Нашрияи Омӯзгор

Забони қадиму асил

Сана: 2022-06-02        Дида шуд: 48        Шарҳ: 0

Таърих собит намудааст, ки устуворї ва пойдории њар миллату давлат, пеш аз њама, аз забони миллї вобаста аст. Миллату давлатњое, ки дар давоми мављудияти таърихии худ бо тамаддун ва осори гаронбањо ба иллати аз даст додани рўњи миллии хеш, яъне забони модарї аз сањифаи таърих дур шудаанд, кам нестанд.

Забон њамчун љузъи фарњанги миллї сайру таърихи тўлонї дорад. Бо мурури замон ва гузашти садсолањо аз шохањои забони ориёї дигар забонњо вобаста ба давру замон ва макону мањалњо ба вуљуд омаданд.

«Забони давлатї аз рукнњои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорї ва суботи давлати миллї маќому наќши муњим дорад ва аз њамин хотир аст, ки мо дар Тољикистон забони миллатро њастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем».

Бо такя ба ин суханони Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон метавон гуфт, ки забони давлатї шањодатномаи шинохти миллат дар тўли таърихи башар ва пойдевори устувори насли дирўз, имрўз ва фардои миллати тољик аст. Миллати тољик дар тўли таърих барои нигоњдории ин мероси модарї тамоми шебу фароз ва фишорњои њукуматдорони замонро паси сар намуд.

Бунёди заминаи њуќуќии забони давлатї ва татбиќ намудани ин меъёр аввалин маротиба дар замони соњибистиќлолии кишвар амалї шуд. Исботи ин гуфтањо дар моддаи 2-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон нишон дода шудааст. Ин санади олї, арзиши забони миллї ва миллатњоеро, ки дар Тољикистон зиндагонї менамоянд, танзим мекунад. Ин иќтибосро аз Конститутсияи Љумњурии Тољикистон овардан айни муддаост: «…Њамаи миллатњо ва халќиятњое, ки дар њудуди љумњурї зиндагї мекунанд, њуќуќ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

Дар даврони истиќлол бо ташаббуси Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ва ањли зиёи кишвар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид. Имрўз шоњиди он њастем, ки забони давлатї дар тамоми самтњои фаъолияти Њукумати кишвар ва мардуми шарифи он дар сатњи баланд роњандозї гардидааст.

Дар тўли дањсолањои охир забони давлатии мардуми Тољикистон - забони тољикї (модарї) ба фењристи забони сиёсат, коргузорї, илм, адабиёт ва равобити дипломатї дохил шуда. Имрўз бо ќаноатмандї метавон гуфт, ки забони тољикї дар тамоми сохторњои давлатї забони коргузорї, эљоди ќонуну ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, забони илм дар тањия ва таълифи китобњои илмї, бадеї ва рисолањои илмї олимону донишмандон ва забони таъмини равобити дипломатї дар тањияи санадњои дуљониба ва бисёрљонибаи сатњи олї, инчунин, баимзорасонии созишномањои њамкорї бо бештар аз 160 давлати дунё эътироф гаридааст, ки ин ифтихори басо бузург мебошад.

Даврони истиќлол марњилаи нави рушди забони тољикиро дар миќёси олам муаррифї намуд. Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар мубоњисањои умумии Иљлосияи 72-юми Маљмааи Умумии Созмони Милали Муттањид аз ин лињоз, њодисаи муњим гардид. Пешвои миллати тољикон бо забони ноби тољикї аз ин минбари баланд суханронї намуд. Бояд иброз дошт, ки тайи солњои охир забони тољикї бомаром рушд кард ва барои њифзи асолати забони тољикї дар кишвар имрўз Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоњи Рўдакї фаъолият намуда истодааст, ки ин барои тањкими минбаъаи рушди забони давлатї заминаи муњим мегузорад. Бо фаъолияти   босамари ин ду боргоњи илмї љињати устувор намудани пояњои забони давлатї наќшаву барномањои муассир тањия ва барои миллати тољик эњдо мегарданд.

Забони тољикї дар маќоми забони давлатии Љумњурии Тољикистон ќарор дошта, тайи садсолањо бо вуљуди мушкилињои зиёди пешомада зина ба зина ташаккул ва такомул ёфтааст. Вазифаи муњиме, ки имрўз пешорўи ањли илму маорифи кишвар ќарор дорад, ба маќоми забони илм расонидани забони тољикї аст.

Забон на танњо воситаи баёни фикру андеша, балки нишона ва арзиши миллии њар як миллату давлат аст. Њар як миллат тавассути забону фарњангаш шинохта мешавад. Забон, инчунин, воситаи муќтадири сарљамъии миллат ва њамаи онњоест, ки дар гўшањои гуногуни олами њастї ин сарвати бебањоро пос медоранд. Дар њамаи кишварњои абарќудрат пинњониву ошкоро ба тарѓибу ташвиќи забони хеш мекўшанд ва дар ин роњ аз усулњои гуногун истифода мебаранд, зеро мањз тавассути забон таъриху фарњанги њар як миллат муаррифї мегардад. Масалан, агар ба омўхтани забони англисї ё дигар забонњои хориљї машѓул мешавем, њатман ба таърихи гузашта ва расму оинњои халќи англис ё дигар халќу   миллатњо руљуъ мекунем. Аз ин сабаб забон њамеша, њамчун таљассумгари халќу миллат азизу арљманд аст.

Забони тољикї дар раванди ташаккул ва тањаввули худ роњи нињоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санљишу имтињои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрўз, яъне дар даврони соњибистиќлолї ва бунёди давлати миллї низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнњои асосии давлатдорї ва омили љомеасозу вањдатофарин идома дода истодааст.

Забони давлатї аз рукнњои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорї ва суботи давлати миллї маќому забони миллатро њастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем. Ин забони ќадиму асил сарвати бебањо ва аз љумлаи муќаддасоти миллии мост. Забон неъмати бебањои зиндагии ањли башар мебошад.  Инсон фаќат тавассути забон метавонад эњсос ва фикру андешањои худро иброз намояд. Забони миллї оинаи пурљилои таърих, љањони маънавї ва хираду маърифати њар як халќу миллат ба шумор меравад. Забони тољикї дар шумули ќадимтарин забонњои Хуросону Мовароуннањр меросбари забонњои бостонии ориёист. Ќарзи фарзандї ва рисолати инсонист, ки забони модариро азиз шуморем, дўст дорем онро мисли модар. Гуфтањои зерини мењрбори Пешвои миллатро мехоњам њамчун њусни анљоми ин нигоштањои хеш биоварам: “Ин забони ќадиму асил сарвати бебањо ва аз љумлаи муќаддасоти миллии мост. Забон воситаест, ки инсонро ба волотарин маќом мерасонад, аз ранљу машаќќатњо мерањонад, љањони андешаву имконот бияфзояд, назару андешањои амиќ дар тафаккур бисозад, то парвозгоњи маънї ба амали нек рањсипор намояд. Мо, соњибзабонон, дар назди наслњои фардо барои њифзи асолату покизагї ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд њамчун арзиши бебањои миллї посдориву нигањбонї намуда, барои рушду таќвияти минбаъдаи он аз њамаи имконоти мављуда босамар истифода барем”.

Муњаммадсалим ЌУРБОНЗОДА,

директори филиали Донишкадаи љумњуриявии

такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф

дар шањри Душанбе,номзади илмњои педагогї


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш