Суханронии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар маросими ифтитоњи Конфронси дуюми байналмилалии сатњи баланд оид ба Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»
07.06.2022, шањри Душанбе
Муњтарам роњбарони њайатњо!
Хонумњо ва љанобони гиромї!
Мењмонони азиз!
Бо камоли майл ташрифи шуморо ба шањри Душанбе хайрамаќдам мегўям.
Нишасти имрўзаи мо тибќи ќатъномаи Маљмаи Умумии Созмони Милали Муттањид дар бораи бознигарии миёнамуддати фарогири њадафњои Дањсолаи об сурат мегирад.
Бовар дорем, ки он њамчун њалќаи асосї дар пайвастани занљираи чорабинињои тадорукотии минтаќавї ва љањонї ба Конфронси оби Созмони Милали Муттањид дар соли 2023, ки бо њамраисии Љумњурии Тољикистон ва Подшоњии Нидерланд баргузор хоњад гашт, сањми муассир мегузорад.
Бо истифода аз фурсат, мехоњам зикр намоям, ки соли оянда мо, њамчунин, 20-умин солгарди саъю талошњои муштаракамонро дар пешбурди рўзномаи оби Созмони Милали Муттањид таљлил хоњем кард.
Дар 20 соли охир мо зимни татбиќи ташаббусњо, ба монанди Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои њаёт, 2005 – 2010» ва Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об – 2013 саъю талошњои муштаракро њамаљониба таќвият бахшидем.
Ташаббусњои љањонии зикршуда ба њамкории фаъоли њамаи љонибњои манфиатдор дар самти мудирияти захирањои об ва татбиќи лоињањо дар соњаи об, инчунин, дар амалисозии фановарию навоварињои муосир мусоидат намуданд.
Мехоњам наќши ташаббуси охири мо – Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро дар татбиќи њадафњои байналмилалии дар ин љода мувофиќашуда махсус таъкид намоям.
Итминон дорем, ки ба шарофати њамкорї ва густариши шарикї дар ќолаби Дањсола рўйкарду равишњо барои татбиќи њадафњои рушди устувори вобаста ба захирањои об ва бењдошт дарёфт хоњанд гардид.
Бо истифода аз фурсат, ба роњбарияти Созмони Милали Муттањид, сохторњои марбута, бахусус, аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ва дигарон барои кумаку дастгириашон дар раванди тадорукот ва баргузории ин Конфронс сидќан миннатдорї баён менамоям.
Њамчунин, аз давлатњои узви Созмони Милали Муттањид барои дастгирии пайваста аз ташаббус ва ќатъномањои дар ду дањсолаи охир аз љониби кишвари мо пешнињодшуда самимона сипосгузорам.
Хонумњо ва љанобони муњтарам!
Љомеаи љањонї њанўз тадбирњои зарурии коњиш додани оќибатњои таѓйирёбии иќлим ва мутобиќ шудан ба онро наандешида, дучори тањдиди нав - њамагирии КОВИД–19 гардид.
Табиист, ки дар ин давра њамаи кишварњои љањон тамоми воситаву имкониятњоро барои мубориза бо ин буњрон равона кардаанд.
Вале мо бояд фаромўш насозем, ки масъалаи об, бинобар ањаммияти њаётї ва хосса доштанаш, бояд њамеша чун масъалаи афзалиятнок боќї монад.
Тибќи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи ањолии кураи замин эњтимоли расидан то нуњ миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоњад гардид. Дар баробари ин, талошњои умумї њанўз самараи дилхоњ надодаанд ва раќамњои зерин, ки ба шумо маълуманд, гувоњи он мебошанд:
– таќрибан 2 миллиард нафар дар љањон ба шабакањои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасї надорад;
– зиёда аз сеюним миллиард нафар аз хизматрасонињои зарурии бењдошт ва ќариб дуюним миллиард нафар аз шароити одии гигиенї бархурдор нестанд;
– њамасола ќариб ним миллион нафар аз беморињои сироятии марбут ба об ба њалокат мерасанд.
Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки раванди иљрои воќеии њадафу вазифањои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасї ба оби ошомиданї ва бењдошт дар сатњи зарурї ќарор надорад.
Чунин вазъ бояд боиси нигаронии амиќи мо бошад.
Бо дарназардошти ин, Конфронси Душанбе низ масъалаи таъмин намудан бо оби нўшокии бехатар ва бо њамдигар вобаста будани масъалањои об ва саломатиро дар мењвари барномаи худ ќарор додааст.
Њозирини гиромї!
Дар конфронси имрўза, инчунин, њамбастагии зичи об, муњити зист ва таѓйирёбии иќлим мавриди баррасї ќарор дода мешавад.
Мо дар 5 соли охир шоњиди гармшавии глобалии бесобиќаи њаво гардидем, ки сабаби хушксолї ва дигар офатњои табиї гардида, ба амнияти озуќаворї ва дигар соњањои иќтисоди кишварњоямон таъсири манфї расонид.
Дар гузориши ба наздикї нашршудаи Панели байнињукуматї оид ба таѓйирёбии иќлим низ наќши захирањои об дар мутобиќшавї ба таѓйироти иќлим ва ноил шудан ба устуворї дар ин раванд зикр гардидааст.
Дар он таъкид гардидааст, ки обшавии захирањои барфу пиряхњо ва яхбандии абадї метавонад таъсири пай дар пай дошта бошад ва суръати гармшавии глобалиро боз њам тезонад.
Ин мушкилот дар роњи расидан ба Њадафњои рушди устувор дар кишварњои гуногун, аз љумла Тољикистон, ки кишвари куњистон ва дорои захирањои бузурги обї, махсусан, пиряхњо мебошад, монеаи љиддї эљод менамояд.
Барои мисол, дар натиљаи инраванд мо шоњиди афзоиши бесобиќаи селу обхезї, хушксолї ва дигар њодисањои табиии марбут ба об шуда истодаем.
Мутаассифона, кишвари мо дар натиљаи чунин офатњои табиї њамасола садњо миллион доллари амрикої зарар мебинад.
Офатњои табиии марбут ба об дар аксари мавридњо боиси марги одамон ва хисороти зиёди инфрасохтори њаётан муњим мегарданд.
Намунаи дигари раванди зикршуда обшавии босуръати пиряхњо мебошад.
Дар якчанд дањсолаи охир беш аз як њазор пиряхи Тољикистон аз байн рафтааст.
Пиряхи калонтарини дунё дар хушкї – Федченко, ки дар кишвари мо љойгир аст, аз лињози њаљм 16 километри мукааб ва аз лињози масоњат 45 километри мураббаъ кам гардидааст.
Дар ин робита, Њукумати Тољикистон Барномаи давлатии омўзиш ва њифзи пиряхњоро барои давраи то соли 2030 ќабул намудааст.
Бо маќсади пайгирии ин равандњо ва андешидани тадбирњо барои мутобиќшавї ба онњо, мо дар назди Академияи миллии илмњо Маркази омўзиши пиряхњоро таъсис додем.
Мо талошњои худро дар самти мазкур дар сатњи байналмилалї низ таќвият медињем.
Чанд рўз пеш мо дар шањри Душанбе љаласаи навбатии пешвоёни Эътилофи обу иќлимро баргузор намудем.
Дар доираи он Наќшаи амал бо зикри натиљањои назаррас тасдиќ гардид.
Дар љаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иќлим моњи марти соли гузашта мо пешнињод карда будем, ки соли 2025 Соли байналмилалии њифзи пиряхњо эълон карда шавад.
Имрўзњо мо љињати татбиќи ин ташаббус дар њама сатњњо кор бурда истодаем ва умед дорем, ки он аз љониби љомеаи љањонї мавриди пуштибонии њамаљониба ќарор хоњад гирифт.
Муњтарам иштирокчиёни конфронс!
Чуноне маълум аст, идораи њамгироёнаи захирањои об, аз љумла њамбастагии об бо масъалањои энергия, амнияти озуќаворї, њифзи муњити зист яке аз абзорњои асосї дар рафъи мушкилоти марбута дониста мешавад.
Ин нукта барои Тољикистон низ ањаммияти муњим дорад.
Таќрибан 80 фоизи мањсулоти кишоварзии мо аз њисоби заминњои обёришаванда таъмин карда мешавад.
Њамзамон бо ин, дар кишвари мо беш аз 98 фоизи барќ тавассути неругоњњои барќи обї истењсол мегардад.
Тољикистон аз рўйи истењсоли барќи аз лињози экологї тоза, яъне “неруи сабз” дар љањон љойи шашумро ишѓол менамояд.
Вобаста ба ин, мехоњам таваљљуњи шуморо ба масъалаи наќши об дар тавлиди “неруи сабз” аз манбаъњои барќароршаванда махсус љалб намоям. Имрўзњо атрофи ин мавзуъ бањсњо хеле зиёданд.
Вале дар гузориши соли гузаштаи Ассотсиатсияи љањонии гидроэнергетикї тасдиќ гардидааст, ки тањкими ин соња дар баробари таъмин намудани рушди иќтисодї, њамчунин, метавонад дар самти мутобиќшавї ба пайомадњои таѓйирёбии иќлим наќши калидї дошта бошад.
Њоло дар дунё банаќшагирї ва сохтмони неругоњњои барќи обї бо иќтидори умумии 600 гигаватт идома дорад ва илова бар ин, боз ба зиёда аз 600 гигаватт иќтидор зарурат пеш меояд.
Љумњурии Тољикистон, ки дорои захирањои фаровони гидроэнергетикї мебошад, метавонад дар ин самт сањми арзандаи худро гузорад.
Иќтидори умумии гидроэнергетикии кишвари мо солона 527 миллиард киловатт (КВт) соатро ташкил медињад, ки мо то имрўз њамагї 3 - 4 фоизи онро аз худ кардаем.
Имрўз мо сохтмони неругоњи барќи обии «Роѓун»-ро бо иќтидори умумии 17 миллиард киловатт – соат (кВТ) неруи барќ идома дода истодаем.
Сохтмони иншооти мазкур намунаи барљастаи талошњои мо дар ин самт мебошад.
Ин неругоњ, дар баробари истењсоли неруи аз лињози экологї тоза ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори захирањои об, коњиш додани хавфи селу обхезї ва хушксолї, кам кардани партови газњои гулхонаї ба атмосфера сањми бузург хоњад дошт.
Њоло Тољикистон аз лињози кам будани њаљми партови газњои гулхонаї яке аз љойњои аввалинро дар љањон ишѓол мекунад.
Ќобили зикр аст, ки ќисми зиёди барќи «Роѓун» барои содирот ба кишварњои ба неруи барќ ниёзманди минтаќа нигаронида шудааст, ки ба рушди иќтисодиву иљтимої дар ин кишварњо мусоидат менамояд.
Њамзамон бо ин, барќи «Роѓун» ва дигар неругоњњои Тољикистон дар тањкими њамкорињои фаромарзї, ки яке аз мавзуъњои муњимми љањонї ба њисоб меравад, сањми муносиб хоњад гузошт.
Мо ба ин мавзуъ таваљљуњи љиддї зоњир менамоем, зеро њамкорињои фаромарзї, хусусан, дар минтаќаи Осиёи Марказї ва Љанубї дар соњаи обу энергетика дар њалли бисёр масъалањо наќши калидї доранд.
Тољикистон, ки дар ќаламрави он 60 фоизи захирањои оби Осиёи Марказї ташаккул меёбанд, њамеша хостори истифодаи самараноки онњо ба манфиати кулли кишварњои минтаќа мебошад.
Мањз ба њамин хотир, мо ба рушди њамкорињои фаромарзї дар доираи раёсати худ дар Фонди байналимилалии наљоти Арал авлавият додаем.
Њамагї чанд рўз пеш, мо якљо ба њамсояи наздикамон – Љумњурии Ўзбекистон ба татбиќи муштараки лоињаи сохтмони ду неругоњи барќи обї дар Тољикистон бо иќтидори умумии 320 мегаватт (МВт) оѓоз бахшидем, ки намунаи барљастаи гуфтањои боло мебошад.
Хонумњо ва љанобон!
Нуктаи муњими дигаре, ки бояд мавриди таваљљуњи мо ќарор гирад, масъалаи маблаѓгузорї мебошад.
Тибќи гузориши Бонки љањонї, танњо барои дастрасии њамагонї ба оби ошомиданї ва шароитизарурии бењдошт талаботи њарсола таќрибан 114 миллиард долларро ташкил медињад.
Илова бар ин, талаботи солона барои татбиќи њадафњои Созишномаи Париж дар соњаи иќлим ќариб ба њафт триллион доллар баробар аст.
Мусаллам аст, ки кишварњои рў ба рушд ва камтараќќї чунин имкониятњои молиявиро надоранд.
Аз ин лињоз, бе кумаки кишварњои пешрафта, институтњои молиявї ва бахши хусусї дар таъмини њадафњои рушд дучори мушкилоти зиёд хоњанд буд.
Тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусї яке аз роњњои асосї дар ин замина ба њисоб меравад, ки барои љалби сармояи иловагї ба соњаи об ва инфрасохтори он имкониятњои нав фароњам меоварад.
Њамзамон бо ин, њамкорињои байналмилалї ва шарикї, аз љумла бо дигар шарикони рушд ва бахшњои берун аз соњаи об, истифодаи технологияњои муосир, навоварї ва тањќиќоти илмиву фанноварињои нав зарур мебошад.
Ин иќдомот аз љумлаи омилњое њастанд, ки метавонанд ба њаллу фасли масъалањои марбут ба об ба таври муассир мусоидат намоянд.
Љомеаи шањрвандї, хусусан, занону љавонон, мардуми бумї ва љамоатњои мањаллї, њамчунин, метавонанд дар ин раванд сањми арзанда дошта бошанд.
Мањз ба ин хотир, масъалањои мазкур низ ба рўзномаи њамоишњову љаласањои Конфронси Душанбе ворид карда шудаанд.
Мо интизорї дорем, ки вобаста ба онњо тавсияву паёмњои мушаххас тањия хоњанд гардид.
Барои љалби таваљљуњ ва баланд бардоштани сатњи огоњии љомеа мо, инчунин, барномаи конфронсро бо баргузории ќисми Марафони глобалї дар Тољикистон ва Фестивали оби Душанбе ѓанї гардонидем ва шумо шоњиди иди воќеии об дар кишвари мо гардидед.
Тавре ки дар боло зикр кардем, Конфронси Душанбе дар раванди омодагї ба Конфронси оби Созмони Милали Муттањид дар соли 2023 наќши калидї дорад.
Аз ин нигоњ, Конфронси Душанбе барои њамоњангсозї ва ба њам пайвастани натиљањои чорабинињои дигари байналмилалї, аз љумла, Муколамаи Бонн, Форуми 9-уми љањонии об, Саммити 4-уми оби Осиё ва Уќёнуси Ором дар њамбастагї бо чорабинињои дарпешистода – Конфронси Созмони Милали Муттањид оид ба уќёнусњо ва Конфронси 27-уми љонибњои Конвенсияи Созмон оид ба таѓйироти иќлим ва дигар чорабинињои минтаќавию байналмилалї ба ин њамоиши муњимми байналмилалї хизмат мерасонад.
Тољикистон ва Нидерланд њамчун њамраисони Конфронси соли 2023 дар њамкорї бо Департаменти Созмони Милали Муттањид оид ба масъалањои иќтисодиву иљтимої ва механизми «Созмони Милали Муттањид – ОБ» дар раванди омодагї ба ин конфронс њамкории зичро бо кишварњои узв, нињодњои дахлдори Созмони Милали Муттањид ва дигар љонибњои манфиатдор ба роњ мондаанд.
Мо бар онем, ки Конфронси мазкур, ки баъди ќариб 50 сол аз љониби Созмони Милали Муттањид баргузор карда мешавад, на танњо аз лињози ченаки замонї, балки бо натиљањои самарабахши худ бояд њамоиши таърихї гардад.
Соли 2023, њамчунин, аз лињози бозбинии миёнамуњлати Њадафњои рушди устувор муњим буда, арзёбии татбиќи њадафњои Дањсолаи «Об барои рушди устувор» дар давраи аввали он ба суръатбахшї ва такон додани талошу амалњо барои ноил гардидан ба њадафњои рушди устувори марбут ба об мусоидат хоњад кард.
Тољикистон њамчун њамраиси ин чорабинии муњимми байналмилалї омодагии худро барои њамкорї бо њама кишварњои узв ва дигар љонибњои манфиатдор изњор менамояд.
Вобаста ба ин, якљо бо Подшоњии Нидерланд ва шарикон аз Созмони Милали Муттањид барои самаранок баргузор намудани чорабинии мазкур њамаљониба талош хоњем кард.
Итминони комил дорам, ки иштирокдорони конфронси имрўза низ фурсати муносиби ин њамоишро барои мусоидат ба раванди мазкур ва тањияи паёмњои мушаххас ба Конфронси соли 2023 пайгирона истифода хоњанд кард.
Ба њамаи шумо, иштирокдорони муњтарами конфронс, муваффаќият ва барори кор мехоњам ва умед дорам, ки боздиди шумо аз Тољикистон хотирмон хоњад буд.
Аз таваљљуњатон сипосгузорам!
Иловакунӣ
Иловакунии фикр