Нашрияи Омӯзгор

Натиҷаҳои ИМД қонеъкунанда нест

Сана: 2022-05-19        Дида шуд: 56        Шарҳ: 0

Ҳадафи асосии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ИМД) ба роҳ мондани қабули мутамарказу шаффоф ва одилонаи донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мониторингу таҳлилҳо, аз ҷумла, вобаста ба иштироки довталабон дар ИМД ва сатҳи комёбию дастовардҳояшон аз имтиҳонҳо барои муайян намудани сифати таълиму тадрис дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар асоси он андешидани чораҳои дахлдор бо мақсади беҳбудӣ бахшидани кор дар ин самт бесамар нахоҳад буд. Яъне, таъсири бозгаштӣ (feedback)-и натиҷаҳои ИМД низ ба зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омили беҳбудии сифати таълим дар муассисаҳо буда метавонад. Мо ин ҷо баъзе таҳлилҳоро аз иштироки довталабон дар ИМД-2021 дар муқоисаи дастовардҳои духтарон ва писарон тибқи натиҷаҳои ин имтиҳонҳо меоварем. Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2021 дар ду марҳала – асосӣва иловагӣ ба роҳ монда шуд. Шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар ҳар ду марҳалаи бақайдгирӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои иштирок дар ИМД-2021 номнависшуда 91531 нафарро ташкил дод. Ин шумора нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2020 ум 8867 нафар (8,83 %) ва нисбат ба соли 2019-ум 3243 нафар (3,42 %) кам аст. Яке аз сабабҳои кам шудани шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), бо эҳтимоли зиёд, кам будани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) дар соли 2021-ум нисбат ба соли 2020 ум аст. Ин тафовут 6314 нафар (5,10 %)-ро ташкил медиҳад. Шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2021-ум 117388 нафар ва дар соли 2020-ум 123702 нафар буд. Инчунин, бо эҳтимоли зиёд, сабаби дигари коҳиши шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) кушода шудани роҳҳо пас аз пандемияи COVID-19 ва пайдо шудани имкони рафтан ба хориҷи кишвар барои таҳсил аст. Зеро дар соли 2020-ум, бинобар хуруҷи пандемияи COVID-19, шаҳрвандони ҷумҳурӣ натавонистанд, ки барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии хориҷӣ аз ҷумҳурӣ берун раванд. Аз шумораи умумии довталабоне, ки соли 2021-ум дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣва миёнаи касбӣ номнавис шудаанд, 41046 нафарашон (44,84 %) духтарон ва 50485 нафарашон (55,16 %) писаронанд (ниг. ба расми 1). Ҳиссаи духтарони азқайдгузашта дар соли 2021-ум нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2020-ум 1,65 % зиёд ва нисбат ба соли 2019 ум 0,41 % кам аст.

Аз шумораи умумии довталабони азқайдгузаштаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣва миёнаи касбӣ соли 2021-ум дар имтиҳонҳо 81712 нафарашон иштирок карданд, ки ин аз шумораи умумии довталабон 89,27 % ро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи иштироки довталабони мазкур дар имтиҳонҳои соли 2021-ум нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи солҳои 2015-2020-ум пасттар аст. Аз ҷумла, нишондиҳандаи иштироки довталабони мазкур дар имтиҳонҳои соли 2021-ум нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум, ки дар муқоиса бо ҳамаи солҳои баргузории ИМД баландтарин мебошад, 5,69 % паст гардидааст.

Нишондиҳандаи иштироки довталабони мазкур дар имтиҳонҳои соли 2021-ум нисбатба ҳамин нишондиҳандаи солҳои 2019 - 2020-ум мувофиқан 1,24 % ва 2,14 % пасттар аст. Новобаста аз ин, нишондиҳандаи иштироки довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 6,25 % бештар аст.

Шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки соли 2021-ум холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), инчунин, аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) соҳиб гардида, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтанд, ҳамагӣ 75492 нафарро ташкил дод, ки ин ба 92,39 % и шумораи довталабони дар имтиҳонҳо иштироккарда (81712 нафар) баробар аст. Ин нишондиҳанда дар соли 2020-ум ба 86,84 %, соли 2019-ум ба 87,13 %, соли 2018-ум ба 79,26 % ва соли 2017-ум ба 76,19 % баробар буд. Нишондиҳандаи мазкур аз холҳои гузариши фаннии ҳар сол муқарраршаванда, ки гуногунанд, вобастагӣ дорад. Бахусус, бояд инро дар назар гирифт, ки холҳои гузариши фаннӣ аз баъзе субтестҳо дар соли 2021-ум пасттар гардид. Дар соли 2021-ум дар ҷумҳурӣ аз шумораи умумии духтарони дар имтиҳонҳо иштироккарда ҳамагӣ 35208 нафар (92,69 %)-ашон ва аз шумораи умумии писарони дар имтиҳонҳо иштироккарда 40284 нафар (92,13 %)-ашон аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), инчунин, қисми В (аз имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) соҳиб гардида, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд. Агар ҳиссаи умумии духтарони ба озмуни тақсимот роҳёфта дар ИМД-и солҳои 2016-2020 нисбат ба ҳиссаи умумии писарони ба озмуни тақсимот роҳёфта кам бошад, соли 2021-ум ҳолати баръаксро мушоҳида кардан мумкин аст. Яъне, дар ИМД - 2021 ҳиссаи умумии духтарони ба озмуни тақсимот роҳёфта нисбат ба ҳиссаи умумии писарони ба озмуни тақсимот роҳёфта каме (0,56 %) зиёдтар аст.

Мувофиқи натиҷаҳои 2 озмуни тақсимот соли 2021-ум аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ(синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии ба озмуни тақсимот роҳёфта ҳамагӣ 64937 нафарашон (бе кам кардани шумораи довталабони комёби барои номнависӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҳозирнашуда) сазовори номи донишҷӯй шуданд, ки ин ҳамагӣ 86,02 % ро аз шумораи умумии довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфта ташкил медиҳад ва он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи ИМД-и соли 2020-ум 1,44 % бештар аст. Бояд таъкид кард, ки зиёд гардидани ҳиссаи довталабони дар озмун комёбшуда дар соли 2021-ум нисбат ба соли 2020-ум маънои баланд будани натиҷаҳои бадастовардаи довталабонро надорад. Сабаби ҳолати мазкур аз нақшаи қабули донишҷӯён кам будани шумораи довталабони ба озмун роҳёфта, яъне паст будани озмун аз рӯйи қисми зиёди ихтисосҳо аст.

Аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) и ба озмуни тақсимот роҳёфта, тибқи натиҷаҳои 2 озмуни тақсимоти соли 2021-ум, ҳамагӣ 4873 нафарашон сазовори номи донишҷӯй шуданд, ки ин ҳамагӣ 78,13 % ро аз шумораи умумии довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфта ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба солҳои 2019-2020-ум мувофиқан 1,85 % ва 1,01 % бештар аст. Соли 2021-ум низ, чун дар солҳои 2019-2020-ум, ҳиссаи духтарони дар озмуни тақсимот комёбгардида аз ҳиссаи писарони дар озмуни тақсимот комёбгардида камтар аст ва фарқи ҳиссаи духтарони дар озмуни тақсимот комёбгардида аз ҳиссаи писарон 14,34 %-ро ташкил медиҳад. Чунонки аз таҳлили нишондиҳандаҳои комёбшавии духтарон ва писарони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи минтақаҳо бармеояд, ҳиссаи чунин духтарони дар озмуни тақсимот комёбгардида аз ҳиссаи писарони дар озмуни тақсимот комёбгардида камтар аст. Яъне, новобаста аз зинаи таҳсилот, нишондиҳандаи комёбшавии духтарон аз чунин нишондиҳандаи писарон пасттар аст.

Савзалӣ ҶАЪФАРЗОДА,

директори Маркази миллии

тестии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш