Дар заминаи муаррифии њисоботи тадќиќотии «Афзалиятњои расонавии ањолии Љумњурии Тољикистон: ТВ, радио, нашрияњон чопї, сомонањо, шабакањои иљтимої ва мессенљерњо» муайян гардид, ки дар бахши ВАО-и чопї њафтаномаи «Омўзгор» яке аз серхонандатарин нашрияњои Тољикистон дониста шуд.
Дар назарпурсї ањолии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањру ноњияњои тобеи љумњурї ва шањри Душанбе ширкат варзиданд. Дар љамъбасти назарсанљї рўзномаи «Љумњурият» дар љойи якум,њафтаномаи «Омўзгор» дар љойи дуюм ва «Минбари халќ» дар љойи сеюмќарор гирифтанд.
Дар муаррифии ин назарсанљї намояндагони Маркази тадќиќоти сотсиологии «Зеркало», Ташкилоти љамъиятии «Машварати расонавї», коршиносони ВАО-и кишвар иштирок ва суханронї карданд.
Њисоботи тадќиќотї дар њаљми 82 сањифа бо сифат ва диаграммаву муќоисањои илмї интишор ва ба кормандони ВАО ва дигар мутахассисон пешнињод карда шуд.
Директори Маркази тадќиќоти сотсиологии «Зеркало» Ќањрамон Баќозода иброз дошт, ки лоињаи мазкур дар муайян намудани мавќеи ВАО-и кишвар амалї мегардад. Шоистаи таъкид аст, ки солњои 2018 ва 2019 низ нашрияи «Омўзгор» тибќи пурсишњои сотсиологї, ки аз тарафи ин нињод гузаронида шуда буд, дар байни дигар нашрияњо љойи дуюмро касб кард. Ин аз он шањодат медињад, ки таваљљуњи мардум, омўзгорону хонандагон ба нашрия сол аз сол зиёдтар гардида, он мавќеи худро мунтазам тањким мебахшад.
Воќеан, нашрияи «Омўзгор» дар татбиќи сиёсати давлат дар соњањои маорифу илм ва таблиѓу муаррифии дастовардњои соњањои мазкур сањми босазо гузошта, дар сањифањои он пайваста матолиби љолибу пурмуњтаво ва рангину хонданї ба табъ мерасанд. Кормандони нашрия дар масоилу мавзуоти мухталифи маорифу илм, аз ќабили равандњои љолибу навгароёна дар низоми тањсилот, усулу шевањои судманди таълимї, робитаи волидон бо муассисањои таълимї, ислоњоту дигаргунињо ва баррасии мушкилоти соња, муаррифии фаъолияти бенуќсону ибратомўзи омўзгорону устодон ва амсоли инњо маќолаю гузоришњо таълиф ва нашр менамоянд, ки ањамияти маърифатию омўзишї доранд ва ба тањкиму густариши соња мусоидат мекунанд.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр