Барои њамаи мо, сокинони Тољикистони азизу соњибистиќлол, боиси ифтихору сарафрозист, ки диёри арљмандамон марњила ба марњила рушд меёбад, пеш меравад ва ободу зеботар мешавад. Аз файзи Истиќлоли давлатї ањли кишварамон беш аз сї сол боз зиндагии осоишта доранд ва бо азму иродаи ќавию устувор ба созандагию бунёдкорї машѓуланд. Мо, њамагон, ќаноатманду сипосгузор аз онем, ки дар таќвиятёбию шукуфоии Ватани мањбубамон љавонони саодатманди миллат наќши барљаставу мењварї ва хеле фарогир доранд.
Осори кору пайкор, љасорату иродати онњоро метавон дар тамоми љабњањои њаёти кишвар ба таври хеле равшану барљаста ба мушоњида гирифт ва барояшон њамду сано гуфт. Воќеан њам, љавонї неруи тозаву тавоност ва ин неру бояд, пеш аз њама, сарфи аъмоли неку самарбахшу мондагор шавад. Ниёгони баруманду хирадварамон садсолањо ќабл аз ин даъват аз љавонон кардаанд:
Дар љавонї саъй кун, гар бехалал хоњї амал,
Мева бенуќсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки љавонони саодатманди тољик ба андарзи ниёгони хеш садоќатманданд ва пайваста бар он мекўшанд, ки фарзанди арзандаву бовафои халќу миллату Ватани мањбуби худ бошанд, неруи ќудратманди љавониашонро сарфи корњои пурарзишу судманд намоянд. Дар Тољикистони соњибистиќлол эътибору эътимод ба љавонон ва неруи созандаи онњо хеле баланд аст. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон таваљљуњ ва ѓамхорї ба љавононро дар мењвари сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи худ гузоштаанд, ба љавонон эътиќоду боварии устувор доранд ва онњоро дилпурона «созандагони фардои кишвар» меноманду «рў овардан ба љавонон – рў овардан ба оянда аст» мегўянд. Суханони зерини Пешвои миллат саршор аз муњаббату самимият ва эътимод нисбат ба љавонони љумњурианд: «Мо аз љавонони кишвар умеди калон дорем, ки ваќтро ѓанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соњибистиќлол омўхтани илму дониш, касбу њунар, забонњои хориљї ва аз худ кардани техникаву технологияњои навтаринро вазифа ва маќсаду мароми њаррўзаи худ ќарор медињанд».
Бо ибтикору ташаббуси Сарвари кишвар дар љумњурї барои тањсилу омўзиш ва фаъолияти љавонон дар дарозои солњои соњибистиќлолии мамлакат тадбирњои зиёде андешида шудаанд. Пешвои муњтарами миллат њанўз дар нахустмарњилањои ба сари ќудрат омаданашон - 17 марти соли 1994 бо љавонони љумњурї мулоќот ороста, онњоро ба муттањидї, иродатмандию тањаммулгарої, ба њиссагузорї дар хомўш кардани оташи љанги дохилї ва ба омўзиши пайваста даъват бинмуда буданд. Ин маънои онро дорад, ки Сардори давлат аз оѓоз эътимоду эњтиром ба љавонон доштанду онњоро дастгарию роњнамої мекарданд. Аз ин мулоќоти таъриихю муассир чандон муддати зиёд нагузашта, бо маќсади дастгирии бештару њамешагии љавонон, ташаккул ва тарѓиби њаёти шоиставу пурсуд дар байни онњо, бо машѓулоти мувофиќ таъмин намудани ин ќишри фаъолу неруманди љомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодњои тозападид, њимояи њуќуќ ва манфиатњои насли љавон бо иќдоми Сарвари кишвар маќоми махсуси ваколатдори давлатї – Кумитаи кор ба љавонони назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд, ки чанд сол пасонтар он бавусъаттар гардида, номи Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро гирифт. Њамчунин, дар њаёти љавонони мамлакат њодисаи дигари таърихї ба вуќуъ пайваст: 23 май Рўзи љавонони Тољикистон эълон гардид. Дар иртибот ба ин њодисоти фархундаву нишотбахш Пешвои миллат чунин иброз доштанд: «Мо љавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи љомеаи навини кишварамон ва ояндаи халќамон эълон кардем ва дар њалли њамаи масъалањои њаёти љомеа ва давлат ба онњо такя мекунем». Таваљљуњу эътиќоди Президенти љумњурї нисбат ба љавонон дар марњилањои баъдї боз њам бештару фарогиртар шуд ва љабњањои гуногунро фаро гирифт. Аз љумла, њанўз соли 1998 стипендияи Президенти Тољикистон барои хонандагони муассисањои тањсилоти умумї, хонандагону донишљўёни муассисањои тањсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбї, њамчунин, Љоизаи ба номи Исмоили Сомонї барои олимони љавоне, ки дар соњањои илму техника корњои шоиставу пурсамар анљом додаанд, таъсис дода шуд. Таъйини квотањои Президентї барои идомаи тањсили љавонони лаёќатманд аз тамоми манотиќи мамлакат ва таъсиси стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» имконоту шароити бештару созгоре барои тањсили босамари ояндасозони миллат фароњам овард. Бо ташаббуси Њукумати мамлакат бо дањњо кишвари пешрафтаи дунё созишномањо ба имзо расиданд ва дар заминаи онњо солњо боз љавонони зиёди мо аз њисоби бурсияњои ройгони барои Тољикистон људошуда дар он давлатњо тањсил мекунанд. Љавонони мо њар ќадар ба омўзиши бавусъат машѓул шаванд, њамон ќадар тавонову фаъолу навовар хоњанд буд. Махсусан, омўзиши фанњои бозгўй ба талаботи рўзафзуни замони муосир боиси боз њам афзудани тавонмандиву имконоти љавонон мегардад. Аз ин љост, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ ба Маљлиси Олии љумњурї (26.12.2019) солњои 2020-2040-ро Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф эълон карданд. Баргузории озмунњои бонуфузу пурањмияти «Фурўѓи субњи доної китоб аст», «Тољикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурўѓи маърифат» марњилаи навинеро дар вусъати фаъолияти љавонон ифтитоњ бахшид ва доираи омўзиши онњоро густурдатар кард. Њадаф аз баргузории ин њама озмунњо он аст, ки љавонони мо њар чи бештар бохираду доно,зираку тавоно, бомаърифату соњибфазилат бошанд, њар чи бештар донишњои замонавї, улуми даќиќ ва технологияњои муосирро аз худ намоянд, забондониву хушрафториро пеша намоянд.
Дар рушду камолоти маънавию љисмонии љавонон, бешубња, варзиш наќши барљаста дорад. Варзиш, ба эътирофи умум, муассиртарин ва муњимтарин василаи бењдошти саломатї, обутоби љисмонї ва роњандозии њаёти солим ба шумор меравад, он њамчунин, омили ифтихору шарафмандї, таќвиятгари дўстию рафоќат ва муаррифи давлату миллат дар арсањои бонуфузи байналмилалї мањсуб мешавад. Дар кишвари мо њамасола дањњо иншооти нави варзишї бунёд мегарданд ва вобаста ба ин, сафи варзишгарон пайваста меафзояд. Бо маќсади рушди њамаљонибаи варзиш соли њафтум аст, ки Љоизаи Президенти Љумњурии Тољикистон таъсис ёфтааст ва то имрўз ба беш аз дусад нафар варзишгар, ки дар арсаи љањонї ному шарафи Тољикистонро бомуваффаќият њифз кардаанд, ин љоиза супорида шудааст. Мо ифтихормандем, ки Донишкадаи тарбияи љисмонии Тољикистон ба номи С.Рањимов дар омодасозии варзишгарони касбї, густаришёбии тарбияи љисмонї ва дар парчамафрозии шарафи варзишии Ватани мањбубамон беш аз панљоњ сол аст, ки хизмати шоиста мекунад. Дастпарварону шогирдони мо дар бонуфузтарин мусобиќоти дохилу хориљи мамлакат сатњи баланди мањорату истеъдоди худро намоиш додаву љоизањои зиёде ба даст овардаанд. Танњо дар давоми як соли охир шогирдони мо дар мусобиќоту чемпионатњои љањониву минтаќавї соњиби чилу ду медали тилло, бисту шаш медали нуќра ва сї медали биринљї гардиданд. Мо, њамчунин, аз он ифтихор дорем, ки аксар аъзои дастањои мунтахаби љумњурї оид ба намудњои варзиш хатмкардагони донишкадаамон мебошанд ва аз онњо имрўз тамоми сокинони кишвар мефахранд. Дар донишкада барои машќу тамрину тадриси донишљўён шароити созгор фароњам оварда шудааст, майдонњои варзишї, машќгоњу дарсхонањо бо таљњизоти зарурї муљањњазанд. Донишљўёни фаъол, иштирокдорону ѓолибони мусобиќоти гуногун пайваста дастгирї меёбанд. Шогирдони мо рўњбаландї аз ѓамхорињои рўзафзуни Пешвои миллат нисбат ба варзишгарон доранд ва мекўшанд, ки аз њар љињат пешраву мумтоз бошанд ва ба халќу миллати худ доиман содиќу вафодор бимонанд. Бояд гуфт, ки ватандўстї аз умдатарин фазилатњои њар варзишгари њаќиќист. Ин буд, ки чанде пеш бо амри дилу виљдон ва ихтиёран беш аз панљоњ нафар донишљўи мо ба сафи Ќуввањои Мусаллањи мамлакат дохил шуда, њамчун сарбозони далеру тавонои Ватан оѓози хизмат карданд. Мо аз чунин шогирдони шарафманду сарбаланди худ, воќеан њам, метавонем њамеша ифтихорманд бошем. Шиори љавонони мо дар њар лањзаву њар вазъ бо Ватан будан, шарафу шаъни он, Истиќлоли давлатии онро њифз кардан аст:
Барои Ватан љон фидо мекунем,
Ватан њар чи гўяд, адо мекунем!
Бояд гуфт, ки варзиш таъмингари њушёриву бедорї ва огањмандии љавонон низ мебошад. Он дар пешгирии шомилшавии љавонон ба сафи гурўњњои террористиву экстремистї, ки имрўзњо дар саросари љањон доман густурдаанду пеш аз њама, љавононро гўл задаву ба љонибдориашон љалб кардан мехоњанд, наќши муассир мебозад. Зарур аст, ки дар шароиту вазъи имрўзаи олам, ки азму талоши тамоми неруњои ифротгароиву иртиљої барои таъсиргузорї ба мафкураи љавонон ва истифодаи ќувваю зењни тавонои онњо бо маќсади амалисозии њадафњои манњусу муѓризонаи худ равона шудааст, љавонони мо бояд њамешаву њама љо њушёру бедор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надињанд ва доимо дар њифзи манфиатњои миллї, посдории давлату миллат омода бошанд.
Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба љавонон хеле самимона ва ѓамхоронаву падарона мурољиат карда, гуфтаанд: «Шумо, љавонони азиз, бояд њамеша дар љустуљўи илму донишњои муосир бошед, касбу њунарњои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соњибистиќлоли хеш содиќ бошед, сарзамини аљдодиро самимона дўст доред, сулњу оромї, суботи сиёсї ва вањдати миллиро њимоя кунед, нангу номус ва њисси баланди миллии худро њифз намоед, эњтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба љо оваред».
Љавонони хушбахту баландиќболи моро мебояд, ки ин суханони њикматбори Пешвои муаззами миллатро њамеша дар мадди назар дошта бошанд ва мувофиќ ба он њамчун ворисони сазовору садоќатоини ниёгони баруманди хеш тањсил, фаъолият ва гуфтору рафтор намоянд. Ин омил таъмингари њаќиќиву боэътимоди фардои боз њам пешрафтаву шукуфои Ватани азизамон хоњад буд.
Шодї САФАРОВ,
ректори Донишкадаи тарбияи љисмонии
Тољикистон ба номи С.Рањимов, профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр