Дар раванди роњандозии низоми босалоњият њамагон бояд фањманд, ки назарияи умумї ва махсусияти мављуда оид ба тањсилоти босалоњият пурра муњокима ва баррасї гардад, дастрас намудани намунањои китобњои дарсї, дастурњои методї, стандарту силлабусњои ба талаботи муносибати босалоњият мансуб, ки дар кишварњои дигар тањия шудаанд, истифода гарданд.
Ташкил ва гузаронидани семинарњои омўзишї, мизњои мудаввар барои мураттибони њуљљатњои меъёрию њуќуќии ин низоми тањсилот;
Стандартњои тахассусї дар тамоми ихтисосњои дар муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбии Тољикистон амалкунанда мувофиќи талаботи тањсилоти босалоњият омода гардонида мешаванд.
Тањия ва тасдиќи силлабусњо (барномањои таълимї) мувофиќи талаботи тањсилоти босалоњият аз тамоми фанњое, ки дар муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї таълим дода мешаванд, дар чунин шакл бояд сурат гирад: дурустї ё нодурустии тањияи силлабусњо (барномањои таълимї) бо нишондоди салоњиятњои умумифаннї аз рўи тамоми фанњое, ки дар муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї таълим дода мешаванд аз фаъолияти раёсат (шуъба)-и таълимии муассисањо, кафедрањо ва иттињодияи методї вобаста мебошад;
- тасдиќи силлабусњо (барномањои таълимї) аз рўи тамоми фанњое, ки дар муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї таълим дода мешаванд, мувофиќи талаботи тањсилоти босалоњият дар сатњи муассисањо амалї гардонида мешавад.
Меъёрњои арзёбии салоњиятњои донишљўён дар асоси талаботњои умумї (касбї) ва меъёрњои махсус (фаннї) ва мавзўї амалї мегардад. Мутаассифона, ки нарасидани онњо њар чи бештар њис карда мешавад. Китобњои дарсї бояд дар мутобиќат бо талаботи тањсилоти босалоњият барои муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї омода гарданд.
Бањри самаранок ба роњ мондани тањсилоти салоњиятнок дар муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї аз такмили ихтисос ва бозомўзї гузаронидани њайати роњбарият ва устодону омўзгорони муассисањои тањсилот манфиатовар аст.
Дар суњбати расмию касбї мо ифодаи “шахсияти салоњиятнок”-ро истифода мебарем ва дар ин маврид медонем, ки имкониятњои як шахсро дар ягон самти мушаххаси фаъолият мавриди омўзиш ва тањќиќ ќарор дињем. Мо медонем, ки вазифаи фанни таълимї дар баробари инкишоф ва рушди системаи донишу малака ва мањорати фанни таълимї ривољ додани малакаву мањорати умумифаннї низ мебошад. Дар баъзе сарчашмањо силсилаи чунин салоњиятњо бо љузъиёти дигарашон низ нишон дода мешавад. Мисол, дар бораи ташаккули салоњияти фаннї, ки муњаќќиќон ба ташаккули салоњияти коммуникативї, салоњиятњои фарњангї ва ѓайрањо људо мекунанд, дарк менамоем, ки салоњиятњо дорои чунин намудњо мебошанд:
1.Салоњиятњои маърифатї-тањлилї, Намудњои асосии салоњиятнокї инњоянд: (тањлили аќида ва муносибати байни аќидавї, таљриба ё маводи табиї ва сунъї), маърифатї-эљодї (пайдо намудани аќидањо, фарзияњо ва пешнињодоти нав),
маърифатї-тањќиќї (тавоноии тањлил ва бањодињї намудан ба ашёњо, њодисањо, таљрибањо, аќидањо, назарияњо, вазъиятњо ва падидањои дигар),
худшиносї ва мустаќилияти шахсї (хонанда ё донишљў эътироф намояд, ки фарњанг, забон, ќоидаву таљрибањо ба худшиносї, арзишњо ба рафтор таъсир мерасонанд), (Дарки ќадр, ќимати хеш ва њифз намудани ќадру ќимати дигарон (равшанфикр ва озодбаёну озодандеш будан), (ташаккули дониш вобаста ба самтњои гуногуни маърифатї дарки муњиммияти донишњои гуногун дар њаёти њаррўза) ва ѓайра.
Салоњиятнокї дар иљрои вазифањои љамъиятї ифодакунандаи эњтироми бепоён ба њуќуќњои инсон, њуќуќњои ањдномавї, муњайё сохтани муњити созгор бањри њалли низоъњо дар синф, муассисаи таълимї, оила ва љомеа мебошад.
Хосият ЊОЉИМУРОДОВА,
ассистенти кафедраи педогогика ва психологияи
коллељи омўзгории ба номи Х.Махсумоваи ДДОТ
ба номи Садриддин Айнї
Иловакунӣ
Иловакунии фикр