Нашрияи Омӯзгор

ПАЖУҲИШЕ ОИД БА НАХУСТНОЗИРИ МАОРИФ

Сана: 2022-05-19        Дида шуд: 217        Шарҳ: 0

Омӯзиши таъриху фарҳанг, илму маориф ва матбуоти тоҷик заминаи асосии шинохти бештар доир ба ҳувият, худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таъриху фарҳанг ва илму маорифи кишвар имкони васеъ фароҳам омад ва дар ин ҷода корҳои судманде ба анҷом расонида шуданд. Нақши шахсиятҳо дар рушди давлатдорӣ, илму маориф, фарҳанг ва матбуоти тоҷик дар ҳама давру замон таъсиргузор аст.

Ҳамин аст, ки доир ба корномаву фаъолияти чеҳраҳои барҷаста, ба мисли устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон асарҳои зиёди илмиву оммавӣ таълиф гардиданд. Осори мазкур на танҳо ба шинохти абармардони миллат, балки ба муайян кардани саҳифаҳои норӯшани таъриху фарҳангу адаби кишвар мусоидат мекунанд. Дар арсаи маорифу илм ва матбуоти тоҷик баргузидаҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти пурсамар ва фарогир дар рушду такомули ин соҳаҳо саҳми бориз гузоштаанд. Ба андешаи инҷониб, фаъолият ва зиндагии ибратомӯзи онҳо барои аҳли ҷомеа муҳиму судманд мебошад.  Аввалин профессори тоҷик, нахустин нозири маорифи Тоҷикистон ва яке аз созмондиҳандагони матбуоти тоҷик Аббос Алиев аз ин сифат бархӯрдор буда, дар рушду инкишофи маорифу илм ва матбуоту фарҳанги тоҷик хидматҳои барҷаста анҷом додааст. Дар мавриди ин донишманди тоҷик ва хидмату фаъолияти доманадораш устод Абулқосим Лоҳутӣ мегӯяд, ки чун аввали декабри соли 1924 ба Тошканд омад ва ӯро дар Бюрои ташкилии Тоҷикистони Мухтор пазируфтанд, ба хушӣ фаҳмид, ки ба шуъбаи таблиғоти Ҳукумати Тоҷикистон, воқеан ҳам, инсони донишманд, фарҳангӣ ва ватанпараст роҳбарӣ мекунад. Ва ин шахс Аббос Алиев буд.  Устод Лоҳутӣ ба ҳайси муовини ӯ таъйин мешавад.

Аз ҳамин порча метавон таъйид кард, ки Аббос Алиев ҳамчун шахси донишманд, худогоҳу ватандӯсту ватанпараст дар тараққии фарҳангу маорифи тоҷик хидмати арзанда кардааст ва дар доираи илму адаб ва ҳаёти сиёсию иҷтимоии вақт аз обрӯю эътибори хоссае бархурдор будааст. Ҳамин аст, ки донистани фаъолият ва хидматҳои ин шахсияти фарҳехта муҳим мебошад, зеро фаъолияту ибтикороти ӯ ба асос гузоштани маорифу матбуоти тоҷик ҳамоҳанг мебошад. Китоби нави донишманди тоҷик, номзади илми филология, сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Шодӣ Шокирзода «Нахустин нозири маорифи Тоҷикистон» аз ҳамин нигоҳ навишта шуда, тамоми паҳлуҳои фаъолият ва корномаи Аббос Алиевро ба таври возеҳ инъикос кардааст.  Китоб аз муқаддима, чор бобу 11 фасл, рӯйхати адабиёт ва замима таркиб ёфтааст.

Боби якуми асар «Зиндагинома ва корномаи Аббос Алиев» унвон дошта, ба фаслҳои «Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Аббос Алиев», «Ҷавонтарин нозир (вазир)-и маориф» ва «Аббос Алиев – яке аз поягузорони матбуоти миллӣ» ихтисос дода шудааст. Дар ин боб муаллиф кӯшидааст, ки зиндагиномаи ин шахсиятро зина ба зина барои хонанда равшан намояд. Бояд гуфт, ки то ин дам доир ба зиндагиномаи Аббос Алиев донишмандони тоҷик М.  Шакурӣ, Ш.  Саъдиев, Н. Зарипов, М.  Шерғозиев, М. Муродӣ, Ф.  Умарбек китобу мақолаҳои алоҳида таълиф намудаанд. Муаллиф дар заминаи ин навиштаҳо ва бо такя ба асноду ҳуҷҷатҳои муътамад корномаи Аббос Алиевро барои хонанда дар давраҳои гуногуни фаъолияташ таҳлилу баррасӣ кардааст. Муҳаққиқ менависад: «Аббос Алиев дар моҳи ноябри соли 1924 нозири маорифи ҶМШС Тоҷикистон таъйин шуд ва дар ин вазифа то охири соли 1926 кор кард. Солҳои 1927-1930 дар Институти шарқшиносии Москва таҳсил намуда, аз моҳи феврали соли 1930 ба ҳайси асистенти кафедраи ленинизми Институти пахтакориву обёрӣ ва педагогии Осиёи Миёна (СА-ХИПИ) кор мекард ва аз фанни ҷомеашиносӣ дарс мегуфт. Аз соли 1931 то охири умр дар мактабҳои олии Шуравӣ (Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Осетия, Қирғизистон, Украина, Қазоқистон) фаъолият намуд. Аз соли 1930 ба пажуҳиши илмӣ пардохт ва дар солҳои охири умраш дар Донишгоҳи ба номи Кирови Қазоқистон кор мекард. Соли 1957 шурои илмии ин донишгоҳ панҷоҳсолагии зодрӯз ва 25-солагии фаъолияти илмиву омӯзгории мудири кафедраи таърихи умумӣ, доктори илми таърих, профессор Аббос Алиевро қайд намуд…».

Бояд гуфт, ки соли 1932 ба Аббос Алиев унвони профессор дода шуд ва соли 1946 дараҷаи илмии доктор илми таърихро ба даст оварда, 16 январи соли 1958 дар шаҳри Алма-Ато аз олам чашм пӯшид.

Мавриди таъкид аст, ки муаллиф дар ҳамин фасл ба таври мухтасар, вале бо арқому далели воқеӣ зиндагиномаи ин арбоби сиёсиро барои хонанда бармало намуда, дар заминаи омӯзиши васеъ сухану далелҳои навро барои хонанда пешниҳод кардааст.

Дар идома муҳаққиқ хидматҳои Аббос Алиевро ҳамчун аввалин нозири маорифи Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ ва андешаҳояшро тавъам бо далелу арқом ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ баён мекунад: «Моҳи декабри соли 1924 аз Ӯзбекистон 36 нафар кормандони маориф бо роҳбарии Аббос Алиев ба Душанбе фиристода шуданд, то дар ташкил ва роҳандозӣ намудани низоми маориф, инчунин, тайёр намудани мутахассисони баландсавия дар Тоҷикистон ёрии амалии худро расонанд. Дар таърихи 14-уми декабри соли 1924 бо қарори Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Аббос Алиеви биступанҷсола нозири Нозироти халқии маориф, Муҳаммадҷон Ҳасанӣ муовини нозир ва Абулқосим Лоҳутӣ раҳбари Шурои илмии давлатӣ (илмӣ –методӣ) таъйин шуданд. Дар навбати аввал самтҳои асосии рушди низоми маорифи халқ дар Тоҷикистон муайян гардида, тарбияи иҷтимоӣ, касбӣ ва сиёсию маърифатӣ дар авлавият қарор дода шуд».

Бояд гуфт, ки Аббос Алиев ҳангоми фаъолият дар вазифаи нозири маориф (солҳои 1924-1926) дар Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон дар таъсиси аввалин мактабҳои Шуравӣ, тарбияи муаллимон, ба вуҷуд овардин низоми нави таҳсилот ва саводноку бомаърифат гардонидани тамоми аҳли ҷомеа хидматҳои шоистаро ба анҷом расонид. Дар ин фасл хизматҳои Аббос Алиев зина ба зина рақамзанӣ шудааст, ки саҳифаҳои навро барои хонандаи тоҷик равшан менамояд. Муҳаққиқ таъкид мекунад, ки 14 декабри соли 1924 – Нозироти маорифи Тоҷикистон таъсис дода шуда, 11 феврали соли 1925 ба Душанбе кӯчонида шуд, вале амалан 5 март оғози фаъолияти Нозироти маориф мебошад, ки ба гумони инҷониб, ҳамасола таҷлили ин рӯз ҳамчун рӯзи таъсиси маориф ва ёди шахсиятҳое, ки дар рушди маориф хизмат кардаанд, манфиатбор хоҳад буд.

Паҳлуи дигари фаъолияти Аббос Алиев таъсиси матбуот ба забони тоҷикӣ мебошад. Дар китоб ин самти фаъолияти Аббос Алиев низ хеле дақиқу равшан бозгӯйӣ шудааст. Ба таъкиди муҳаққиқ, «Аббос Алиев ҳанӯз аз ибтидои соли 1920 дар кори матбуот фаъолона иштирок намуда, таҷрибаи кофии рӯзноманигорӣ дошт. Ӯ муддате дар нашрияи «Известия»-и Кумитаи иҷроияи Марказии Бухоро фаъолият намуда, ҳамчунин, яке аз аввалин муҳаррирони «Озод Бухоро» буд».

Мо хуб медонем, ки баъди таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки 15 марти соли 1925 дар шаҳри Душанбе ташкили ҶМШС Тоҷикистон расман эълон ва дар ин замина рӯзномае созмон дода шавад, ки бевосита ин санаи фархундаро бозтоб намояд. Ҳамин хел ҳам шуд, яъне аввалин рӯзнома ба номи «Иди тоҷик» («Ҷумҳурият»-и имрӯза) таъсис ёфт ва аввалин муҳаррири он Аббос Алиев таъйин гардид. Ин далолат аз он мекунад, ки дар баробари нозири маориф будан Аббос Алиев ҳамчун рӯзноманигор ва огоҳманд аз кори матбуот шинохта шудааст. Дар ин замина минбаъд низ Аббос Алиев корҳои шоистаи таҳсинро ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, моҳи январи соли 1926 дар Назорати маорифи Тоҷикистон тасмим гирифта ме-шавад, ки маҷаллае таъсис дода шавад, ки бевосита дар инъикоси масъалаҳои мактабу маориф ва илму адаб саҳм дошта бошад. 5 марти соли 1926 шумораи якуми маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» ба табъ мерасад, ки муҳаррири нахустини он низ Аббос Алиев аст.

Дар боби дуюми асар – «Муруре ба осори Аббос Алиев» муаллиф Аббос Алиевро ҳамчун муҳаққиқ ва донишманди тоҷик ба хонанда муаррифӣ мекунад. Маълум мегардад, ки Аббос Алиев дар баробари иҷрои вазифаҳои гуногуни давлатӣ ба ҳайси донишманди пуркору сермаҳсул муаллифи 29 асари илмист, ки муҳтавои онҳоро масъалаҳои гуногуни таърих, адабиёт ва забони тоҷикӣ ташкил медиҳанд.  Ба таъкиди Ш. Шокирзода, «мутаассифона, аз китобҳои сершумори чопшудаи Аббос Алиев дар китобхонаҳои кишвар танҳо як нусха китоби илмӣ-оммавии «Октябри Кабир ва бедории шуури инқилобии халқҳои Бухоро» дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавҷуд асту халос» ва зимни таҳлил ба ин натиҷа мерасад, ки шояд аксари асарҳои Аббос Алиев (то зиндонӣ шуданаш) дар солҳои таъқиботи  сталинӣ  маҳв  шуда бошанд,  ё  нусхаи  таълифоти  ӯ дар  китобхонаву бойгониҳои давлатҳои Русия, Ӯзбекистон, Эрон, Озарбойҷон ва кишварҳои дигар мавҷуд бошанд. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷаи аҳли илму адаб, махсусан, муаррихон дарёфти нусхаи ин китобҳо ва онҳоро дар хидмати аҳли ҷомеа қарор додан мебошад.

Ҳамин тариқ, муаллиф, рисолаи «Октябри Кабир ва бедории шуури инқилобии халқҳои Бухоро»-ро маврид таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҳар фаслу боби онро тавзеҳ бахшидааст. Дар баробари ин, дар қисмати дигар муҳтавою ғояи мақолоти ӯро шарҳ додааст.  Аз ҷумла, яке аз мақолаҳои ӯ «Масъалаи миллӣ дар Бухоро ва атрофи он» ба ҳифзи забони тоҷикӣ ва тақсимоти ҳудудию марзи тоҷикон бахшида шудааст ва аз беҳтарин навиштаҳо дар солҳои бистуми асри XX маҳсуб меёбад. Дар мақола Аббос Алиев ҳамчун муаррих ва донишманди тоҷик барои дифои миллати тоҷик руҷӯъ ба решаҳои таърихии забони тоҷикӣ мекунад ва макони аслии ориёиҳоро Осиёи Миёна меҳисобад ва мавҷудияти ин миллатро бо овардани арқому далел ва бо такя ба осори муътамад нишон медиҳад. Инчунин, мавқеи забони тоҷикиро дар дарозои таърих ба сифати забони давлатдорӣ мушаххас мекунад. Бояд гуфт, ки мақолаи мазкур бо таҳлилу таҳқиқи фарогир дар замони пуртазоди муборизаҳои сисёсиву идеологӣ хидмати босазо кардааст ва муаллиф тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забону таъриху фарҳанги ғанӣ ба оламиён муаррифӣ бинмудааст.

Дар бахши дигари китоб, ки «Дар паҳнои мубоҳисаҳо» унвон дорад, муаллиф ба масоили «Аббос Алиев ва масъалаи табдили алифбои арабиасос ба хати лотинӣ», «Аббос Алиев ва Рӯзи Рӯдакӣ, дар саргаҳи худшиносии миллӣ» ва «Чаро Аббоси Алиев зиндонӣ шуд?» посух меҷӯяд.

Нуктаи дигари ҷолиб дар ин бахш бозгӯйи хидмати Аббос Алиев ҳамчун ташаббускор аз таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ мебошад, яъне шахсияти ӯ дар муаррифии чеҳраҳои фарҳангӣ ва илму адаби тоҷик бузургу мондагор аст. Дар адабиётшиносии навини тоҷик аввалин мақолаи илмӣ доир ба қофиласолори адабиёти форсу тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мақолаи донишманди тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ бо номи «Шоири бузурги нахустини тоҷикон, устод Абулҳасани Рӯдакӣ» маҳсуб меёбад, ки дар ду шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ба нашр расидааст. Дар ин навишта муаллиф аз хидматҳои устод Рӯдакӣ ёдоварӣ карда, ба нозироти маорифи ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд, ки бояд ҳазорсолаи устод Рӯдакӣ таҷлил гардад. Ин нуктаро адабиётшиноси дигари тоҷик Ҳамид Бақозода низ тақвият бахшида, ҳамсола таҷлил намудани Рӯзи Рӯдакиро пешниҳод мекунад.

Пешниҳоди донишмандони тоҷик аз ҷониби Аббос Алиев ҳамчун нозири маорифи Тоҷикистон ба хушнудӣ пазируфта мешавад. Муаллиф дар ин маврид менависад: «Дар арафаи Наврӯзи соли 1926 ҳайати мушовараи Нозироти маорифи ҶМШС Тоҷикистон рӯзҳои 2-3 –юми иди Наврӯз - Соли навро Рӯзи Рӯдакӣ таъйин кард». Дар замони соҳибистиқлолии кишвар гиромидошти адибону мутафаккирони тоҷик дар сатҳи шоиста аст, аз ҷумла, ҳамасола 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Масъалаи худшиносии миллиро дар фаъолият ва навиштаҳои Аббос Алиев ба таври равшан метавон мушоҳида кард.  Ӯ дар қатори ходимони сиёсию давлатӣ Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдулқодир Муҳиддинов, Нисор Муҳаммад, Чинор Имомов ҳомии манфиатҳои миллӣ дар тараққии давлати тоҷикон ба ҳайси Ҷумҳурии Мухтор ва сипас, ҶШС Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ хидмати босазо кардааст.

Муҳаққиқ доир ба зиндонӣ шудани Аббос Алиев далелҳои ҷолибе овардааст. Омӯзиши он метавонад хонандаро ба ин хулоса биорад, ки маҳз баҳс атрофи масъалаҳои миллӣ бо раиси Шурои нозирони ҶШС Ӯзбекистон Файзулло Хоҷаев, ки ба таҳқиру тундгӯиҳо анҷом ёфтааст, сабаби ҳабси ӯ мешавад.

Муаррих Шуҳрат Саъдиев дар асоси маводи бойгонӣ сабаби зиндонӣ шудани Аббос Алиевро аз забони худаш меорад: «Дар Ӯзбекистон ман боз ба «абарқудратон рӯ ба рӯ шудам… Сабаби ба ҳабс гирифта шуданам навиштани асаре буд, ки дар он ман ғалату камбудиҳои китоби раиси Шурои нозирони ҶШС Ӯзбекистон Файзулло Хоҷаевро, ки ба инқилоби Бухоро бахшида буд, фошу танқид карда будам».

Инчунин, муаллиф бо такя ба навиштаҳои академик М. Шакурӣ сабаби аз қатл раҳоиӣ ёфтани Аббос Алиевро ин тавр зикр мекунад: «Соли 1936, замоне ки Аббос Алиев зиндонӣ шуд ва пас аз чанд муддат ҳукми қатлаш содир шуд, хоҳари ӯ ба назди ҳамсари устод Лоҳутӣ – Ситсилия Бону рафта, арзи ҳол кард. Маҳз Абулқосим Лоҳутӣ буд, ки дар Маскав ба идораҳои болоӣ муроҷиат кард ва бо ҷаҳду талоши бисёр тавонист ҳукми қатлро ба панҷ соли табъид иваз намояд».

Робитаву муносибати Аббос Алиев бо аҳли адаби тоҷик низ шоистаи ибрат аст.  Оид ба фаъолияти илмиву омӯзгориии Аббос Алиев низ дар китоб фаслҳои алоҳида бахшида шудааст, ки дар шинохти бештари ӯ ҳамчун донишманду педагог мусоидат мекунанд. Муаллиф пешниҳод намудааст, ки дар шаҳри Душанбе барои абадӣ гардонидани хотираи неки ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик гузоштани нимпайкара, ба номи ӯ гузоштани кӯча ва боғи фарҳангӣ ба манфиати кор аст. Инчунин, ташкили «Ҷоизаи Аббос Алиев» аз ҷониби маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» шоистаи дастгирист ва гумон мекунам, ки ин озмун, аз як тараф, дар муаррифии бештари ин чеҳраи шинохтаи маорифу илм ва матбуот мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, ба рушду инкишоф ва таҳаввули маорифи миллӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар китоб 6 мақолаи Аббос Алиев – «Масъалаи миллӣ дар Бухоро ва атрофи он», «Масъалаи алифбои тоза», «Таърих ба сухан даромад», «Сиёсати ҷаҳонгирони англис дар Афғонистон», «Дунёи сармоядорӣ дар Шарқи Наздик», «Ёрӣ ба журнали «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Маърӯзаи Аббос Алиев дар конфронси муаллимони Бухоро» замима шудааст. Дар қисмати охири китоб бо номи «Аксҳо ҳикоят мекунанд» силсилаи расмҳои Аббос Алиев оварда шудааст, ки ҳамчун оина инъикоскунандаи як давраи таърихи кишвари азизамон мебошад. Ба назари инҷониб, китоби «Нахустин нозири маорифи Тоҷикистон» арзиши баланди илмию назариявӣ дорад.

Якум. Китоби мазкур аввалин асари пажуҳишие ба ҳисоб меравад, ки дар шакли монография таълиф гардидааст ва аз ҷиҳати сохтор ва мазмуну муҳтаво бобу фаслҳои китоб тақвиятбахши ҳамдигаранд.

Дуюм.  Муаллиф ҳангоми таълифи рисола аз сарчашмаю адабиёти зиёде истифода намуда, зимни таҳлилу баррасиҳо иқтибосҳои зарурӣ оварда, андешаҳои худро дар ин замина ироа кардааст.

Сеюм. Маълум мегардад, ки дар таълифи рисола муаллиф заҳмату талоши зиёд ба харҷ додааст ва бештар ба маъхазҳои муътамад такя ва аз усули таърихию қиёсӣ ва контентӣ истифода кардааст.

Чорум. Донишманди муҳтарам Шодӣ Шокирзода дар китоб гоҳо иқтибосҳои зиёдро паиҳам овардааст, ба гумони мо, бамавқеъ буда, ҳамчун раҳнамо ба омӯзиши бештари он асарҳое, ки дар ин замина ба вуҷуд омадаанд, ба хонанда кумак менамояд.

Панҷум. Китоби мазкур аз ду ҷиҳат барои муҳаққиқон муҳим аст.  Агар, аз як тараф, Аббос Алиев ҳамчун нахустин вазири маориф ва созмондиҳандаи матбуоти миллӣ барои хонанда шиносонда шавад, аз ҷониби дигар, ҳамчун рӯзноманигор, муаррих, олим ва педагог муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, ин китоб метавонад ҳам барои муаррихону педагогҳо ва ҳам муҳаққиқони соҳаи журналистика ҳамчун асари илмии муфиду судманд хидмат намояд.

Шашум. Забони китоб фасеҳу равон мебошад ва арқому далелҳо дар он ба тартиб оварда шудааст. Ба ин минвол, метавон дастовардҳои муҳаққиқро дар таълифи китоби «Нахустин нозири маорифи Тоҷикитон» идома бахшид…

Дар воқеъ, донишманди тоҷик Шодӣ Шокирзода бо таълифи китоби «Нахустин нозири маорифи Тоҷикистон» хидмати арзандае дар   шинохти бештари Аббос Алиев, яке аз арбобони давлатӣ ва сиёсиву адабии тоҷик, анҷом дода, дар зимн равзанаи омӯзишро барои таъриху фарҳанги миллӣ ба муҳаққиқону пажуҳишгарон боз намудааст. Номзади илми филология Ш. Шокирзодаро бо таълифи ин асари арзишманд табрик намуда, дар ҷодаи эҷоду омӯзиш ва таълифи асарҳои нав комёбиҳои бештарро барояш таманно дорем.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш