Нашрияи Омӯзгор

Бештар бояд забон омӯхтан

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Забондонӣ ҳамчун яке аз барҷастатарин фазилатҳои инсонӣ эътироф шудааст. Ҳатто мегӯянд, ки шахси донандаи як забон як одам асту донандаи ду забон ду одам  ва ҳамин тавр, ҳар қадар бештар забон донӣ, ҳамон қадар одамӣ.

Дар байни мардуми тоҷик ҳикматҳои «Забон донӣ, ҷаҳон донӣ», «Забони мо - ҳастии мо», «Забони миллат – пояи миллат» хеле маълуму машҳуранду моҳияти забону  забондониро ба таври барҷаста ифода мекунанд. Кӯдаконро аз хурдӣ, аз нахустсолҳои таҳсил дар мактаб ба забономӯзӣ ва эҳтироми забон ҷалб бояд кард. Барои ин ҳар як дарси омӯзгор бояд дар асоси риояи қонуниятҳои забон, тозагии забон ва муҳаббат ба забон ҷараён бигирад. Дар ҷалб кардани таваҷҷуҳи хонандагон ба забономӯзӣ истифода аз пораҳои ҷолибу таъсиргузори наз-мию насрӣ, зарбулмасалу мақолҳо, гуфтаҳои ашхоси маъруф дар ситоиши забон, воситаҳои техникии таълим, рӯзномаву маҷаллаҳо ва монанди инҳо нақши муҳим дорад. Ин омилҳо, махсусан, дарсҳои забону адабиётро ҳадафгир мекунанд.

Хонандагон бояд дарк кунанд, ки дар ҷаҳони муосир донистани забон рӯз то рӯз бештар зарурият пайдо менамояд, зеро дар замони мо ба ҳам омадани халқҳо, ривоҷи дӯстиву рафоқат, афзудану пурсамар гардидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ба забондонӣ пайванди ҷиддӣ доранд. Дар чунин шароит, табиист, ки эҳтиёҷ ба ашхоси забондон, тарҷумонҳо пайваста меафзояд. Махсусан, донистани забонҳои бештар густаришёфтаи ҷаҳон, чун забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, арабӣ, ҳиндӣ басо муҳим ва манфиатовар аст. Ман ба шогирдон забони русӣ меомӯзам. Ин забон дар ҷумҳурии мо, дар байни давлатҳои узви ИДМ ва дар миқёси ҷаҳон чӣ мақому мартабае дорад, ҳоҷат ба шарҳу баён нест. Дар ҳар дарси худ бо шогирдон мекӯшам, ки онҳо ҳар чӣ бештар моҳияту аҳамияти донистани забони русиро дарк намоянд ва барои ҷиддан азхуд кардани он бикӯшанд. Муносибати барои тарафайн муфид ва дӯстонаи Тоҷикистону Россия ва равуои мунтазаму фаъоли шаҳрвандони ҳар ду давлат ба марзи якдигар ба омӯзиши забони русӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Имрӯз дар Тоҷикистон бо забони русӣ рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр мерасанд, намоишҳои телевизионӣ пахш мешаванд, гуфторҳои радиоӣ садо медиҳанд ва бо ин забон китобҳои гуногун дастраси ҳамагон мегарданд, ки ин ҳама ба омӯзиши забони русӣ шароиту имконияти созгор фароҳам меоваранд.

Ман ҷиддан тарафдори он ақидаам, ки бидуни хуб донистани забони модарӣ ҳеҷ кас дар омӯзиши забони дигар ба комёбӣ даст нахоҳад ёфт. Аз ин рӯ, дар дарсҳои худ ва дар машғулиятҳои  иловагиам бо шогирдон таъкид мекунам, ки ҳар шахс бояд забони модариашро хуб донад, аз қоидаҳои он огаҳии комил дошта бошад. Зимнан, дар бораи бузургиву тавоноии забони тоҷикӣ бо истифода аз иқтибосҳо сухан мегӯям ва далелҳо меоварам, шеърҳо мехонам. Барои ин ба ман китоби пурмуҳтавою бузурги «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаки зиёд мерасонад. Дар ин китоб таърихи пурифтихори забони тоҷикӣ, қонуниятҳои рушди он ва тавсифи ҳусну таровати ин забони шуҳратёр ба таври саҳеҳу барҷаста омадааст. Ин китобро мутолиа намудану аз он дар машғулиятҳо истифода бурдан барои ҳар як омӯзгор муфид хоҳад буд. Дар оғози китоби Пешвои миллат омадааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллат-ро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Дарки комили ин маънӣ, махсусан, барои омӯзгорони забон манбаи илҳомбахш ва раҳнамо хоҳад буд.

Гулбаҳор Убайдова,

омӯзгори

забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш