Нашрияи Омӯзгор

ТАБЛИҒГАРИ АҚОИДИ БЕГОНА

Сана: 2022-05-19        Дида шуд: 82        Шарҳ: 0

Њанўз солњои 70-80-уми асри ХХ дар миќёси Осиёи Марказї ва дигар манотиќи мусулмоннишини собиќ Иттифоќи Шўравї њаракату гурўњњои диние ба миён омаданд, ки тањти таъсири идеологияи исломи тундгаро фаъолияти пинњонкоронаи худро дар шакли “давра”-њо ба роњ монда буданд. Яке аз чунин гурўњњо, ки асосан дар ќисмати љанубии Тољикистон таъсис ёфта, дар ибтидо фаъолияти пинњонкоронаро ба роњ мондааст, Њизби нањзати исломии Тољикистон (минбаъд ташкилоти террористї-экстремистии њизбинањзати исломї - ТТЭ ЊНИ) мебошад. Нањзати исломї бо маќсади мубориза бар зидди идеологияи коммунистї, аниќтараш, аз байн бурдани давлатидунявї ва таъсис додани давлати исломї миёни пайравону њамаќидањояш идеологияи исломи сиёсиро тавассути адабиёти аз хориљ воридгардидаи бунёдгузорони њаракати экстремистии “Ихвон-ул-муслимин” (фаъолияташ мамнуъ дар Тољикистон) ташвиќу тарѓиб менамуд.

Роњбарон ва аъзои ТТЭ ЊНИ бо дарёфти дастгириву кумакњои моддиву маънавї аз љониби сарпарастони хориљии худ ва бо истифода аз дини Ислом тавонистанд дар миёни мардум мавќеъ пайдо намуда, њамагонро ба гирдињамоињо ва эътирозњо нисбат ба њукумати ваќти Тољикистон даъват намоянд. Пайомади чунин гирдињамоињои бемантиќ, ки аз наќшањои тарњрезинамудаи нањзатиён ва хољагони хориљиашон буд, боиси дар таърихи тољикон наќш гузоштани њодисаи “феврали хунин”-и соли 1990, љанги шањрвандии солњои 1992-1997 ва дигар њаводиси солњои ахир гардад. Бояд тазаккур дод, ки уламои нањзатї барои ба даст овардани маќому мансаб, бо маќсади дахолат кардан ба корњои давлатї ва фарогир намудани нуфузи худ дар љомеа, худро эњёгарони дини исломї муаррифї менамуданд. Њизби нањзат, ки аз оѓоз тањти таъсири баъзе кишварњои мусалмони Ховари Миёна ќарор дошт, бо муаррифии шиору навиштаљоти бегона борњо аз минбарњои масољиду гирдињамоињо аз вазъи сиёсии кишварњои мусулмонии ваќт суханронињо намуда, мардумро ба сарнагун кардани њукумати конститутсионии ваќт ва бунёди давлати исломї ба гирдињамої даъват менамуданд.

Дар муддати кўтоњ нањзати исломї бо дастгирии њамаљонибаи доирањои манфиатдори баъзе кишварњои манфиатхоњ аз як њаракати ислоњталаб ба як созмони динї табдил ёфта, имкони бар зидди нињодњои њукумати ваќт дар шакли Иттињоди мухолифини тољик муќовимат нишон доданро пайдо намуд.

Баъд аз шикаст додани неруњои Иттињоди мухолифини тољик дар соли 1993 саркардагону аъзои фаъоли нањзат ба Афѓонистон фирор намуда, тариќи кишвари њамсоя нисбат ба Тољикистон амалњои тахрибкоронаи худ, амалї намудани амалњои террористиро нисбат ба ашхоси зиёї, ходимони давлатї, кормандони маќомоти ќудратї ва дигарон идома медоданд.

Бояд зикр намуд, ки дар нимаи дуюми солњои 90-уми асри гузашта таблиѓоти густурдаи хурофотпарастии нањзатиён ва пайравони онњо боиси он гардид, ки ќишри осебпазири љомеа-љавонон барои гирифтани маълумоти динї ба кишварњои мусулмонї равона гардида, дар давоми тањсил ва ё пас аз он аз тарафи аъзои созмону гурўњњои ифротиву тундгаро ва дањшатфикан барои пешбурди фаъолияти тахрибкорї љалб карда мешуданд. Пас аз бозгашт ба ватан њамчун шахси таълими динигирифта, дар мансаби имоми масљид ва ѓайрањо ба фаъолият шуруъ намуда, барои амалї намудани фаъолияти тахрибї аќоиди ба љомеаи мо бегонаро миёни мардум ташвиќу тарѓибот менамуданд.

Нањзати исломї њамчун њизби баќайдгирифташуда дар маъракањои сиёсї, аз љумла, дар интихоботи парлумонї ва президентї иштирок намуда, ба натиљањои худро ќонеъкунанда ноил намегардид.  Масалан, пас аз нокомї дар интихоботи навбатии парлумонї, моњи марти соли 2015 роњбарияти ТТЭ ЊНИ тибќи наќшаи аз ќабл тарњрезишуда, ба хориља фирор мекунанд. Аъзо ва пайравони фаъоли ин ташкилоти террористї шаби 4-уми сентябри њамон сол бо маќсади вазъро дар Тољикистон ноором сохтан ва барои ворид гардидани њаракату гурўњњои террористии кишвари њамсоя имкон фароњам овардан, даст бо ошўби мусаллањона заданд. Хушбахтона, наќшаи тахрибии пешакї тарњрезинамудаи нањзатињо бо шарофати амалиёти низомии муштараки маќомоти ќудратии кишвар амалї нагардид.  Дар охири моњи сентябри соли 2015 њизби нањзат њамчун ташкилоти террористї эътироф гардида, фаъолияти он дар кишвар мамнуъ эълон гардид.

Бо ташаббуси саркардагону пайравони ТТЭ ЊНИ ва бо љалби њаракатњои мухолифини бурунмарзї тариќи кумаку дастгирии хољагони хориљї, созмони ба ном “Паймони миллї”-ро барои идома додани фаъолияти тахрибии худ таъсис доданд. Созмони навтаъсис ифодакунандаи афкори нањзатиён буда, сомонањои интернетии ба он хос тарѓибкунандагони идеологияи хусусияти террористї ва ифротгароидошта њамчун тањдид ба фазои иттилоотї ва амнияти кишвар мањсуб меёбад.

Яке аз чунин сомонаи интернетї бо номи “Ислоњ.нет” (фаъолияташ мамнуъ дар Тољикистон) аст, ки баръало фаъолияти пардапўшонаи тахрибии нањзатиёни ифротї дар он мушоњида мегардад. Муњаммадиќболи Садриддин баробари узви фаъоли ТЭТ ЊНИ буданаш, аз муассисони фаъол ва айни замон мудирияти сомонаи “Ислоњ.нет”-ро ба уњда дошта, маводи дар сомона љой медодашуда асосан тањти муаллифии вай интишор мегарданд. Номбурда фарзанди Ќаландари Садриддин, яке аз саркардагон ва аъ-зои фаъоли ТЭТ ЊНИ (Садриддинов Ќаландар) дар солњои ахири асри ХХ мебошад. Падари М.  Садриддин дар солњои љанги шањрвандї даст ба куштори вањшиёнаи мардуми бегуноњ, ходимони давлативу  фарњангї  ва кормандони  маќомоти  њифзи  њуќуќ задааст.

Дар сомонаи ифротии “Ислоњ.нет” М. Садриддин ва дигар роњбарону фаъолони нањзатиёни чоплус,  ки  аз  мубаллиѓони идеологияи  бегонапарастї, тафриќаандозї,  авомфиребї  ва исломгарої  ба  шумор  мераванд, аз пешравињову дастовардњои даврони соњибистиќлолии  Тољикистон озурдахотир гардида, бо  чоплусиву  бегонапарастї  ва  амали нољавонмардонаи худ камбудињои но-чизи кишварро мавриди тањќиру писханди љомеаи љањонї ќарор медињанд. Аз љумла, барои бадном кардани кормандони вазорату идорањои давлатї, кормандони боломаќоми маќомоти ќудратї, инчунин, ходимони илму фарњанги кишвар дар назди љомеа, маводи иттилооотии бедалелу бемантиќро дар сомонаи мазкур махсус расонаї намуда истодаанд.

Афроди солимаќли љомеаи кишвар шоњиди он аст, ки фаъолияти душма-нонаи ТТЭ ЊНИ имрўзњо асосан дар мисоли пешбурди љанги иттилоотї бо роњи таъсиси сомонањову дигар васоити ахбори дасисабоз ва чопи маќолањои иѓвоангез дар фазои иттилоотї мавриди ташвиќу тарѓиб ќарор дода шудааст. Баробари ин, намоиши филми њуљљатии  “Хиёнат”, ки  аз  чењраи  манфури  хиёнатпешаи саркардагону  аъзои  ТТЭ  ЊНИ  пардаро  бардошт  ва  љомеа  аз  амалњои нољавонмардона  ва  вањшатангези  он бархўрдор гардиданд, хеле ба маврид аст.

Итминон дорем, ки љомеаи имрўзаи кишвар, хусусан, љавонон аз кирдорњои хиёнаткоронаи нањзатиён комилан воќиф гардидаанд ва ба ин васила, њушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, дучори доми авомфиреби аъзою пайравони ин ташкилоти террористї  ва  ифротгаро нахоњанд гашт.

А. САЛИМОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш