Нашрияи Омӯзгор

МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО МУОВИНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ

Сана: 2022-06-09        Дида шуд: 19        Шарҳ: 0

7-уми июни соли љорї дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатњи баланд оид ба Дањсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028” дар Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф мулоќоти вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Рањим Саидзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттањид хонум Амина Муњаммад баргузор гардид.

Нахуст, вазири маориф ва илми кишвар Р.Саидзода бо ќаноатмандї иброз намуд, ки бо маќсади иљрои ташаббуси роњбарияти Созмони Милали Муттањид оид ба бозбинии соњаи маориф дар њамаи манотиќи кишвар љанбањои имконпазири таљдиди соњаи маорифи кишвар дар сатњи мањаллї ва миллї машваратњо баргузор гардиданд. Дар назар аст, ки моњи сентябри соли 2022 дар доираи њафтаи баландпояи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттањид Саммити таљдиди назари соњаи маориф баргузор гардад, ки дар он масъалањои мубрами соњаи маориф таљдиди назар карда мешаванд.

- Раванди ислоњоти соњаи маориф рў ба низоми муайян овардааст. Дар ин раванд иштироки шарикони рушдро мо хуб арзёбї менамоем. Марказе, ки мо айни њол ќарор дорем, бо дастгирии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттањид (ЮНИСЕФ) ва маблаѓгузории Иттињоди Аврупо бозсозї карда шудааст, - зикр кард вазир. -  Марказ дар доираи татбиќи Стратегияи миллии рушди маорифи Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии рушди низоми такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2022 таъсис дода шуда, пурра бо технологияи муосир љињозонида шудааст. Чунин марказњои замонавї дар филиалњои донишкада дар 4 минтаќаи љумњурї бо дастгирии ЮНИСЕФ ва Иттињоди Аврупо таъсис ва муљањњаз хоњанд шуд.

Дар идомаи мулоќот таъкид гардид, ки таваљљуњи Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон имрўз ба такмили омўзиши илмњои табиатшиносї даќиќ ва риёзї равона карда шудааст.  Ин аст, ки ба хотири боз њам бењтар ба роњ мондани омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солњои 2020-2040 Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф эълон гардидааст.

Њамзамон, бо маќсади раќамикунонии тањсилоти умумї, ба вуљуд овардани шароит барои тањсилоти фосилавї, дар кишвар татбиќи Барномаи давлатии амалї намудани технологияњои иттилоотї-коммуникатсионї дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2022 ва Барномаи миёнамуњлати рушди иќтисоди раќамї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025 ќабул ва амалї шуда истодаанд.

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттањид хонум Амина Муњаммад дар навбати худ аз њамкорињои Вазорати маориф ва илм бо СММ изњори сипос ва миннатдорї намуда, њамзамон, зикр кард, ки баъд аз пандемияи КОВИД-19 баргузор намудани чунин як конференсияи сатњи баланд дастоварди хеле бузург аст.

-  Пандемияи КОВИД-19 исбот кард, ки дар чунин њолатњои њассос танњо илм ва дониш муњимтарин васила ба шумор меравад ва аксарият дарк карданд, ки мањз илму дониш арзиши олї мебошад, - зикр кард хонум Амина Муњаммад. – Яъне, на њама имкони истифода аз муносибати онлайниро дошт ва дар баробари омўзгорон њатто худи волидайн низ дар самти мудирияти кор, хонавода ва назорату тарбияи фарзандон мушкилоти зиёде доштанд.

Гузашта аз ин, имрўзњо донистани забон ва илмњои табиатшиносию даќиќ дар тамоми кишварњо дар сатњи паст ќарор дорад ва мо њоло бояд ба он нукта таваљљуњ кунем, ки њарчи зудтар ба Њадафњои 4-уми Рушди Устувор ноил гардем. Ва мо бисёр шодем, ки имрўз Шумо дар ин самт корњои назаррасро анљом дода, иќдомоти љиддиро рўйи даст гирифтаед.

 Баъд аз мулоќоти расмї мењмонон аз раванди кор дар «Маркази таълимї ва омўзиши инноватсионї” шинос шуданд. Зимни боздид аз марказ иттилоъ дода шуд, ки он пурра бо технологияи муосир љињозонида шудааст. Таъсиси марказ имкон медињад, ки дар самти такмили ихтисоси омўзгорон бо дарназардошти пешрафти илм ва ба вуљуд омадани шаклњои инноватсионии таълим ислоњоту навоварињо ворид карда шавад.  Марказ аз студияњои сабти дарсњои аудиоию видеої, маркази дастгирии омўзгорон, њуљраи танзимнамої, синфхонаи компютерї, китобхона бо 27 љойи нишаст ва толори баргузории омўзишњо иборат мебошад, ки метавонад дар амалї гардидани раќамикунонии системаи такмили ихтсисос наќши бориз гузорад.

Дар студияи сабти дарсњои видеої метавон дар асоси стандарт, барнома ва китобњои дарсии амалкунанда бо љалби омўзгорони навовару эљодкор ва ботаљриба дарсњои видеої (наворњои таълимї) ба навор гирифт. Тањияи дарсњои видеої ва дастрас намудан ба муассисањои умумї барои омўзгорону хонандагон маводи хуби ёрирасон ба шумор рафта, метавонад дар баланд гардидани сифати тањсилот наќши муњим дошта бошад. Бо тањияи дарсњои видеої шароити дар таълиму омўзиш истифодаи самараноки технологияи информатсионї муњайё карда шуда, раванди таълиму тарбия дар зинаи тањсилоти миёнаи умумї таќвият меёбад. Аз ин лињоз, тањия ва истифодаи дарсњои видеої имрўзњо метавонад яке аз роњњои баланд бадоштани сифати тањсилот ба шумор равад. Њангоми истифодаи дарсњои видеої хонанда ё дигар хоњишмандон имкон пайдо мекунанд, ки њар як мавзуи навро зуд ва хуб аз худ кунанд. Њамчунин, омўзгор аз сабтњои мазкур дар раванди дарсњо низ фаровон истифода бурда, сатњи азхуднамої ва дарки масъалањои омўхташавандаро барои хонандагон таъмин менамояд.

Дарсњои ба навор гирифташуда дар њуљраи танзимнамої бо дарназардошти арзишњои миллї ва таќризи муќарризон танзим карда мешаванд. Дарсњои видеоии омодашуда љињати намоиш додан дар шабакањои телевизионї ва пешнињод ба муассисањои таълимї омода мегарданд.

Айни њол дар донишкада бо маќсади ворид кардани технологияњои иттилоотиву коммуникатсионї ба раванди таълим љињати гузаштан ба модели “Омўзиши омехта” чорањои амалї андешида мешавад. Маркази дастгирии омўзгорон дар гузаштан ба модели “Омўзиши омехта” наќши муњим дорад. Зеро ба воситаи ин марказ омўзгорону кормандони донишкада ва филиалњо метавонанд бо истифодаи техникаю технологияи инноватсионии таълим шинос гардида, дар навбати худ ба омўзгорони муассисањои таълимї – шунавандагони курсњои такмили ихтисос омўзонида бошанд. Дар маркази мазкур љињати муайян намудани ниёзи касбии омўзгорон ва дар асоси он таљдиди назар намудани наќшаю барномањои таълимї озмоишу арзёбињо гузаронидашуда, дастури таълимию методї ва роњнамо тањия карда мешавад.

Марказ метавонад раванди омўзиш ва тарѓиби таљрибаи пешќадами педагогиро дар донишкада таќвият бахшад. Бо истифода аз марказ метавон дарсњои намунавиро дар асоси барномањои таълимии курсњои такмили ихтисос ба навор гирифта, љињати ташкили курсњои фосилавї заминаи воќеї гузошт. Марказ дорои китобхона ва толори баргузории омўзишњо низ мебошад. Китобхонаи марказ бо китобњои электронї таъмин карда шуда, барои истифодаи васеъи омўзгорон – шунавандагони курсњои такмили ихтисос пешнињод карда мешавад.

Њамзамон, дар маркази мазкур паёми вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Рањим Саидзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттањид хонум Амина Муњаммад доир ба ањамияти тањсилот барои тамоми кўдакони Тољикистон сабт гардид.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш