Нашрияи Омӯзгор

Ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

Сана: 2022-06-02        Дида шуд: 35        Шарҳ: 0

Тибќи ќарори Раиси шањри Душанбе Рустами Эмомалї, аз 14 июн то 9 августи соли равон 10 њазору 352 нафар кўдаку навраси пойтахт ба истироњатгоњњои тобистона фаро гирифта мешаванд.

Тибќи ќарори мазкур, Сарраёсати маорифи шањри Душанбе вазифадор гардидааст, ки истироњатгоњњои берунишањрї ва майдончањои тандурустиву солимгардонии назди муассисањои таълимии шањрро бо кадрњои роњбарикунанда, мураббия, омўзгор ва роњбарони бадеию варзишї таъмин намуда, доир ба баргузории чорабинињои таълимию тарбиявї ва фарњангї, ки дар баланд бардоштани сатњи маънавиёти кўдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирњои самаранок андешад.

Сарраёсати маориф, њамчунин, барои дар истироњатгоњњои берунишањрї ва майдончањои солимгардонии назди муассисањои таълимии шањри Душанбе ташкил намудани гурўњњои истироњатї-омўзишии фанњои даќиќ ва омўзиши забонњои русию англисї барои хонандагони болаёќат ва назорати фаъолияти онњо муваззаф гардидааст.

Тавре сардори Раёсати муассисањои томактабї ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шањри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, тибќи ќарори мазкур дар истироњатгоњњои беруназшањрии «Зимчурўд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу» 4192 нафар кўдаку наврас, дар майдончањои истироњатию солимгардонии назди муассисањои таълимї 6160 нафар кўдаку наврас ба истироњати тобистона фаро гирифта мешаванд.

Истироњати кўдакону наврасон ба чор баст људо гардида, давомнокии он 11 рўзи ройгонро ташкил медињад.  Маќсад аз он љалби кўдакону наврасон ба сайёњиву солимгардонї, тарбияи ватандўстиву завќи зебоипарастї мебошад, - афзуд Асомиддин Бобозода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш