Нашрияи Омӯзгор

Китобҳои дарсӣ таҷдиди назар мешаванд

Сана: 2022-06-02        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

28-уми майи соли љорї дар Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф вохўрии вазири маориф ва илм Рањим Саидзода бо муаллифони китобњои дарсї, роњбарони гурўњњои њамоњангсози Шўрои миллии тањсилот ва намояндагони муассиса ва ширкатњои ноширї баргузор гардид.

Вазири маориф ва илм Р.  Саидзода вобаста ба мушкилот ва дурнамои тањия ва нашри адабиёти таълимї барои муассисањои тањсилоти умумї сухан ронда, зикр кард, ки асоси њама гуна ислоњоту навгонї дар соњаи маориф ва бењтар шудани сифати тањсилот ба тањияи китобњои дарсии ба талаботи стандарти тањсилот мутобиќ вобаста аст.

Дар идома вазир зикр кард, ки њарчанд аз соли 2000-ум то имрўз аз љониби Вазорати маориф ва илм нашри 724 номгўй китоби дарсї (бо назардошти нашрњои такрорї) бо теъдоди 48 миллиону 394 њазору 611 нусха ба роњ монда шуда бошад њам, аммо њанўз норасоии китобњои дарсї дида мешавад, ки яке аз сабабњои он, њамасола зиёд шудани шумораи хонандагони муассисањои тањсилоти умумї мебошад.

Танњо давоми соли 2021 ва панљ моњи соли љорї аз љониби Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба раёсату шуъбањои маорифи шањру ноњияњои љумњурї 4 миллиону 700 њазору 81 нусха китоби дарсї ва 210 њазору 457 нусха маводи таълим дастрас карда шудааст.

-  Ба назари мо, дар баробари тањия ва таљдиди назар шудани мазмуну мундариљаи китобњои дарсї, бояд ба он нукта таваљљуњ кунем, ки хонандагони муассисањои таълимии кишвар дар рўњияи худогоњиву шинохти асолати миллї ва гузаштаи пурњикмату наљиби таърихї ба камол расанд.

Яке аз масъалањои дигари њалталаб, ки боиси камтаваљљуњии муаллифон барои навиштани китобњои дарсї мегардад, нокифоя будани њаќќи ќалам аст. Бинобар ин, Маркази тањия, нашр ва муомилоти китобњои дарсї, илмию методї вазифадор карда мешавад, ки роњњои зиёд кардани њаќќи ќалами муаллифонро омўхта, барои њавасмандгардонии муаллифони китобњои дарсї (баланд бардоштани њаќќи ќалами муаллифон, ба осоишгоњњо фиристодан, ба муддати муайян ба рухсатии эљодии фиристодан, ба мукофотњои соњавиву давлатї пешнињод кардани онњо) пешнињод манзур намояд.

Тањия, тарљума ва нашри адабиёти таълимї барои муассисањои тањсилоти умумии таълимашон ба забонњои ѓайридавлатї низ самти дигари соњаро ташкил медињад. Њукумати Љумњурии Тољикистон, аз љумла, Вазорати маориф ва илм ба мушкилињои муассисањои таълимии ѓайритољикї ва ба роњ мондани омўзиши таъриху фарњанги тољикї дар ин муассисањо диќќати махсус дода, барои њал кардани масъалањои атрофи онњо кўшишњои зиёд ба харљ медињад. Барои бо забонњои русї, ўзбекї, ќирѓизї ва туркманї тарљума кардани китобњои дарсии дар муассисањои тањсилоти умумии Тољикистон амалкунанда аз соли 2020 гурўњњои корї таъсис дода шудааст.

Дар идома ќайд гардид, ки имрўз Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо 19 муассиса ва ширкатњои ноширї дар самти чопи адабиёти таълимї њамкорї дорад. Айни замон чопи 38 номгўй китоби дарсї бо теъдоди 3 миллиону 830 њазору 440 нусха дар чопхонањои ватанї идома дошта, давра ба давра нашр ва тибќи эњтиёљоти пешнињодшуда ба шуъбањои маорифи шањру ноњияњои љумњурї дастрас гардо-нида мешаванд. Сипас, як гурўњ муаллифони китобњои дарсї, аз љумла, Ф.  Комилиён, А.  Шарифзода, М. Нугмонов, Т. Зиёзода таклифу пешнињодоти худро вобаста ба бењтар гардидани раванди тањия ва нашри китобњои дарсї манзур намуданд.

Дар охир вазири маориф ва илм ба роњбарони сохторњои дахлдори вазорат љињати дар амал татбиќ намудани таклифу пешнињодоти манзуршуда дастуру супоришњои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш