Нашрияи Омӯзгор

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КЎДАКОН ОИД БА МАСОИЛИ ОБ

Сана: 2022-06-09        Дида шуд: 20        Шарҳ: 0

6-уми июни соли љорї дар “Кохи Наврўз” Форуми љавонон ва кўдакон оид ба масоили об дар њошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатњи баланд оид ба Дањсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028” зери унвони “Такон бахшидан ба амалњо ва шарикї дар соњаи об дар сатњњои мањаллї, миллї, минтаќавї ва љањонї” доир гардид. Дар он вазири маориф ва илм Рањим Саидзода, раиси Кумитаи кор бо љавонон ва варзиш Абдулло Рањмонзода, Комиссари Иттињоди Аврупо оид ба муњити зист, уќёнусњо ва моњидорї Виргиниюс Синкявичюс, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тољикистон Осама Маккавї, намояндагони ташкилоту идорањо ва зиёда аз 200 љавони фаъол аз 30 давлати дунё иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илм Рањим Саидзода зимни ифтитоњи расмии маросим иброз дошт, ки мутобиќ ба ќонунгузории умумибашарї њар як кўдак њуќуќ ба тањсилоти босифат, аз љумла, њуќуќи дастрасї ба оби тоза, санитария ва бењдошт њангоми тањсил дар муассисањои таълимиро соњиб мебошад. Дастрасии мувофиќ ба оби тоза, санитария ва бењдошт дар муассисањои таълимї љузъи калидии муњити бехатар, орї аз хушунату зўроварї, фарогир ва самараноки таълим барои њар як кўдак ва наврас ба шумор меравад. Дар Љумњурии Тољикистон солњои 2022-2026 Солњои рушди саноат эълон гардидааст.  Ин тадбири муњими сиёсї ва дорои ањамияти муњими иќтисодї ба мо шароит фароњам меоварад, то ки имкониятњои инноватсионии љавононро дар соњаи об тавассути пешнињоди малакањои соњибкорї ва омўзиши онњо васеъ гардонида, аз дидгоњњои тозаи онон дар самти дастгирї ба об ва аз миён бардоштани мушкилоти мављуда дар сайёра дар ин љода босамар истифода барем.

- Љавонон њамчун идомадињандаи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар бояд дар њалли мушкилињои пешистода бетараф набошанд. Љавонон бояд дар њалли мушкилоти имрўза, аз љумла масъалањои марбут ба об наќши муњим бозанд. Насли љавон бояд бо тамоми малакањои зарурї барои бунёди ояндаи устувор мусаллањ бошад. Аз  љумла,  сафарбар  намудани  љавонони  кишварњои олам барои амалњои марбут вобаста ба об ва ба ин васила, сањм гузоштан  барои ноил гардидан ба Њадафњои Рушди Устувор то соли  2030,  мусоидат  ва  љалби насли наврас ба идоракунии самараноки  захирањои  об,  омода намудани мутахассисони љавон дар самти рушди технологияњои нав,  тарбия  намудани дипломатњои  љавон  барои  пешбурди  њамкорї дар  соњаи об, шароит фароњам овардан барои олимони љавон барои  гузаронидани тадќиќотњои илмї дар соњаи об яке аз масъалањое  мебошад, ки мо бояд дар ин самт фаъолият намоем, - ќайд кард Абдулло  Рањмонзода-раиси  Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши  назди  Њукумати  Љумњурии Тољикистон.

Осама Маккавї, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тољикистон дар рафти суханронии худ ба ањамияти љавонон дар бахши об чунин таъкид кард:

- Љавонон барои ќабул ва озмоиши ѓояњо ва технологияњои инноватсионї бештар кушодаанд, ки дар навбати худ метавонанд ба ноил шудан ба њадафњои бунёдии устувории об ва самаранокии захирањо мусоидат кунанд. Аз ин рў, дар сурати рушди малака ва имкониятњо, љавонон метавонанд дар пешбурди њуќуќи инсон ба об ва санитария барои њама нерўи пешбаранда бошанд.

Маврид ба зикр аст, ки Фоуми љавонон ва кўдакон оид ба масоили об садњо намояндаи љавонон ва тасмимгирандагонро аз саросари љањон барои муњокима ва муайян кардани авлавиятњо дар бораи чї гуна њукуматњо ва љавонон метавонанд ба таври фарогир дар самти тезонидани ноил шудан ба Њадафњои марбут ба об ба барномаи Рушди Устувор 2030 њамкорї кунанд, љамъ овард.

Њангоми муњокимаи таљрибаи худ бо механизмњои идоракунии фарогири захирањои об, иштирокчиёни љавон зарурати иродаи ќавии сиёсии њукуматњо барои муколама ва њамкорї бо роњбарияти љавононро таъкид карданд. Нињоятан воситањо ва чорањои амалї барои татбиќи Њадафи 6-уми Рушди Устувор эљод мегарданд.  Онњо таъкид карданд, ки ин гуна воситањо бояд тавассути механизмњои такмили иќтидори љавонон барои баланд бардоштани сатњи донишњои техникии онњо дар бораи ин манбаи њаётан муњим дастгирї карда шаванд. Бо зикри таљрибаи тўлонии ЮНИСЕФ дар рушди њамкорињо дар соњаи WASH, њамаи иштирокчиён ба Созмон барои фароњам овардани платформа барои чунин муколамањои гуногунсоњавї изњори сипос намуданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш