7-уми июни соли љорї Њабибулло Эргашев – омўзгори химия -биологияи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №17-и ноњияи Восеи вилояти Хатлон барои хизматњои бисёрсолаи бенуќсон дар соњаи маориф, сањми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрњои баландихтисосу иштироки фаъолона дар њаёти љамъиятї бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шуд. Онро аз номи вазири маориф ва илми кишвар масъулини шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ ба омўзгор таќдим намуданд.
Њамзамон, бо дастури вазири маориф ва илм Р.Саидзода аз љониби Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Љумњурии Тољикистон низ ба омўзгор Њ.Эргашев роњхат барои истироњату табобат таќдим карда шуд.
Инчунин, дар пайравї ба иќдоми мазкур ба номбурда аз љониби ректори Донишгоњи давлатии Данѓара Н. Шоњиён Сипоснома, маблаѓи пулї дар њаљми 3000 сомонї ва дигар туњфањои хотиравї супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки субњи 4-уми июни соли љорї дар доираи сафари корї ба вилояти Хатлон вазири маориф ва илм Саидзода Рањим Њамро аз муасисаи тањсилоти миёнаи умумии №17-и ноњияи Восеъ дидан намуд. Дар рафти боздиди синфхонањои таълимї ба мушоњида расид, ки омўзгори химия-биологияи муассиса Њабибулло Эргашев дар соати 6:30-и субњ ба санљишу натиљагирии дафтарњои шогирдони худ машѓул буд. Вазири маориф ва илм ба омўзгори мазкур барои дарки масъулият ва иљрои сариваќтии рисолатии омўзгорї изњори сипос ва миннатдорї намуда, њамзамон таъкид кард, ки насли љавон бояд содиќ будан ба касбро аз ин гуна омўзгорон омўзад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр