Нашрияи Омӯзгор

Марҳалаи муборизаҳои оштинопазир

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Ҳангоми баёни мавзӯъҳо аз фанни таърихи халқи тоҷик дар синфи 8 ман бештар аз сарчашмаю маъхаз ва асарҳои муаррихон истифода мекунам.

Аз ҷумла, ин усули таълимиро дар тафсири мавзӯъҳои «Вазъи давлати Темуриён дар арафаи ҳуҷуми Шайбонихон», «Ташкил ёфтани давлати Шайбониён», «Ҷангу низоъҳо дар миёнаҳои асри XVI дар Мовароуннаҳр» роҳандозӣ намуда, бо овардани далелу арқоми таърихӣ мавзӯъҳои номбурдашударо мустаҳкам менамоям. Тавре ки маълум аст, Шайбонихон тирамоҳи соли 909-и ҳиҷрӣ-қамар баробар ба 1503-и милодӣ аз Самарқанд ба Балх лашкар кашид. Шайбонихон бо 10000 сарбоз Балхро ба муҳосира гирифта, тамоми роҳу усулҳоро муддати 3 моҳ истифода кард, то ки шаҳрро ба зери тасаррруфи худ дарорад, аммо ба муқобилияти шадиди мардуми ватандӯсти тоҷик дучор  гашта, ночор ба Самарқанд баргашт. Пас аз ин, Муҳаммад Шайбонихон ба вилояти Ҳисор лашкар кашид. Тибқи  ахбори «Бобурнома», Шайбонихон забти Ҳисорро ба писарамакҳояш-Ҳамза султон ва Маҳди султон вогузошта, худаш баҳри тасарруфи  Қундуз талош кард. Моҳҳои март-апрели соли 1504 Ҳисор шикаст дода шуд ва дар ибтидои асри XVI комилан хароб гардид. Баъдан Шайбонихон дар ҷангҳои хунин ва муқовиматситезонаи мардум шаҳрҳои калонтарини Мовароуннаҳр - Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Фарғона, Хуҷанд ва Ӯротеппаро низ ба зери дасти худ даровард. Шоҳи Эрон Исмоили Сафавӣ бошад, соли 1510 ба Хуросон лашкар кашид. 2 декабри соли 1510 сарбозони Шоҳ Исмоили Сафавӣ лашкари 30 хазорнафараи Шайбонихонро шикаст доданд. Шайбонихон дар муҳосира афтид ва бо 500 сарбози худ маҷбур шуд, ки аз майдони ҷанг фирор намояд. Вале дар вақти фирор зери пойи сарбозони фирории хеш афтид ва бар асари фишор ба пайкараш ҷон дод. Ин ҳодисаро дар асари худ Амир Маҳмуди Хондамир-«Таърихи Шоҳ Исмоил ва шоҳ Таҳмосби Сафавӣ» ин тавр баён кардааст:

«…Баъд аз тафаҳҳус (ҷустуҷӯ)-и бисёр ҷасади ӯро (Шайбонихонро) дар зери аҷсоди сарбозони мақтул ёфтанд, безахмеву чароҳате, дарҳол сараш аз тан ҷудо карданд, назди наввоби комёб Исмоили Сафавӣ оварданд. Он ҳазрат пас аз эҳзори сар ҷасади пурҳасади ӯро талаб дошт… Филҳол ҷасади ӯро ҳозир оварданд ва қаҳрамони сафдар (Исмоили Сафавӣ) се зарбати шамшер бар ишкамаш зада… баъд аз он фармуд, ки косаи сари ӯро дар тилло гирифта, ба ҷавоҳири гаронмоя тарсеъ дода, қадаҳе сохтанд ва дар суҳбати шароб аз он қадаҳ шароб менӯшиданд…»

Ҳамчунин, ҳангоми таълими мавзӯъҳои мазкур ман аз асарҳои Заҳириддин Муҳаммад Бобур-«Бобурнома», «Оламорои Сафавӣ», «Сулук-ул-мулук» «Таъриқи Роқим», «Меҳмонномаи Бухоро», «Таърихи оламорои Аббосӣ» «Ҷаҳонкушои хокон» «Шайбонинома» «Ҳабиб-ус-сияр» истифода мекунам. Ташкили саволу ҷавоб, корбурди супоришҳои тестӣ ва азхуд намудани санаҳои муҳими таърихӣ дар дарси таърих муҳим мебошад.

 

Гулбаҳор АЛМАТОВА,

омӯзгори гимназияи №2,

ноҳияи Шоҳмансур

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш