Яке аз масъалањои рўзмарраи љомеаи имрўза њифзи њуќуќњои кўдакон мебошад. Љињати боз њам бењтару хубтар ба роњ мондани раванди таълиму тарбияи насли наврас ва њифзи њуќуќњои онњо аз њама гуна зўроварии хонаводагї дар кишвар, ќонунњо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила» ќабул гардидаанд. Дарин радиф, барои дуруст ба роњ мондани назорат ва татбиќи механизми Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бо супориши Президенти Љумњурии Тољикистон дар Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон воњиди нави сохторї таъсис дода шуд.
Дар ин самт бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон Комиссия оид ба њуќуќи кўдак дар назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудааст, ки сиёсати давлатиро дар соњаи њифзи њуќуќи кўдак амалї менамояд. Њамзамон барои самарабахш амалї шудани њуќуќњои кўдак ва њифзи он дар кишвар бо супориш ва сањми бевосиати Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паёми хеш дар соли љорї институти Ваколатдор оид ба њуќуќи кўдак таъсис дода шуд, ки ин бори дигар аз он гувоњї медињад, ки давлату њукумат дар ин самт ањамияти аввалиндараља медињад.
Хушбахтона, соли љорї бо дарназардошт ва амалї намудани санадњои меъёрї – њуќуќии байналхалќї дар самти вазъ, татбиќ ва њифзи њуќуќњои кўдакон дар Љумњурии Тољикистон аз 18 марти соли 2015, №1196 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи њуќуќњои кўдак» ќабул карда шуд, ки ин бори дигар барои таќвияти њифзи њуќуќњои кўдак шароити мусоиди њуќуќию моддї фароњам меорад.
Дар моддаи 1 – уми Ќонуни мазкур аввалин маротиба ба таври расмї мафњуми истилоњи кўдак ба таври зайл омадааст: Кўдак - шахсе, ки ба синни њаждањ нарасидааст”. Аз мафњуми додашудаи ќонун бармеояд, ки кўдак шахсе мебошад, ки чї то ва ва чї баъди таваллуд, яъне то њаждањсолагї, бинобар сабаби ноболиѓии љисмонї ва аќлї, ба њимоя ва нигоњубини иљтимоии махсус, аз љумла, ба њимояи њуќуќии дахлдор ниёз дорад. Њамзамон, дар ќонуни мазкур дигар навъи њуќуќњои кўдак, ба мисли њуќуќ ба зиндагї, озодї, дахлнопазирї, шаъну эътибор ва њаёти шахсї, ба њифзи саломатї, ба озодии сухан ва виљдон, иттилоот ва иштирок дар њаёти љамъиятї, ба моликият, ба манзил, ба тањсил, ба мењнат, ба истироњат ва фароѓат, њуќуќи муттањидшавї дар ташкилотњои љамъиятии кўдакон ва љавонон, ба зиндагї ва тарбия дар оила, дар муносибат бо падар ё модаре, ки људо зиндагї мекунанд, њифзи њуќуќњои кўдакон дар муассисањои махсуси таълимї - тарбиявї барои ноболиѓон, њифзи њуќуќњои кўдакони гуреза пешбинї шудааст.
Омили дигари поймолшавии њуќуќњои кўдакон, ба муњољирати мењнатї вобастагї дорад. Баъзан аз сабаби дар муњољирати мењнатї будани падару модар ва аз тарбияи оила дур мондан, кўдакон гирифтори мушкилоти гуногуни иљтимої шуда, ба гурўњи кўдакони бо ќонун дар мухолифатбуда, ворид гардида, ба ќонуншиканї даст мезананд ва дар натиља ба муассисањои махсус љойгир карда мешаванд.
Мушкилињои дигар низ дар ин самт ба назар мерасанд. Аз љумла, њуќуќњои кўдакони имконияташон мањдуд. Мувофиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон (моддаи 34) давлат бањри њифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онњо ѓамхорї менамояд.
Бањри ба роњ мондани иљрои меъёрњои мављуда дар ин самт, бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2011 Шурои њамоњангсоз оид ба њифзи иљтимоии маъюбон таъсис дода шуд, ки он аз 3 июли соли 2012 ба фаъолият оѓоз намуд.
Аз 76 мактаб – интернате, ки дар назди Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон фаъолият мекунанд, дар 13 мактаб – интернат кўдакони имконияташон мањдуд таълим мегиранд. Дар ин радиф, имрўз дар ќаламрави кишвар ќариб 13 њазор нафар кўдаку навраси маъюби то 18 – сола аз љониби давлат нигоњубин карда мешаванд.
Бо маќсади таъмини њифзи њуќуќи кўдак зарур аст, ки чорањои самарабахш оид ба њифзи онњо аз зўроварї дар оила ва дигар намудњои зўроварї андешида шаванд. Зўроварї нисбат ба кўдакон дар истифодаи ќувваи љисмонї, муносибати манфии равонї ва њаракатњои хусусияти шањвонидошта зоњир мегардад. Ин падидаи номатлуб њуќуќњои кўдакро ба њаёт ва саломатї вайрон карда, шаъну шарафи ўро паст мезанад ва ба рушди ояндаи кўдак таъсири манфї мерасонад. Мутаассифона, имрўзњо нисбат ба кўдакон аз љониби падару модар, њамсолон ва калонсолон шаклњои гуногуни зўроварї истифода мегарданд.
Бо маќсади пешгирии зўроварї нисбат ба кўдакон дар Љумњурии Тољикистон як ќатор санади меъёрии њуќуќии дахлдор ќабул шуданд. Аз љумла, тибќи талаботи моддаи 41 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф”, моддаи 8 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, моддаи 57 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила” Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи милитсия” ва Кодекси њуќуќвайрокунии маъмурии Љумњурии Тољикистон њуќуќу манфиатњои ќонунии кўдакро падару модар, кормандони соњаи омўзгорї ва шахсони онњоро ивазкунанда, комиссияњо оид ба њуќуќи кўдак, прокурор, суд ва милитсия њимоя мекунанд.
Умед НАЗИРМАДОВ,
корманди суди шањри Кўлоб,
Бахтиёр НАЗАРОВ,
омўзгори Донишгоњи давлатии Кўлоб
ба номи Абуабдуллоњи Рўдакї
Иловакунӣ
Иловакунии фикр