Чаҳор сол пеш барои ширхоргоҳ - кӯдакистони №63-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои зебову барҳавои замонавӣ бунёд карданд, ки дар расми ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 22 ҳуҷра, толори мусиқӣ ва устохона мавҷуд аст.
Дар саҳни ҳавлӣ беш аз 8 айвончаи машғулиятгузаронӣ, гулгаштҳои назаррабо, майдончаи варзишӣ ва ҳавзи оббозӣ сохта шудааст. Атрофи муассиса бо дарахтони мевадору гулҳои рангоранги зебо оро ёфтааст. Дар айвончаҳо мураббиён метавонанд дар тамоми фаслҳои сол машғулиятҳои шавқовар гузаронанд. Айни замон дар ширхоргоҳ-кӯдакистон зиёда аз 250 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Мудири муассиса Идимо Азизова мутахассиси пуртаҷрибаи соҳа буда, аз соли 2014 масъулияти сарварии ин муассисаро бар уҳда дорад. Роҳбари сахтгир, масъулиятшинос ва ғамхор аст.
Кӯдакон дар ширхоргоҳ - кӯдакистони №63-и ноҳияи Фирдавсӣ бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолиашон дар нуҳ гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар муассиса семинарҳои гуногун баргузор мешаванд, ки дар онҳо мураббиён донишу маҳорати касбии худро такмил медиҳанд. Дар баробари ин мураббиён аз таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони худ огоҳ гардида, ҷиҳатҳои беҳтарини онҳоро дар фаъолияти хеш мавриди истифода қарор медиҳанд.
Мураббиёни гурӯҳҳои гуногуни муассиса бо истифода аз таҷрибаву малакаи омӯзгории хеш мекӯшанд, ки дар машғулиятҳо аз маводи намоишӣ, аёниятҳо, бозиҳо ва усулҳои мушоҳида, суҳбат, саволу ҷавоб ва фаҳмондадиҳӣ фаровон истифода намоянд.
Дар ширхоргоҳ-кӯдакистон пайваста маҷлисҳои тиббии педагогӣ, суҳбатҳо, мизи мудаввар, семинарҳо оид ба пешгирии бемориҳои сирояткунанда ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни кормандон ва волидон баргузор мегарданд. Дар як сол ду маротиба кормандон ва тарбиятгирандагони муассиса аз назорати тиббӣ гузаронида мешаванд.
Дар кӯдакистон чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла, Рӯзи забон, Меҳргон, Рӯзи Парчам, Рӯзи Президент, Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Пойтахт, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва ғайра бо шукӯҳ баргузор мешаванд.
Кормандони муассиса баҳри ободонию кабудизоркунии муассиса ва атрофи он саҳми босазои худро мегузоранд.
Ҳангоми ифтитоҳи бинои кӯдакистон ҳайати кормандони ширхоргоҳ - кӯдакистон қавл дода буданд, ки дар таълиму тарбияи кӯдакон дониш, кӯшишу ғайрат ва малакаи хешро дареғ намедоранд. Тӯли чаҳор сол мешавад, ки кормандони ин муассиса баҳри иҷрои қавли худ пайваста заҳмат мекашанд ва то ҷое ба комёбиҳо ноил гардидаанд.
Заррина Нуралиева,
мутахассиси ширхоргоҳ - кӯдакистони №63,
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр