Бо маќсади расонидани ёрии методї, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, салоњиятнокї, њуљљатнигорї, иљрои барномањои таълимї, таќвият бахшидан дар таълими фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, љалби њарчи бештари хонандагон ба мањфилњои фаннї ва касбияти омўзгорон ва рушди корњои ободонї шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ дар муассисањои таълимї машварат гузаронида истодааст.
Тавре сармутахассиси шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ Мањмадулло Мањмадиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чунин машварат дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №20 баргузор гардид. Роњбарияти шуъбаи маориф ва омўзгорони муассисањои таълимии ноњия аз тарзи њуљљатгузорї, тартиби рўйхатњо, дастурњои методии вобаста ба фанњои гуногун ва намоишгоњи њунарњои дастии омўзгорону хонандагон дидан карданд.
Дар муассиса омўзгорон дар 14 синфхона дарсњои кушодро бо усули нави таълим ба роњ монданд. Њангоми гузаронидани дарсњо аз асбоби аёнї, адабиёти соњавї ва техникаи муосири таълимї ба таври васеъ истифода бурда шуд. Зимни дарсњо вобаста ба ихтисос омўзгорон дар њамаи муассисањои таълимии ноњия иштирок намуда, бо тарзи дарсгузарии омўзгорон шинос шуданд. Роњбарияти шуъбаи маориф низ дар дарсњо ширкат варзида, бо омўзгорону хонандагон суњбат орост.
Дар ин муассиса вобаста ба эълон гардидани солњои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиши фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илм ва маориф» ба таълими фанњои мазкур диќќати љиддї дода мешавад. Роњандозї гардидани чунин тадбирњост, ки сифати таълиму тарбия бењтар шуда, иштироки шогирдони ин муассиса дар озмуну олипиадањо афзоиш ёфтааст. Дарсњои омодагии дифои њарбї дар сањни муассиса гузаронида шуда, дар мањфилњои касбомўзї ќисмати зиёди хонандагони синфњои болої ба омўзиши дуредгарї ва њунарњои мардумї машѓул мебошанд. Мањсулоти модакардаи хонандагон гувоњи он буд, ки мањфилњо дар сатњи зарурї ба роњ монда шудаанд.
Мудири шуъбаи маориф зимни љамъбасти машварат ба омўзгорон бањри боз њам бењтар ба роњ мондани раванди таълиму тарбия ва истифодаи васеи аёният ва техникаи муосири таълимї маслињатњои муфид дод. Чунин чорабинињо дар дигар муассисањои таълимии ноњия низ гузаронида мешаванд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр