Ба истиќболи 35 – солагии Истиќлоли љумњурї китоби мактабшиноси маъруф, академики АТТ Муњаммад Лутфуллозода тањти унвони “Тољикон” ва тарбияи ватандўстї” аз чоп баромад. Устоди соњибфазилат дар китоби нави худ сањифањои заррини таърихи пурифтихори халќи тољикро вараќ зада, андешањои хешро дар њошияи асари безаволи олими сатњи љањонї, муаррихи барљаста, академик Бобољон Ѓафуров – “Тољикон” бо овардани мисолњои ибратомўз аз ќањрамонони шуљою ватандўсти тољик бо забони содаву фањмо самимона баён кардааст. Дар пешгуфтори китоб оид ба моњият ва рисолати таърихии китоби “Тољикон” ва хидматњои безаволи Бобољон Ѓафуров муаллиф зикр намудааст:
“Шоњасари академик Бобољон Ѓафуров – “Тољикон” дар баробари ганљи беохир будан “шиносномаи миллати мо буда, дар ташаккули худшиносии миллї ва рушди тафаккури таърихии тољикон хизмати шоиста кардааст. Итминони комил дорам, ки китоби мазкур солњои баъдї низ рисолати худро иљро карда, ба боловарии њисси ватандўстии наслњои ояндаи кишвар мусоидат менамояд”.
Китоби академик М.Лутфуллозода дар тарбияи ватандўстии насли наврас хидмати арзанда хањад кард.
Шодї РАЉАБЗОД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр