Ваќтњои охир пойгоњњои иттилоотии њизбу њаракатњои дар ќаламрави Тољикистон мамнуи Паймони миллии Тољикистон, ТЭТ ЊНИ, Гурўњи-24, Анљумани озодандешони Тољикистон, ки бар зидди сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон фаъолият мекунанд, амалњои душманонаи худро афзун намудаанд. Албатта, чунин амал бе маблаѓгузорї ва сарпарастии хадамоти махсу-сикишварњои хориљї имконнопазир аст.
Вазъияти сиёсї ва иќтисодии имрўза, вазъи геополитикї дар минтаќа ва љањон таќозо мекунад, ки тољикистониён чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он бояд дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат сарљамъ шуда, барои рушди Тољикистон дар ин давраи нињоят њассос сањми арзандаи худро гузоранд. Мутаассифона, афроде ки бо ном худро “ватандўст” мењисобанд, амсоли М. Кабирї, М. Садриддин, Т. Варќї, Ш. Гадоев ва чанди дигар аз хориљи кишвар ба амалњои људоиандозї ва иѓвогарї ба Ватани худ – Тољикистон сангандозї мекунанд.
Бале, њама дарк мекунад, ки имрўзњо вазъият дар рўйи олам дигаргун гаштааст. Вале ба ин њама мушкилот нигоњ накарда, роњбарияти Њукумати Љумњурии Тољикистон кўшиш ба харљ дода истодааст, ки мардуми кишвар аз љињати иќтисодї ва иљтимої дар ин давраи вазнин эмин бошанд. Ба њар сурат, Њукумат дар амал чораандешї мекунад, вале Кабириву Муњаммадиќбол ва њаммаслакони онњо ба ѓайр аз фитнабозї ва људоандозї дигар амале надоранд. Онњо љанги иттилооти худро асосан дар сомонањои Паём.нет (https://payom.net); Аздо ТВ (https://azda.tv); Ислоњ.нет (https://isloh.net); Бомдод.ком (https://www.bomdod.com); Нањзат.орг (https://nahzat.org); Анљумани Озодандешони Тољик (https://ozodandishon.org) ба роњ мондаанд.
Барои пешрафти ватани азизи мо сарљамъї ва саъйю кўшиши зиёд, ки он њам бояд дар амал бошад, на дар суханњои пуч ва нодаркор, зарур аст. Вале аз чї бошад, ки зањматњои зиёди роњбарияти олии кишвар дар ин самт њама ваќт зери танќиди хоинони миллат ќарор мегиранд. Пас, агар шумо ин ќадар тавоно ва доно бошед, дилатон ба Тољикистон сўзад, биёед, якљо Ватани худро обод созем. Мутаассифона, онњо аз чунин амалњои инсонї хеле дур мебошанд.
Боиси хурсандист, ки ахиран ба террористию экстремистї будани ТЭТ ЊНИ дар миќёси байналмилалї ва минтаќавї боварї њосил намуда, кишварњои узви ИДМ, СААД, СЊШ онро дар ќаламрави давлатњои худ низ мамнуъ эълон карданд. Сохторњои зидди-террористии ин созмонњо дар масъалаи љустуљў, дастгир ва ба Тољикистон истирдод ва ба љавобгарї кашидани аъзои ТЭТ ЊНИ вазифадор карда шуданд.
Доираи фаъолияти ТЭТ ЊНИ дар марњилаи њозира танњо њудуди кишварњои Аврупоро фаро намегирад. Роњбарон ва тарафдорони ТЭТ ЊНИ маљбур њастанд, ки ба амри хољагони аврупоии худ итоат карда, њадафњои муѓризонаи хешро бар зидди роњбарияти олии кишвар, тољикон ва тољикистониён роњандозї намоянд. Вале тамоми кўшишњои онњо бенатиља хоњанд буд. Маќомоти ќудратии кишвар сари ваќт аз тамоми амалњои ТЭТ ЊНИ, ки бар зидди давлату њукумат, халалдор намудани сулњу субот дар ќаламрави кишвар равона шудаанд огоњ шуда, онњоро хунсо месозанд.
Мушоњидањои солњои охир нишон медињанд, ки дар марњилаи кунунї фаъолияти тахрибкоронаи ТЭТ ЊНИ дар самтњои зерин роњандозї мешавад:
-мустањкам кардани мавќеи ТЭТ ЊНИ дар кишварњои Аврупо, САЊА, байни созмонњои байналмилалии њифзи њуќуќи инсон ва бо кумаки онњо пайдо кардани роњњои муносиби бозгашт ба ватан ва иштирок дар њаёти минбаъдаи сиёсии кишвар, гузаронидани пикету тазоњуроти зиддињукуматї;
-зиёд кардани сафњои тарафдорони худ аз њисоби ашхоси норизо ё эътирозгар дар дохил ва хориљи Љумњурии Тољикистон.
Хушбахтона, ваќту замон нишон дод, ки душманони миллат ба њељ ваљњ ба маќсадњои нопоки худ расида наметавонанд. Тољикистони имрўза, сохторњои ќудратию њифзи њуќуќи он, мисли солњои 90-уми асри гузашта нестанд. Тољикистон тавони онро дорад, ки минбаъд њам ба њамаи амалњои бадхоњонаи ТЭТ ЊНИ зарбаи сахт занад.
С. МУРОДОВ,
Х. ДОДИХУДОЕВ,
кормандони шуъбаи сиёсатшиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи АМИТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр