Нашрияи Омӯзгор

Таътил бояд пурсамар бошад

Сана: 2022-06-02        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо маќсади самаранок гузаронидани таътили тобистонаи хонандагони муассисањои таълимии љумњурї, дар њамкории омўзгорони муассисањои таълимї бо падару модарон ва дигар ањли љамоатчигї андешидани тадбирњои зайлро мувофиќи маќсад мењисобад.

Албатта, мувофиќи маќсад аст, ки хонандагон дар робита бо муассисањои таълимї таътили худро дар фароѓатгоњњову осоишгоњњо, истироњатгоњњои наздимактабию шањриву ноњиявї, китобхонаву марказњои таълимию омўзишї, забономўзиву њунаромўзї, њунармандї, ба бозию мусобиќањои шоњмоту шашкабозї ва намудњои гуногуни варзишї мегузарониданд.

Ба хонандагон вобаста ба иљрои Амрњои Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи гузаронидани озмунњои љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної китоб аст», “Илм- фурўѓи маърифат” ва “Тољикистон – Ватани азизи ман” дастуру тавсияњо дода, бо маќсади дастрасии адабиёти бадеї ва маводи дигари таълимию методї ва амалї мусоидат карда, барои омода кардани хонандагон ба чунин озмунњо чорањои амалї андешанд.

Миёни хонандагони њар як синф, зинањои таълимї, муассисаи таълимї ва дар сатњи мањаллу љамоат ва шањру ноњияњо бояд бењтарин хонандаю донандаи асари безаволи “Тољикон”-и аллома Бобољон Ѓафуров муайян ва ошкору њавасманд карда шавад. Ба манфиат аст, агар аз ин ба баъд мавзуъњо барои наќли хаттиву эссе ва навиштани иншои хонандагон бештар дар атрофи мавзуъњо, бобу ќисмат ва фаслњои алоњидаи “Тољикон” низ ба роњ монда шавад.

Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон “Дар бораи  “Бистсолаи омўзиш  ва  рушди  фанњои табиатшиносї,  даќиќ ва  риёзї  дар  соњаи  илму маориф”  эълон  намудани  солњои  2020-2040” ва  ќарори  Њукумати Љумњурии  Тољикистон “Дар бораи Стратегияи омўзиш ва  рушди  фанњои риёзї, даќиќ ва табиї дар соњаи  маориф ва  илм дар давраи  то соли 2030”-ро ба роњбарї  гирифта,  хонандагони майлу хоњиш ва шавќу раѓбатдоштаи  самти  фанњои  табиатшиносї, даќиќ ва риёзиро  дар мувофиќа  бо  омўзгорони касбї  ба  таври  инфиродї ба тањсили  иловагї  фаро гирифтан,  мувофиќи маќсад аст.

Вобаста  ба  иљрои бандњои 54, 55, 56 ва 57-и “Барномаи рушди забони давлатї барои солњои 2020-2030” (ќарори Њукумати  Љумњурии Тољикистон  аз  28  ноябри  соли  2020, №647)  ва бандњои 25, 26, 27 ва 28-и Наќшаи чорабинињои Вазорати маориф ва  илми Љумњурии  Тољикистон “Оид  ба  иљрои  Барномаи рушди  забони  давлатї барои  солњои  2020-2030” (фармоиши  вазири  мао-риф  ва  илми  Љумњурии Тољикистон  аз  18 декабри соли 2020, №2500) роњбарони  муассисањои таълимї дар якљоягї бо падару модарон дар масъалаи  бењтарин  донандаи забони  тољикї дар  байни  таълимгирандагони муассисањои  таълимии томактабї,  тањсилоти миёнаи  умумї,  ибтидої, миёна  ва  олии  касбї  ва аќаллиятњои  миллии  сокини Тољикистон озмунњо баргузор намуда, доир ба ин масъала  олимпиадањо ташкил намоянд.

Миёни хонандагон дар давоми таътили тобистона озмуни “Китобхони бењтарин”-ро гузаронида, то љашни Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон љамъбаст ва ѓолибонро муайян карда, миёни њар як синф хонандаи фаъоли “Китобхони бењтарин”-ро бо назардошти адабиёти тавсияшуда ва адабиёти иловагии мутолиашуда муайян ва бењтаринњоро њавасманд гардонанд.

Раљабалї САНГОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш