Нашрияи Омӯзгор

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2022-05-19        Дида шуд: 50        Шарҳ: 0

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:

-  муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой (категорияи 2), маоши мансабӣ 2256,80 сомонӣ;

- мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ.

Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:

-  мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ;

Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:

- сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – 1 ҷой (категорияи 1), маоши мансабӣ - 2746 сомонӣ;

Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:

- муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак - 1 ҷой (категорияи 2), маоши мансабӣ 2256,80 сомонӣ;

Раёсати илм ва инноватсия:

- мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ;

Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм:

- мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ.

Шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ:

- сардори шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ - 1 ҷой (категорияи 3), маоши мансабӣ – 2056,20 сомонӣ.

Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм:

-  сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм 1 ҷой (категорияи 3), маоши мансабӣ 2056,20 сомонӣ.

Шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ:

-  сармутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1380 сомонӣ;

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ:

- сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ - 1380 сомонӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ - 1124,70 сомонӣ.

Шуъбаи сифати таҳсилот:

- сардори шуъбаи сифати таҳсилот - 1 ҷой (категорияи 3), маоши мансабӣ – 2056,20 сомонӣ.

Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:

-  мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ – 1124,70 сомонӣ;

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.

Талабот ба довталабон

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар

замимаи 1 пешбинигардида;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–  малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

–  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:

–  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

4.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:

–  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категори-яи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–  малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

–  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

5.Талаботи тахассусӣ барои мансаби муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–  малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

6.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия:

–  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ, техникӣ ё табиӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

7.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои  мансаби  мазкури  маъмурии  хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

8.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ:

– таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ, ки иҷрои самарано-ки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–  малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

9.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм:

– таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–  малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

10.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ:

– таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–  малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

11.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–  малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

12.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

13.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи сифати таҳсилот:

–  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

–  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

–  малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

–  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

14.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси филологӣ, ҳуқуқшиносӣ ва ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш