Нашрияи Омӯзгор

ТАЪМИНИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ ҲАТМИСТ

Сана: 2022-05-19        Дида шуд: 58        Шарҳ: 0

Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ташаккули ќобилияти зењнї ва эљодии донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон дар шароити кунунї, низоми кредитии таълим аз муњимтарин омилњои тайёр кардани мутахассисони варзида ва раќобатпазир дар бозори љањонии мењнат эътироф шудааст. Зиёда аз дањ сол аст, ки ин низом дар муассисањои тањсилоти олии касбии Тољикистон љорї мебошад ва он шакли асосии таълим ба њисоб меравад.

Яке аз омилњои нишондињандаи фаъолияти таълимии донишљўёну омўзгорони муассисањои тањсилоти олии касбї нишондоди сессияи санљишию имтињонї ба шумор меравад. Болоравии сифати таълим ва муайян намудани сатњи азхудкунии наќша ва барномањои таълимї аз љониби донишљўён дар шароити низоми кредитии таълим бештар аз мазмун ва сифати супоришњои омўзгор, мавзуъњои корњои мустаќилонаи донишљў ва саволномањое, ки барои санљишњои фосилавї ва имтињонњои љамъбастї тањия мешаванд, вобастагии амиќ дорад. Зеро донишљў дар заминаи супоришњои омўзгор, пеш аз њама, рў ба мавзуъњои дарсї, дастурњои таълимию методї ва китобњои дарсї меоварад.

Низоми кредитии таълим дар масъалаи муайян намудани сатњи сифати воќеии азхудкунї ва бањои њаќќонї додан ба донишу малакаи донишљўён имкониятњои бењтареро доро мебошад. Ин низом донишљў ва њам омўзгорро водор месозад, ки дар тамоми давраи тањсил фаъол бошанд.

Масалан, низоми холдињї-рейтингї - низоми марњила ба марњила дар рафти машѓулиятњои таълимї аз иљрои кори мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор, кори мустаќилонаи донишљў ва имтињонњои фосилавї (рейтингї якум ва дуюм) мунтазам љамъ овардани холњои зарурї аз тарафи донишљў мебошад ва дар ин асос ба имтињони љамъбастї иљозат дода мешавад. Яке аз бартарии низом дар њамин аст, ки донишљў дар давраи тањсил ба азхудкунии барномаи таълимї ва тайёр намудани супоришњои омўзгор диќќати љиддї дода, ба имтињони љамъбастї ё нињої омодагї мегирад.

Аз санљишњои Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва суњбату вохўрињо бо омўзгорону донишљўён њангоми машѓулиятњои таълимї ва ќабули имтињонњо маълум мешавад, ки супоришњои дар самти кори мустаќилона додаи омўзгор (тест, реферат, маљмуи вазифањои хонагї, эссе, корњои эљодї ва ѓайра) аз тарафи донишљў сари ваќт пешнињод ва иљро намешаванд. Мањз њамин омил боис мегардад, ки дар имтињони љамъбастї баъзан мушкилињо пеш меоянд ва сабаби норозигии омўзгорон низ мегарданд.

Айни замон аксари муассисањои тањсилоти олии касбї новобаста ба имкониятњо раванди баргузории сессияи санљишию имтињониро тавассути барномаи компютерї (дар назди монитор) ба роњ мондаанд. Мувофиќи талаботи низоми кредитии таълим имтињони љамъбастї њамчун шакли нињоии назорат аз рўи дараљаи азхудкунии барномањои таълимии фанњо аз љониби донишљўён муайян карда мешавад. Муассисаи таълимї бояд ба хотири муайян кардани фаъолияти таълимї ва рейтинги омўзгор дар асоси пешнињоди кафедра љињати ќабули имтињонњои фанњои таълимї дар шаклњои шифоњї, хаттї, тестї, эљодї ва омехтаро ба инобат гирифта, љараёни баргузории имтињонњоро зери назорат ќарор дињад ва натиљагирї намояд. Аз тањлили сессияњои имтињонї бармеояд, ки ќисме аз донишљўён дар даври фаъоли сессияи имтињонї ќарздор мемонанд. Сабаби ќарздории донишљўён (асосан донишљўёни курси якум), аз як љињат, аз дуруст идора карда  натавонистани барномаи компютерї бошад, аз љињати  дигар  дар  як  ваќт ќабул намудани имтињонњо дар њама синфхонањои ќомпютерї мебошад, ки барномаи компютерии ќабули имтињонњо бардошт накарда, фаъолияташ имконнопазир мегардад. Барномаи мазкур на њамаи ишорањои шартии  саволномањои гурўњи фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї (астрономия, математика, химия, физика, информатика,  кибернетика,  геометрия, барномасозї ва ѓайра)-ро хонда метавонад. Ѓайр аз ин, ќабули имтињонњои љамъбастї дар аксари муассисањои таълимї бе иштироки омўзгор аз тариќи барномаи компютер ба роњ монда шудааст, ки ин амал бетаваљљуњии  омўзгорону донишљўёнро нисбат ба якдигар ба миён овардааст. Чунин амал ба сифати иљрои талаботи барномаи таълимї таъсир мерасонад. Тањлилњо нишон медињанд, ки истифодаи ин усул ба сифати ќабули имтињонњо ва љињати таъмини сифати тањсилот мусоидат накарда, зарурати ташкили сессияи иловагиро ба миён  меоварад. Њамчунин, љараёни  бартараф кардани ќарзњои академї аз љониби  донишљўён  ва  ташкили  машѓулиятњои  таълимии инфиродї ва гурўњї тўл кашида, талаботи низом риоя намешавад, ки ин боиси халалдор гардидани раванди таълим мебошад.

Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо дарназардошти муњимияти  масъалаи  мавриди таваљљуњ ва имконияти тањким  бахшидани иќтидори техника ва технологияи иттилоотї ва дар доираи имконияти марказњои тестии муассисањои таълимї ќабул намудани имтињонњои љамъбастї ва муайян намудани мавќеи омўзгор дар раванди азхудкунии барномаи таълимї, ќабули имтињон, назорати доимї ба фаъолияти таълимии онњо ва риояи талаботи низомномаи низоми кредитии таълим, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони арзандаро зери таваљљуњ ќарор додааст. Аз њамаи алоќамандони  таълиму тарбия,  муассисањои  таълимї, инчунин, вазорату идорањое, ки дар  сохторашон  муассисањои таълимї  доранд, даъват мешавад, ки дар татбиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон  аз  31 январи соли 2020,  №1445 Дар бораи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї,  даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф» (солњои 2020-2040) њамкории зич дошта бошанд.

Раёсати тањсилоти олии касбї ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм бо маќсади иљрои банди 10, ќарори њайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон  «Оид  ба љамъбасти  фаъолияти  Вазорати  маориф  ва  илми  Љумњурии Тољикистон дар се моњи аввали соли 2022 ва вазифањо то охири сол»  ва  назорати  иљрои  банди 79,  Низомномаи низоми  кредитии тањсилот  дар  муассисањои тањсилоти  олии  касбии Љумњурии  Тољикистон  (ќарори мушовараи Вазорати маориф ва илми  Љумњурии  Тољикистон  аз 30  декабри  соли  2016,  №19/24) аз  муассисањои тањсилоти  олии касбї таъмини  иљрои талаботи банди  мазкурро  талаб  намуда истодааст.

Бояд  хотирнишон  сохт, ки  Вазорати  маориф  ва  илми Љумњурии  Тољикистон  маќоми ваколатдор  дар  амалї  намудани  сиёсати  давлатї  дар  соњаи маориф  ба  њисоб  меравад. Мутобиќи  моддаи  33  Ќонуни Љумњурии  Тољикистон  «Дар бораи  маориф»  тасдиќ  кардани тартиб ва тарзи ќабули санљишу  имтињонњои  љорї дар муассисањои таълимї яке аз ваколатњои маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи маориф мебошад. Вазорат бо маќсади гузаронидани мониторинг ва ба танзим даровардани раванди таълим,  муайян  намудани роњу усулњои нави муосири таълим, љорї намудани шаклњои гуногуни ќабули  санљишу  имтињонњо гурўњи фанњои техникї, технологї, табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар  шаклњои гуногун  шифоњї,  хаттї  60% ва гурўњи фанњои  гуманитарї иќтисодию  иљтимої  дар  шакли тестї  40%  ќабул  намудани имтињони  љамъбастиро  дар шуъбаи рўзона пешнињод намудааст.

Мутобиќи банди 82 Низомномаи намунавии муассисаи таълимии тањсилоти олии касбии Љумњурии  Тољикистон, ки  бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон  аз 21 июни соли 2018, №306 тасдиќ  гардидааст,  муассисаи тањсилоти олии касбї дар интихоби низоми бањогузорї, шаклу тартиби гузаронидани машѓулиятњо мустаќил буда, супоридани санљишу  имтињонњои љориро мутобиќи тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи маориф ба роњ мемонад.

Вазорати  маориф  ва  илми Љумњурии  Тољикистон  бо маќсади тањкими бахшидани низоми  таълим  ва  фањмондадињї бо  масъулини  муассисањои тањсилоти  олии  касбї  љаласаи корї  бо  љалби  коршиносон доир намуд. Минбаъд низ дар ин самт ташкил ва баргузор намудани чунин љаласањо ва семинару конфронсњо миёни коршинорсон ва омўзгорону донишљўён аз манфиат холї нест. Таъмини тањсилоти  босифат  дар  шароити  муосир  аз масъалањои  муњим  ба  њисоб рафта,  Њукумати  Љумњурии Тољикистон  рушди  маорифи ватанї ва ворид гардидан  ба фазои  тањсилоти  байналмилалиро аз њадафњои муњимтаринва самти афзалиятноки сиёсати иљтимоии  давлат  ќарор  додааст.

Раёсати тањсилоти олии касбї ва

баъдидипломии Вазорати маориф ва илми

Љумњурии Тољикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш