21-уми майи соли љорї дар муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шањри Исфара тањти раёсати вазири маориф ва илм Саидзода Рањим Њамро љаласаи сайёри њайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон “Оид ба вазъи иљрои наќшаву барномањои таълимї, таъминот бо кадрњои омўзгорї, китобњои дарсї, сатњу сифати дониши хонандагон ва татбиќи барномањои давлатї дар муассисањои тањсилоти умумии шањру ноњияњои вилояти Суѓд” баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсат, шуъбаю бахши дастгоњи марказї ва роњбарони муассисањои тобеи вазорат, муовини раиси вилояти Суѓд Зайнура Азимї, раиси Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Зулњия Нозакзода, муовинони раисони шањру ноњияњо, сардорону мудирон ва кормандони раёсат, шуъба ва бахшњои маориф, мудирон ва директорони муассисањои томактабї ва тањсилоти умумии шањру ноњияњо, директорон ва ректорони муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбии вилоят иштирок карданд.
Дар љаласа вазъи иљрои наќшаву барномањои таълимї, таъминот бо кадрњои омўзгорї, китобњои дарсї, сатњу сифати дониши хонандагон ва татбиќи барномањои давлатї дар муассисањои тањсилоти умумии шањру ноњияњои Хуљанд, Бўстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истиќлол, Спитамен, Љаббор Расулов, Бобољон Ѓафуров, Мастчоњ, Ашти вилояти Суѓд бо пешнињод гардидани гузоришњои муфассал аз љониби роњбарони гурўњњои корї мавриди баррасї ќарор гирифт.
Зимни баррасии масъалањо дар баробари муаррифии дастовардњо, бештар ба мушкилоти љойдошта таваљљуњ шуда, зикр гардид, ки дар вилояти Суѓд 283 муассисаи тањсилоти томактабї фаъолият намуда, дар онњо 43 њазору 112 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ѓайр аз ин, 661 гурўњи маркази инкишофи кўдак бо фарогирии 14 њазору 205 нафар кўдаки 6-сола фаъолият мекунанд. Фарогирии кўдакон дар муассисањои тањсилоти томактабии вилоят 15,2% ва бо дарназардошти фарогирї дар марказњои инкишофи кўдак 20,1 фоизро ташкил медињад.
Санљиш нишон дод, ки фарогирї, дар маљмуъ, дар шањру ноњияњои Хуљанд, Бўстон, Гулистон, Истиќлол ва Бобољон Ѓафуров нисбатан бењтар буда, дар шањру ноњияњои Мастчоњ, Ашт, Исфара ва Конибодом бењбудї мехоњад.
Бо маќсади бештар намудани фарогирї ба таълиму тарбияи томактабї ва бењтар намудани сифати он аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон “Барномаи давлатии рушди тањсилоти томактабї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2020-2025” ќабул гардид. Аз тањлилњо бармеояд, ки ќарори мазкур аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои вилоят ба таври зарурї амалї намегардад. Зеро аз 72 муассисаи томактабии банаќшагирифташуда дар муддати 2,5 сол 19 муассиса сохта шудааст, ки он 26,4 фоизро ташкил медињад. Иљрои барнома дар шањру ноњияњои Исфара (75%), Хуљанд (50%), Мастчоњ (40%), Ашт (25%) ва Панљакент (16,7%)-ро ташкил дода, дар дигар шањру ноњияњои вилоят умуман иљро нагардидааст.
Яке аз мушкилињои дигари самти томактабї дар вилоят ѓайри маќсад истифода гардидани бинои муассисањои томактабї ба шумор меравад. Њарчанд дар давоми 5 соли охир 23 муассисаи ѓайримаќсад истифодашаванда барќарор шуда бошад њам, њанўз 23 муассисаи дигар ѓайри маќсад истифода мегардад, ки монеа барои бештар фаро гирифтани кўдакон гардидааст. Аз љумла, дар шањру ноњияњои Истиќлол 1, Конибодом 1, Бобољон Ѓафуров 2, Спитамен 2, Исфара 2, Ашт 3, Хуљанд 4, Гулистон 4 ва Зафаробод 4 муассиса ѓайри маќсад истифода мегардад ва ё ба барќароршавї ниёз дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар самти тањсилоти томактабї бояд аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои вилоят таваљљуњи хоса зоњир карда шавад, тибќи талабот људо гардидани маблаѓ барои тарбиятгирандагон мебошад. Мутаассифона, аз тањлилњо бармеояд, ки танњо дар шањри Бўстон маблаѓ тибќи талабот људо гардида, дар шањру ноњияњои Конибодом, Хуљанд, Гулистон, Исфара ва Бобољон Ѓафуров 20-50 дирам барои се ваќт хўрок људо гардад, дар шањру ноњияњои Истиќлол, Ашт, Љаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоњ умуман маблаѓ људо намегардад. Мањз ин сабаб гардидааст, ки танњо аз њисоби маблаѓњои падару модарон ѓизо дода мешавад, ки он нокифоя мебошад.
Яке аз масъалањои муњиме, ки барои низоми тањсилоти томактабї њалталаб боќї мемонад, бо кадрњои ихтисосманд таъмин набудани муассисањои тањсилоти томактабї ва марказњои инкишофи кўдак мебошад.
Аз тањлилхо бармеояд, ки аз 4504 нафар мутахассиси соњаи томактабї, 1424 нафар ё 31,7 % дорои маълумоти миёнаи умумї мебошад. Ин нишондињанда бештар ба шањру ноњияњои Љ. Расулов 82 ва Ашт 52 нафар рост меояд.
Масъалаи дигаре, ки њангоми санљиш ба он таваљљуњ зоњир карда шуд, тањкими пояи моддї-техникии муассисањо мебошад. Аз љумла, дар муассисањои томактабии шањру ноњияњои Хуљанд (№1, 3, 16, 28, 35), Бўстон (№4), Гулистон (№1, 3), Бобољон Ѓафуров (№1, 8, 5, 14, 19), Спитамен (№7, 17), Љаббор Расулов (№4, 6), Исфара (№20, 31) катњои хоб ва љевонњо барои либоси кўдакон харидорї шудааст. Аммо дар шањру ноњияњои Истиќлол, Конибодом, Мастчоњ ба ин масъала бояд таваљљуњ зоњир карда шавад.
Мушкилоти дигаре, ки дар муассисањои томактабии шањру ноњияњои вилоят ба назар мерасад, риоя нагардидани талаботи Стандарти давлатии тањсилоти томактабї дар Љумњурии Тољикистон вобаста ба синну сол љойгир намудани кўдакон дар гурўњњои омодагї ва мактаб мебошад. Яъне, дар баробари хонандагони синни 7-сола кўдакони 5-6-сола низ фаро гирифта шуда, дар оянда даъвои ба синфи якум рафтанро пеш меоранд ва ин њолат дар њамаи шањру ноњияњо мушоњида гардид.
Аммо ин њолат дар муассисањои тањсилоти томактабии №11-и шањри Конибодом, № 13 ва № 25-и шањри Исфара ва № 5-и ноњияи Љаббор Расулов ба назар намерасад ва хилофи зебопарастии кўдакон аст.
Гарчанде давраи солимгардонї наздик шуда бошанд њам, кўдакистонњои дар боло зикршуда, барои гузаронидани мавсими солимгардонї омода нестанд. Дар рафти машѓулияти расмкашї муайян гардид, мизе, ки барои 4 кўдак муќаррар карда шудааст, дар кўдакистонњои мазкур 8 нафар кўдак истифода мебаранд, ки ин барои бењтар шудани таълиму тарбия таъсири манфї мерасонад.
Гарчанде дар вилоят 64 муассисаи типи нав фаъолият намояд њам, нишондињандањои на њамаи онњо тибќи талабот мебошад, ки иштироки онњо дар олимпиадањои љумњуриявї ва байналмилалї аз ин дарак медињад.
Тибќи дастури Њукумати Љумњурии Тољикистон, бо маќсади дарёфти хонандагони болаёќат ва рушди истеъдоди онњо бояд дар њамаи шањру ноњияњои вилоят муассисањои таълимии типи нав таъсис дода шавад ва ин масъала дар шањри Истиќлол њалношуда боќї мондааст.
Дар вилоят 31 муассисаи таълимии ѓайридавлатї (хусусї) фаъолият менамояд. Аз љумла, 27 муассиса ба шањру ноњияњои санљидашудаи Хуљанд (15), Бўстон (3), Бобољон Ѓафуров (5), Спитамен (2), Исфара (2), Ашт (1) ва Конибодом (1) рост меояд.
Санљиш нишон дод, ки талаботи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Барномаи рушди муассисањои томактабї ва миёнаи умумии хусусии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2014-2020» дар шањру ноњияњои Истиќлол, Конибодом, Гулистон, Љаббор Расулов, Ашт умуман иљро нагардид, ки аз фаъолияти сусти масъулин дар самти њамкорї бо бахши хусусї гувоњї медињад.
Таъмини муассисањои таълимии љумњурї бо кадрњои омўзгорї яке аз масъалањои асосї дар соњаи маориф мањсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффаќонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатњи дониши хонандагон зич алоќаманд аст.
Дар натиљаи санљиш маълум гардид, ки фарогирї ба зинаи сеюми тањсил дар шањру ноњияњои Истиќлол 49,5% ва Мастчоњ 68,8%-ро ташвишовар мебошад.
Бо маќсади таъмини муассисањои таълимї бо кадрњои ихтисосманд 1099 нафар мутахассиси љавон тибќи роњхат фиристода шуда, 845 нафар ба љойи кор њозир шуданд, ки 76,8%-ро ташкил медињад. Илова бар ин, зиёда аз 635 нафар мутахассиси љавон аз њисоби муњассилини гурўњњои ѓоибона ва шартномавии муассисањои тањсилоти олии касбии омўзгорї ба муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ба кор љалб карда шудаанд.
Њарчанд ба 67 нафар мутахассиси љавон ќарзњои имтиёзнок ва ба 22 нафар ќитъаи замини наздињавлигї људо шуда бошад њам, ин фоизи нињоят паст мебошад.
Соли тањсили 2020-2021 34423 хонанда муассисањои тањсилоти умумии вилоятро хатм намудааст. Бо дарназардошти хатмкунандагони солњои пешин 20057 нафар тариќи Маркази миллии тестї, 284 нафар тариќи квотаи президентї, 1575 нафар ба муассисањои тањсилоти олии Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва 102 нафар ба муассисањои тањсилоти олии хориљи дур дохил шудаанд. Дар умум, соли тањсили 2021-2022 шумораи дохилшудагон ба муассисањои олии касбии дохилу хориљи кишвар аз вилояти Суѓд 22 018 нафарро ташкил дода, ба 63,9% баробар мебошад.
Натиљаи љамъбасти чоряки сеюм нишон дод, ки аз 500 306 нафар шумораи умумии хонандагони синфњои 2-11 њамагї 499 275 нафар бањо гирифтанд. Аз љумла бо бањои “5” -75 051 нафар, бо бањои “4”- 171 019 нафар, бо бањои “32 - 252 329 нафар ва бо бањои “2”-876 нафар хонандагон чоряки сеюмро љамъбаст намудаанд.
Сатњу сифати тањсилот 49,3% ва натиљаи азхудкунии барномањои таълимї дар муассисањои тањсилоти умумии шањру ноњияњо 99,8%-ро ташкил медињад. Аз љумла, дар шањру ноњияњои санљидашуда сифати тањсилот 30,4% ва натиљаи азхудкунии барномањои таълимї дар муассисањои тањсилоти умумии шањру ноњияњо 72,1%-ро ташкил дода, дар шањру ноњияњои Гулистон, Истиќлол ва Љаббор Расулов нисбатан паст мебошад.
Дастовардњои хонандагони шањру ноњияњои санљидашудаи вилояти Суѓд дар олимпиадањои љумњуриявї назаррас буда, дар соли 2021 соњиби 414 љойи ифтихорї гардида, дар маљмуъ, вилоят пас аз шањри Душанбе дар љойи дуюм ќарор дорад.
Љињати иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи Барномаи давлатии амалї намудани технологияи иттилоотї-коммуникатсионї дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2022” аз 29.09.2017, №443 соли 2022 муассисањои тањсилоти умумии таълимии шањру ноњияњои санљидашудаи вилоят бояд 1943 компютер ва 146 тахтаи электронї харидорї менамуданд. Аммо давоми соли семоњаи аввали 2022 217 компютер ва 47 адад тахтаи электронї харидорї карда шуд, ки таносубан 11,1 ва 21,6% наќшаи солонаро ташкил медињад. Мавриди зикр аст, ки ба истиснои шањрњои Хуљанд, Бўстон ва Гулистон наќшаи харидорї дар дигар шањру ноњияњои санљидашуда иљро нагардид.
Айни њол дар муассисањои таълимии вилоят 1133 синфхонаи компютерї, 20 194 компютер, 2928 адад принтер, 1074 проектор мављуд буда, 748 тахтаи электронї мавриди истифода ќарор доранд.
Тибќи талаботи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисањои таълимї бо кабинетњои фаннї ва озмоишгоњњои муљањњази таълимї барои солњои 2021-2025» дар соли 2021 дар вилояти Суѓд аз 713 кабинети фаннї ва озмоишгоњњои муљањњази таълимї 293 кабинети фаннї ва озмоишгоњњои муљањњази таълимї харидорї шудааст, ки 41,1%-ро ташкил медињад.
Дар соли 2021 аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњо, соњибкорону шахсони эњсонкор ва суратњисоби махсуси муассисањои таълимї 8318 љуфт мизу курсї харидорї гардида, эњтиёљоти муассисањо барои мизу курсї дар соли тањсили 2021-2022 ба 13 158 љуфт боќї мондааст.
Њарчанд ки дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд аз тарафи маќомоти иљроияи хокимияти давлатї, соњибкорон, шахсони саховатпеша ва раисони мањаллањо синфхонањои иловагї сохта ба истифода дода шуда ва иќдоми мазкур идома дошта бошад њам, то њол дар шањру ноњияњои вилоят 8 муассисаи таълимии себаста фаъолият дошта, дар он 7122 хонанда (3540 духтар) тањсил карда истодааст. Аз љумла, дар ноњияи Љаббор Расулов муассисањои таълимии №№ 15, 17, 21 бо фарогирии 3307 хонанда (1681 духтар) ба ќайд гирифта шудааст.
Њамзамон, бо истифода аз иштироки муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шањру ноњияњо вазири маориф ва илм Р.Саидзода даъват ба амал овард, ки љињати бартараф намудани камбудињои мављуда, ки аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояту шањру ноњияњо вобаста аст, тадбирњои сариваќтию мушаххас роњандозї карда шавад.
Дар охир ба сардорони раёсату мудирони шуъбањои маорифи шањру ноњияњои Хуљанд, Бўстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истиќлол, Спитамен, Љаббор Расулов, Бобољон Ѓафуров, Мастчоњ, Ашти вилояти Суѓд дастур дода шуд, ки проблемаву мушкилот ва камбудињои зимни санљиш аз љониби гурўњњои корї ошкоргардида дар кутоњтарин муњлат бартараф карда шуда, аз натиљааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот манзур карда шавад.
Эњсони ХУШБАХТ,
Бахтовар САФАРОВ,
Душанбе-Исфара-Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр