Таърихи башар моломоли њодисаву воќеа, дастоварду эљодкорї ва падидањои нодиру ноёби љомеасоз мебошад. Сулњу вањдат аз љумлаи чунин дастовардњои башарї буда, зебу фарри њаётро мазмуну маъно ва њусну малоњати тоза эњдо менамояд.
Гузаштагони некноми мо ба ин падидањои муњим арљгузорї карда, онњоро васфу тараннум мекарданд, зеро ин аркони таъсирбахш зиндагиро шоиставу гуворо ва пурнакњату дилрабо мегардонад. Агар ба таърихи пуршарафи халќу кишвари худ амиќ назар афканем, мебинем, ки воќеан њам, сулњу вањдат чароѓи фурўзоне буда, ки муњитро, фазоро, љомеаро бо партави худ љило бахшида, мунаввару љилвагар месозанд. Тавре ки аз сањифањои таърих ба назар мерасад, сулњу вањдат барои њамаи давру замонњо, барои љамеи асрњову наслњо заруру таконбахш будааст. Бе онњо наметавон дар тамоми соњањои зиндагї ба бозёфту дастовардњои дилхоњ ноил гардид.
Чун ба авзои љомеаи љањонї дида андўзем, ба хубї мебинем, ки тавассути амалњои номатлуб, мисли куштор, инфиљор, террор, манфиатхоњї, бузургманишї, ќавму халќият ва миллату мазњаббадбинї дар низоми сулњу вањдат низ нољўрињо ворид сохтаанд, ки ањли љањонро ба ташвиш овардааст. Ин хатарэљодкунињои сунъї, албатта, љомеањои миллї, минтаќавї ва байналмилалиро ба хашму ѓазаб меорад, ки боиси нигаронист. Тавре ки шоир мегўяд:
Њар ки бо душмании халќ равон аст чу бањр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад.
Аз ин рў, бо итминони комил метавон гуфт, ки танњо сулњу вањдат, хираду заковати азалї, табиати сулњоварию сулњофарї метавонад, муосиронро аз ин вартаи мудњиш рањої бахшад.
Мардуми шарифи Тољикистон хостори он њастанд, ки масоили печидаю вањими мављударо тавассути гуфтушунидњои судманду боварибахш ва арљгузорї ба шаъну шараф ва зиндагии шоиста доштани инсон њаллу фасл ва роњандозї намоянд.
Тољикистон, ки солњои навадуми асри гузашта зарбаи љанги шањрвандиро дар шонаи худ эњсос карда буд, сулњу вањдат ва тааммулпазириро шиори рањоии худ аз ин зарбаи њалокатбор хонда, соли 1997 бо роњбарии Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон кохи муњташами сулњу вањдати миллиро бо номи «Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї» бо тарњи зебою муљалло бунёд намудаву мавриди истифодаи оламиён ќарор дод. Воќеан њам, сулњу вањдат калиди дари муваффаќиятњо, созандагию ба њам омаданњо, худшиносию худогоњињо, ривољу равнаќи фаъолиятњои бунёдкорона, њамдигарфањмию њамдигарбахшї ва аз як гиребон сарбарорињо мебошад.
Саъдулло ЊАЙДАРОВ,
дотсенти кафедраителевизион ва
радиошунавонии ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр