Нашрияи Омӯзгор

Муаррифии платформаи рақамии «Сандуқчаи зулбиё»

Сана: 2022-06-02        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

31-уми майи соли љорї дар мењмонхонаи “Њайат Рељенси”-и шањри Душанбе муаррифии расмии платформаи раќамии тањсилоти томактабии “Сандуќчаи зулбиё” доир гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тољикистон Осама Маккавї ба таври њузурї ва муовини директори минтаќавии ЮНИСЕФ оид ба кишварњои Аврупо ва Осиёи Марказї Филипп Кори ба таври онлайнї иштирок ва суханронї намуданд.

З.  Абдулзода – муовини вазири маориф ва илм зикр кард, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки бањри амалї намудани дастуру супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади дастгирии самтњои афзалиятноки таълими кўдакони хурдсол, тавсеаи фарогирї ва  баланд бардоштани бахши таълими кўдакони хурдсол раќамикунонии  соњаи тањсилот, татбиќи Барномањои давлатї, аз љумла, Барномаи миёнамуњлати рушди иќтисоди раќамї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025, аз 26.10.2021, №460, иљрои Наќшаи фаъолияти якљояи Вазорати маориф ва илми  Љумњурии Тољикистон  ва  Намояндаи Хазинаи Кўдакони Созмони Миллали Муттањид дар Тољикистон (ЮНИСЕФ) барои солњои 2021-2022 лоињањои платформањои раќамиро дар муассисањои  таълимї  амалї намояд.

Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тољикистон Осама Маккавї таъкид дошт, ки љињати ноил гардидан ба њадафи мазкур, инчунин, такмили сифат ва фарогирии тањсилот барои кўдакон ва љавонон дар Љумњурии Тољикистон, ЮНИСЕФ ба њамкорї бо тамоми шарикон содиќ хоњад монд.

Муовини директори минтаќавии ЮНИСЕФ оид ба кишварњои Аврупо ва Осиёи Марказї   Филипп Кори ќайд кард, ки кўдакони аз њама бештар осебпазир аз ќабили кўдакони гурезагон ё кўдаконе, ки дар љамоатњои дурдасти дењот умр ба сар мебаранд, инчунин, кўдакони дорои маъюбият аксар ваќт дастрасии боз њам камтар ба тањсилоти босифат доранд. Њамин тариќ, пешнињод намудани платформањои раќамї барои тањсилоти томактабї вокуниши инноватсионї ба буњрони байналмилалии натиљањои босифати таълимї дар тањсилоти томактабї мебошанд.

Сипас, платформаи раќамии “Сандуќчаи зулбиё” муаррифї гардид.  Зимни муаррифї мутахассис оид ба соњаи маорифи ЮНИСЕФ Мак Гловинский сухан ронда, њамзамон, оид ба вазъи муассисањои томактабї дар Љумњурии Тољикистон Ќутбиддин Муњиддинзода, оид ба трансформатсияи раќамии системаи маориф ва технологияњои раќамї дар таълими томактабї Абдурањмон Гулзода баромад карданд.

Бояд гуфт, ки “Сандуќчаи зулбиё” (www.tomaktabi.tj) як платформаи танзимшаванда ва раќамии таълимї мебошад, ки дар натиљаи шарикии байни ЮНИСЕФ ва ширкати “Microsoft” ба вуљуд омадааст. Дар оѓоз платформа љињати вокуниш ба буњрони муњољирон, таъмини имконияти тањсил дар сафар ва гум нашудани ќайдњои тањсилоти кўдак дар ваќти кўчидан эљод шуда буд. Аммо, платформа роњњои истифодабарии хеле васеътар дорад ва њоло миќёси он барои дастгирии тањсили 5,4 миллион кўдак дар минтаќаи Аврупо ва Осиёи Марказї васеъ мешаванд, ки аз байни онњо якуним миллион кўдак дар Тољикистон умр ба сар мебаранд. Кишварњои минтаќаи мазкур равиши инноватсиониро истифода бурда, ин платформаи дастраси таълимиро барои ноил гардидан ба афзалиятњои соњаи тањсилоти томактабї татбиќ намудаанд. Вазифаи мазкур тавассути такмили дониш ва малакањои омўзгорон ва кўдакони синну соли томактабї иљро карда мешавад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш