Тибќи дастури вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, гурўњи корї дар њайати муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, сармутахассиси раёсати тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї Љалолиддин Амиров ва директори муассисаи давлатии тањсилоти миёнаи умумї (ѓоибона) барои наврасон ва калонсолон Умед Чоршанбезода рўзњои 27-30 майи соли 2022 аз муассисањои таълимии шањри Хоруѓ ва ноњияи Рўшони ВМКБ дидан намуданд.
Нахуст гурўњи корї бо раиси шањри Хоруѓ вохўрда, оид ба вазъи муассисањои таълимии шањр, раванди омодагї ба аттестатсияи хатм ва имтињонњои љорї дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, Донишгоњи давлатии Хоруѓ ба номи М.Назаршоев ва коллељи тиббии шањри Хоруѓ суњбат намуд.
Сипас, муовини вазир дар муассисањои таълимии №№5, 6, 7, 8, коллељи тиббии шањри Хоруѓ, Донишгоњи давлатии Хоруѓ ба номи М.Назаршоев ва раёсати маорифи вилоят бо омўзгорону мутахассисон ва донишљўён суњбату вохўрї доир намуда, вобаста ба саволу дархостњои онњо дар робита ба имтињонњои хатм ва љорї, ќабул тариќи Маркази миллии тестї, ќабул ба мактабњои олии кишварњои хориљ, норасоии китобњо ва маводњои таълимї дар коллељи тиббии шањри Хоруѓ ва таъмиру тармими муассисањои таълимї посухњои мушаххас дод.
Гурўњи корї дар ноњияи Рўшон бо муовини раиси ноњия Лайло Чоршанбезода, мудири шуъбаи маориф ва кормандони шуъбаи маориф вохўрда, бо вазъи таълиму тарбия ва дигар масъалањои марбут ба тањсили хонандагону фаъолияти муассисањои таълимї шинос гардид. Баъдан дар мактаб-интернати љумњуриявї барои кўдакони ятим дар ноњияи Рўшон бо вазъи зист ва таълиму тарбияи кўдакони ятим шинос шуда, барои зери назорати доими ќарор додани кўдакони ятим ба мудири шуъбаи маорифи ноњия, роњбарият ва омўзгорони муассисаи таълимї дастуру супоришњои мушаххас дода шуд.
Муассисањои таълимии шањри Хоруѓ ва ноњияи Рўшон фаъолияти бонизом доранд. Њамазмон, мушоњида гардид, ки рўзи 29-уми май дар доираи фармоиши раиси Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон њама омўзгорону хонандагон ва донишљўён фориѓ аз дарс ба шанбегї баромада, дар тозаю озода намудани муассисањои таълимї, гирду атрофи онњо ва шањру ноњияњои худ бо рўњияи болида сањм гузоштанд.
Хонандагону донишљўён ва омўзгорону кормандони соњаи маорифи шањри Хоруѓ ва ноњияи Рўшон аз сиёсати Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон изњори сипос намуда, барои бо бањои хубу аъло љамъбаст намудани аттестатсияи хатм ва имтињонњои љорї, сањм гирифтан дар ободонї ва сабзу хуррамгардонии муассисањои таълимї, ташкили истироњати тобистонаи кўдакону наврасон ва иштироки фаъолона дар озмунњои љумњуриявии «Тољикистон – Ватани азизи ман», «Фурўѓи субњи доної китоб аст», «Илм-фурўѓи маърифат» изњори омодагї намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр