ба як басти тањсил мегузаранд. То њол ин муассисаи таълимї дар ду баст фаъолият дошт. Дар фасли зимистон, ки њаво сарду рўзњо кўтоњанд, хонандагон бо душворињои зиёд рў ба рў мешаванд. Бинобар ин, омўзгорону хонандагон ва волидони онњо ин тасмими Њукумати кишварро бо хушњолї истиќбол гирифта, миннатдории худро ба Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон баён намуданд».

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноњия, «ин таълимгоњ дар оянда ба такягоњи муњими соњаи маориф табдил ёфта, дар пешрафти таълиму тарбияи дигар муассисањои таълимї наќши муассир мегузорад».

Бинои мазкур бо маблаѓгузории Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти њукуматии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон дар масоњати 0,62 гектар бунёд мегардад.

Корњои сохтмони биноро Љамъияти масъулияташ мањдуди “Помирсохтмон” ба уњда дорад. Дар марњилаи аввал 4 миллион сомонї људо гардида, 10 нафар сокини мањаллї ба њамворкунии замин машѓуланд. Дар маљмуъ, барои бунёди таълимгоњи мазкур 28 миллион сомонї људо шуда, он дар арафаи љашни 35-умин солгарди ЉИстиќлоли давлатии Тољикистон мавриди бањрабардорї ќарор дода мешавад.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш