Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон муайян гардиданд

Сана: 2022-06-02        Дида шуд: 50        Шарҳ: 0

26-уми майи соли љорї бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар коллељи омўзгории ба номи Хосият Махсумова озмуни љумњуриявии донишљўёни муассисањои тањсилоти миёнаи касбї аз фанњои таълимї баргузор гардид, ки дар он 280 нафар донишљў аз 67 муассисаи тањсилоти миёнаи касбї сабќат намуданд.

Озмуни мазкур аз рўйи фанњои физика, химия, биология, математика ва информатика гузаронида шуд.

Рўзи 27-уми май дар толори коллељи омўзгории ба номи Хосият Махсумова маросими љамъбасти озмуни мазкур ва љоизасупорї ба ѓолибони озмуни мазкур доир гардид.

Лутфия Абдулхолиќзода, муовини вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, ќабл аз оѓози маросим иброз намуд, ки доварони озмун зањмату талошњои њар нафар иштирокчиро ба назар гирифта, ба натиљаи кори онњо бањои воќеъбинона доданд.

-Маълум шуд нафароне, ки дар даври имсолаи озмун ѓолиб омаданд, ќаблан омодагии љиддї дида, бањри таќвияти донишу мањоратњои худ талош варзидаанд. Иштирокчиёне, ки бо сабаби нокифоя будани холњои бадастовардаашон натавонистанд соњиби яке аз љойњои ифтихорї гарданд, метавонанд, ки дар солњои оянда аз нав ширкат варзанд ва љойњои намоёну љоизањои озмунро ба даст оваранд, -ќайд намуд муовини вазир.

Баъд аз ин, Бобољон Мањмадализода-мутахассиси пешбари раёсати тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбии вазорат ѓолибони љойњои якум, дуюм, сеюми озмун ва нафаронеро, ки бо љойњои ифтихорї сарфароз гардонида шуданд, эълон намуд.

Њамин тариќ, аз шумораи умумии 280 нафар иштирокчї 15 нафар љойњои якум, дуюм, сеюмро ба даст оварда, соњиби Диплом ва туњфањои Кумитаи тадорукоти озмун гардиданд. Њамзамон, ба 14 нафар иштирокчї барои иштироки фаъолона дар даври љумњуриявии озмун “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таќдим карда шуд.

Аз рўйи бањогузории љамъбасти умумї, дастаи коллељи технологї-фарматсевтии Тољикистон сазовори љойи якум, коллељи тиббии шањри Хуљанд ба номи Б.Исњоќї сазовори љойи дуюм ва коллељи тиббии иљтимоии ноњияи Леваканд сазовори љойи сеюм гардида, ба роњбарияти ин муассисањо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таќдим карда шуд.

Инчунин, аз љониби раиси Шурои директорони муассисањои тањсилоти миёнаи касбї Шањло Ашўриён ба 30 муассисаи тањсилоти миёнаи касбї ва 10 нафар донишљў барои иштироки фаъолона дар Озмуни љумњуриявии донишљўёни муассисањои тањсилоти миёнаи касбї аз фанњои таълимї “Сипоснома”-и Шурои директорони муассисањои тањсилоти миёнаи касбї супорида шуд.

Ифтихора Эшбойзода, донишљўйи соли якуми коллељи тиббии шањри Панљакент, ки аз фанни биология љойи аввалро сазовор гардид, бо хушњолї иброз дошт, ки аз соњиб шудани љойи аввал дар њаяљон аст.

-Аз аввал боварї доштам, ки дар озмуни мазкур ѓолиб меоям, бо вуљуди он ки дар рафти озмун раќобат хеле љиддї ва пуршиддат сурат гирифт, каме нигаронї њам дар дилам пайдо гардида буд. Сипоси худро ба тамоми омўзгороне, ки дар таълиму тарбияи камина сањми босазо доранд, мерасонам, -гуфт И.Эшбойзода.

Бахтовар САФАРОВ,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш