Субњи 4-уми июни соли љорї бо маќсади иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон, огоњї пайдо намудан аз вазъи муассисањои таълимї, назорати рафти баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагон, омодагии муассисањои таълимї ба анљоми соли тањсил, ба роњ мондани корњои бунёдкориву созандагї, инчунин, огоњї пайдо намудан аз мушкилоти мављудаи соња дар доираи сафари корї ба вилояти Хатлон вазири маориф ва илм Рањим Саидзода аз муассисањои тањсилоти миёнаи умумии №17 ва №37-и ноњияи Восеъ дидан намуд. Вазири маориф ва илм нахуст ба муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №17-и дењаи Гулистон ташриф овард. Зимни ташрифи вазир маълум гардид, ки дар муассиса корњои таъмирию барќарорсозї оѓоз гардида, њамзамон, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагон идома дорад. Дар рафти боздиди синфхонањои таълимї ба мушоњида расид, ки омўзгори фанни химияи муассиса Њабибулло Эргашев дар соати 6:30-и субњ ба санљишу натиљагирии дафтарњои шогирдони худ машѓул буд. Вазири маориф ва илм ба омўзгори мазкур барои дарки масъулият ва иљрои сариваќтии рисолати омўзгорї изњори сипос ва миннатдорї намуда, њамзамон таъкид кард, ки насли љавон содиќ будан ба касбу дар дил мењр доштан нисбат ба пешаи интихобнамудаи худро бояд аз ин гуна омўзгорон омўзанд, зеро чунин омўзгорон намунаи ибратанд.
Сипас, вазири маориф ва илм аз муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №37-и ноњия дидан намуд. Зимни суњбат бо омўзгорони муассиса вазир таъкид кард, ки љињати дар сатњи баланд баргузор ва љамъбаст намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагон, ба роњ мондани корњои тарѓиботї миёни хонандагон љињати дохил шудан ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбї, тарбияи насли наврас дар рўњияи худшиносию ватандўстї, тозаву озода нигоњ доштани муњити муассисаи таълимї ва муњимтар аз њама, дар самти баланд бардоштани маќоми омўзгор дар љомеа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия чорањои дахлдор андешида шавад.
P.S.: Давоми рўз дар мактаби Президентї барои хонандагони болаёќат дар шањри Кўлоб љаласаи кории назди вазири маориф ва илм баргузор гардид. Дар рафти љаласа вазири маориф ва илм аз натиљаи ташрифи худ ба муассисањои таълимии мазкур иттилоъ дода, ба мудири шуъбаи маорифи ноњия ва директорони муассисањо љињати бартараф намудани мушкилоти љойдошта дастурњои мушаххас дод.
Њамзамон, аз садоќат ва муњаббати доштаи омўзгор Њабибулло Эргашев нисбат ба касби худ ёдовар шуда, мавсуфро намунаи ибрат ба омўзгорони љавон хонд. Баъд аз љаласаи корї иттилоъ расид, ки аз љониби ректори Донишгоњи давлатии Данѓара ба омўзгор Њабибулло Эргашев 3000 сомонї маблаѓ туњфа дода шудааст.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр