Дар мењмонхонаи «Серена»-и шањри Душанбе бо ибтикори Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Љумњурии Тољикистон њамоиши минтаќавии шарикон дар мавзуи «Системаи маориф ва иттифоќњои касаба дар мамлакатњои рў ба тараќќии Осиёи Марказї: мушкилоти асосї ва њалли он» оѓоз гардид.
Дар кори он Зулњия Нозакзода-раиси Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Љамшед Љўразода-муовини якуми вазири маориф ва илм, Маликшо Неъматзода-раиси Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон, раисони ташкилотњои љамъияти иттифоќњои касабаи кормандони маориф ва илми Ќазоќистон, Беларус, раисон ва намояндагони иттифоќњои касабаи кормандони маориф ва илми љумњурї, вилоят ва шањру ноњияњо ва муассисањои тањсилоти миёнаю олии касбї иштирок намуданд.
Љамшед Љўразода-муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид кард, ки дар кишвар, дар самти муносибатњои мењнатї давра ба давра санадњое ќабул карда шудаанд, ки љавобгўи меъёрњои байналмилалї буда, бевосита барои баланд бардоштани сатњи иљтимої, мењнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корї равона гардидаанд ва ин иќдом минбаъд низ идома меёбад.
-Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар доираи шарикии иљтимої бо Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо маќсади муайян намудани њуќуќ ва кафолати мењнатии иловагї ба кормандони соњаи маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Созишномаи соњавии байни Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар доираи шарикии иљтимої бо Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2023-ро ба имзо расонидааст, - зикр кард Љ.Љўразода.
Маликшо Неъматзода - раиси Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон вобаста ба тамоми пањлуњои фаъолияти иттифоќњои касаба дар Љумњурии Тољикистон зикр кард, ки тамоми фаъолияти иттифоќњои касаба дар кишвар зери таваљљуњи Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ќарор дорад.
Дар идома, Селви Латиф-котиби генералии Egitim-Bir-Sen, Татяна Якубович - раиси Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Беларус ва Айгул Мукашева-раиси ташкилоти љамъияти Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Ќазоќистон аз фаъолияти Иттифоќњои касабаи кормандони маориф ва илми кишварњои худ маълумоти муфассал пешнињод намуданд.
Дар хотима як ќатор созишномањои њамкорї ба имзо расида, мењмонон аз муассисањои таълимї ва мавзеъњои таърихию фарњангии кишварро тамошо карданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр