Нашрияи Омӯзгор

Ватандўстӣ ва кўдакон

Сана: 2022-05-19        Дида шуд: 47        Шарҳ: 0

Тарбияи ватандўстї дар оила аз ѓамхорї, мењрубонї ва дилсўзии волидону аъзои оила нисбат ба хурдсолон сарчашма мегирад. Мафњуми оила барои кўдак њамрадифи падару модар, бародару хоњар, бобою бибї ва дигар хешу таборон, ки ба ў мењрубонї мекунанд, мебошад.

Анъанањои оилавї, суњбатњо оид ба мавзуъњои љолиб, якљоя хондани китобњо, тамошои суратњои манзаравї, шунидани наќлњои аљоиби калонсолон, ба тамошо ва сайругашт баромада, љашн гирифтани идњои маросимї - таќвимї барои ташаккули эњсосї ватандўстї мусоидат менамоянд. Ин анъанањо аз насл ба насл мегузарад, такмилу таѓйир меёбад ва дар тарбияи насли наврас такони љиддї мебахшад.

Фарзанд меваи умри инсон мебошад, ки дорои њуќуќњои вижа буда, нисбат ба худ таваљљуњи зиёдеро талаб менамояд. Яке аз вазифањои оила ва муассисањои томактабї, инкишофи ќобилиятњои равонию зењнии тифлакон ва ба мактаб омода намудани онњо мебошад. Сарвари мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар яке аз мулоќотњои худ бо ањли зиё, дар арафаи ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин изњори андеша карда буданд: «Њар як шахсе, ки миллати худ ватани худро дўст медорад ва эњтиром менамояд, бояд ба ќадри ин арзишњо расад ва дар масъалаи муњимтарини зиндагї – таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошад. Онњоро дар рўњияи баланди худшиносию худогоњии миллї, ватандўстї, ватанпарварї ва ифтихор аз ватану ватандорї тарбия намояд ва ба илму касбомўзиашон бештар диќќат дода, онњоро дар ин рўњия ташвиќ намояд».

Волидонро зарур аст, ки, пеш аз њама, забон, таърих ва анъанањои ѓании ниёгонамонро хуб донанд ва фарзандони хешро дар чунин рўњия тарбият карда тавонанд. Роњу усулњои тарбия гуногунанд.  Онњо аз синну сол, хусусиятњои инфиродии кўдак ва њолатњои мушаххас вобаста мебошанд. Дар раванди тарбия намудани њисси ватандўстї, шавќу њаваси кўдаконро нисбат ба њодиса ва рўйдодњои љамъиятї зиёд намудан зарур аст. Масалан: шинос намудани кўдакон бо муњити зист, диёр, дења, кўчабоѓњо шањр ва таърихи он мувофиќи маќсад аст. Вазифањои асосии тарбияи эњсоси ватандўстиро барои кўдакони синни томактабї аз нигоњи мо ба таври зайл аст:

-  Парвариш намудани эњсоси дўст доштани табиат, мероси фарњангии миллати худ.

-  Тарбия намудани муњаббату эњтиром нисбат ба халќу миллати хеш, донистани хусусиятњои миллї, ифтихор аз дирўзу имрўз ва фардои ватан.

-Ташаккули тањаммулпазирї нисбат ба њамсолон.

Фарзандони миллатњои дигар, ки якљо дар кўдакистон, њамсоягї, дењаю шањр зиндагї менамоянд.

Пешрафти љомеа ва фаъолияти таълиму тарбияи муассисањои томактабї барои тарбияи ватандўстї риоя кардан чунин ѓояњоро талаб менамояд.

•  Тарѓиб ва тарбияи ватандўстї, дар симои кўдак шахсияти алоњидаро дидани калонсолон.

•  Њангоми шарњ додани њодисаю воќеањои таърихї фањмонидани замони ба вуќўъ омадани онњо ба кўдак.

•  Муносибати озод бо кўдак, ки то ў тавонад фикру андешањояшро озодона иброз намояд.

•  Њамкории оила ба муассисањои томактабї ва таълимї.

Хулоса, муњимтарин воситаи тарбияи ватандўстї дар машѓулиятњои хештаншиносї, инкишофи нутќ, адабиёти бадеї, шиносої бо муњити зист, мусиќї, тарбияи љисмонї, санъати тасвирї, сайру гашт ба љойњои таърихии шањр, бозињое, ки дар он хусусиятњои бењтарини забони модарї, одату анъанањои миллї, маросиму љашнворањои халќиву умумибашарї ифода мегарданд, барои бењдоштаи кори тарбияи ватандўстї ва хештаншиносї мадад мерасонад.

Гулноза БЕГМАТОВА,

мураббияи кўдакистони

№2-и шањри Кўлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш