Нашрияи Омӯзгор

Аз досу табару теша даст кашем

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

«Ном – нисфи ҳусни инсон»-мегӯянд. Балки он кулли ҳусн аст. Агар ном зебо бошад, шуниданаш гӯшрову дилро навозиш медиҳад, хусусан, номҳое, ки ба гулҳои баҳорӣ, ба ҳусну зебоӣ, ба покию иффат, ба далерию мардонагӣ, футуввату ҷавонмардӣ тааллуқ дошта бошанд.

Аз рӯи ном бархе аз одамон сазовори дӯстдорию иззат мегарданд. Чунин далел бар ҳамин асос аст: набераи бандаи камтарин ба  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуд. Ин ҷо аз рӯи қоидаи ҷоришуда ба донишҷӯёни ноҳияҳои наздики Душанбе, аз ҷумла, Файзобод, хобгоҳ намедодаанд. Бонуи мутасаддии ҳамин кор ба номи набераи ман (Фаҷрия) таваҷҷуҳ карда, ӯро наздаш мехонад ва мегӯяд: «Ба хотири номи хушрӯят ба ту хобгоҳ медиҳам».

Фаҷрия ҳарчанд калимаи тоҷикӣ нест (маъниҳои дилчасп, сапедадам, субҳдам, сафедии субҳ дорад), дониста гузошта шудааст. Ба он хотир, ки дар номгузорӣ Фаҷрия кам вомехӯрад. (Ҳар чиз бисёр шуд, беқадр мешавад).

Вобаста ба ҳамин, гуфтан мехоҳам: пеш аз он ки ба навзод ном мегузорӣ, бояд маънии онро донӣ. Бисёриҳо номи шунидаашонро (кӯр-курона) ба фарзандон мегузоранд. Масалан, Нилуфар ном мемонанд, бехабар аз он ки нилуфар чӣ чиз аст. Ё ки шояд рубоии машҳури Абӯалӣ ибни Сино – «Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал…»-ро аз касе шунидаанду ба ҳамин хотир духтарашонро Зуҳал ном мегузоранд, ҳол он ки Зуҳал дар осмон сайёраи наҳс ҳисобида мешавад. Зуҳал калимаи арабӣ буда, номи дигари он Кайвон аст. Баъзеҳо Зарқумойро хушоҳанг ҳисобида ба фарзанд ҳамин номро мувофиқ медонанд. Ин ном аз се таркиб – зар+қум+ой иборат буда, ба андешаи мо, таркиби дувум ғалат аст. Зарқумой не, бояд Зарқамар бошад. Зеро ҳам зар (тилло) маънӣ дораду ҳам қамар, яъне моҳ.

Ин гуна номҳое, ки аз нофаҳмӣ ба фарзандон часпонда мешавад, кам нестанд.

Ҳоло ҳозир ба номҳои шахсиятҳои таърихӣ бештар рӯ овардаем. Ин хуб аст, дар сурате, ки ба маънию мақсад сарфаҳм равем. Дар Тоҷикистон (ва дар мардуми дигар ҳам) номи Рустам садҳову ҳазорҳост. Ё ки Сиёвушу Суҳроб. Инҳо қаҳрамонҳои достони «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиянд. Ба мушоҳидаи мо ин номҳоро бештар касоне «дӯст» медоранд, ки ҳатто кӣ будани Фирдавсию чӣ будани «Шоҳнома»-ро намедонанд. Агар аз «Шоҳнома» хабардор мешуданд, садҳо номи қаҳрамони мусбати ин асарро интихоб менамуданду фақат ба Рустаму Суҳробу Сиёвуш «намечаспиданд». Исми Муҳаммад ҳам хеле маъмул аст. Онҳое, ки аз сифатҳои ҳамидаи пайғамбари ислом хабардоранд, ба эҳтироми ӯ, бо орзую ҳавас фарзандашонро Муҳаммад унвон медиҳанд. Ба андешаи мо, бисёриҳо ин номро хор мекунанд, ба он маънӣ, ки хулқу хӯйи шум доранд, ба нохуни Муҳаммад баробар нестанд. Дигар ин ки падару модарони сахтдаҳан бо «лутф»-у «навозиш»-ашон ба номи пайғамбар иснод меоранд.

Хушбахтона, даҳсолаи охир аз Тешаю Табару Досту Хаскашу Хоркаш, Тошу Сангу Сафол  ва амсоли инҳо даст кашидем. Вале ҳанӯз ҳам ҷо-ҷо ба ин гӯшхарошиҳо вомехӯрем, ки соҳибонашон бузург не, панҷсола-даҳсолаанд. Тифоқо, аз падаре пурсидем, ки чаро ба фарзандаш Табар ном ниҳодааст? Шунидем: «Ба хотири бобояш». Дар ҳақиқат, тааҷҷубангез: бобое, ки сад бор болои гӯраш сабза дамида хушк шудаасту аз ҷасад шояд устухон намонда бошад, магар ба гузоштани номаш ба абераю кабера ё чабера рӯҳи ӯ шод мегардад?!

Баъзеҳо ба фаҳмиши худ ба номҳои асбобу ускунаҳо «ҳусн» андохта, масалан, Табаралӣ, Тешагул ном мебофанд. Қурчӣ ҳам ҳусни соҳиби номро коҳиш медиҳад, бигзор, ки он маъние ҳам дошта бошад. Биёед, аз Сурху Сиёҳу Кабуд ҳам даст кашему ба номгузории Якшанбею Ҷумъа, Бозору Барфу Борон, Гургу Шеру Бӯрӣ хотима бахшем!

Чизи дигареро мавриди таваҷҷуҳ мегузорем, ки бо айби кормандони ҷамоат – зеро хатои падару модаронро ислоҳ намекунанд, - дар зодномаҳо ба ҷои Нурмуҳаммад Нурмат, ба ҷои Юсуфов Юсупов ба ҷои Муҳаммад Маҳмад ва ғайра сабт мешавад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия кард, ки 27 июли соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Феҳрист аз ҳарфи А то Я-и алифбои тоҷикӣ 3360 номро дар бар гирифтааст. Падару модарон, бобою бибиҳо, ки аз таваллуди кӯдак хурсанд мешаванд, бояд дар такя ба номҳои пешниҳодшуда, номҳое, ки дар заминаи меъёрҳои таърихӣ пайдо шуда, ҳамчун арзиши маънавии миллӣ эътироф гардидаанд, ифода кунанд, то фарзандон ҳини мактабравӣ аз он, ки номи зебо доранд, аз онҳо розӣ бошанд.

 

Ҷӯрабек МУМИН,

 рӯзноманигор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш