Ҳангоми гузаронидани бозиҳо дар кӯдакистон таълимгирандагон муҳити атрофи худро меомӯзанд, доир ба ранг, шакл ва ҳаҷми ашёи онҳоро иҳотакарда маълумот мегиранд. Мураббӣ ба воситаи бозӣ ба инкишофи нутқи кӯдакон ва нигоҳи онҳо ба олами атроф таъсири мусбат мерасонад.
Банда солҳои зиёдест, ки дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №89-и ноҳияи Сино ҳамчун мураббӣ фаъолият дорам. Ҳангоми машғулиятҳо бо бачаҳо пайваста бозиҳои дидактикӣ мегузаронам. Дар раванди бозӣ аз имкониятҳои шунавоӣ, биноӣ, фикрию ҷисмонии кӯдакон истифода бурда, барои беҳтару хубтар гузаштани бозӣ тамоми шароити мусоидро фароҳам меорам. Таълимгирандагон дар вақти бозӣ ҳатто эҳсос намекунанд, ки онҳоро таълим дода истодаем. Фикр мекунанд, ки ин танҳо як бозист. Лекин дар ҷараёни он бачаҳо ҳисобу китобро меомӯзанд, ҷумлаҳо месозанд, афсонагӯӣ мекунанд, ибораву ҷумлаҳои кӯтоҳро таҳлил менамоянд, чистону панду насиҳат ва шеърҳоро азёд мекунанд, хулоса, корҳои зиёде анҷом медиҳанд, ки тасаввури онҳоро нисбат ба муҳити атроф дигаргун месозад. Бозиҳои дидактикӣ барои тарбияи маънавӣ ва одамдӯстии бачаҳо ёрирасони беминнатанд. Ба воситаи бозиҳо бачаҳо дар гурӯҳи бисёри кӯдакон аҳлона бозӣ карданро меомӯзанд. Ман таваҷҷуҳи худро ба он равона мекунам, ки кӯдакон дар раванди бозӣ рафтори хуб дошта бошанд, ҳамдигарро эҳтиром намоянд, қоидаҳои бозиро дуруст риоя кунанд. Яке аз шартҳои муҳимии бозӣ риояи қоидаҳои он мебошад. Вақте бачаҳо қоидаҳои бозиро медонанд, фаъолу зирак ва чолок мешаванд.
Бозиҳои таълимии шифоҳие, ки барои инкишофи хотира, биноӣ, шунавоии таълимгирандагон таъсири хуб мерасонанд, зиёданд, аз ҷумла, «Номбозӣ», «Дар таги бомаки мо», «Буданд, набуданд пойчаҳо» ва ғайра.
Ҳангоми баргузории «Номбозӣ» кӯдакон давра меистанд. Яке аз онҳо номи худро мегӯяд, кӯдаки дуюм номи худ ва номи бачаи якумро номбар мекунад, кӯдаки сеюм номҳои бачаҳои якуму дуюм ва номи худашро баланд эълон месозад ва ба ҳамин тариқ бозӣ идома меёбад. Дар охир кӯдаки якум номи ҳамаи бачаҳои давраистодаро такрор менамояд…
Ҳангоми гузаронидани ин гуна бозиҳо дар кӯдакистон мо ба тифлакон қобилияти тифоқӣ, ба ҳамдигар дӯсту меҳрубон будан, дар хотир доштани номҳо, муоширати дурусти байниҳамдигарӣ, гӯш кардан ва бодиққат буданро меомӯзонем.
С. Раҳимова,
мураббии ширхоргоҳ-кӯдакистони №89-и
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр