Нашрияи Омӯзгор

Шавқи китобхонӣ зарур

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар ҳамаи ҳама давру замон барои инсоният ҷиҳати расидан ба қуллаи баланди инсонӣ ва доро будан аз тамаддуну фарҳанг воситаҳои зиёде ба назар мерасанд. Яке аз чунин воситаҳо китоб аст, ки барои инкишоф ёфтани маърифатнокӣ ва соҳиби илму дониш гаштани хонандагон имконият фароҳам меорад. Китоб дар инсонгароӣ нақши аз ҳама муҳим мебозад, ҷаҳонро бе китоб ва бе илму маърифат тасаввур кардан ғайриимкон аст. Китоб дар тамоми умри инсон барои ёфтани роҳи дурусту бенуқсон роҳнамоӣ мекунад. Китоб воситаест, ки инсонро аз дарёи бесаводию ҷаҳолат раҳонида, ба баҳрҳои амиқи донишомӯзию маърифатнокӣ роҳнамоӣ мекунад. Барои дарёфтани роҳи дурусти китобдорӣ инсонро зарур аст, ки чигунагии китоби дар даст доштаашро бидонад. Ҳар кас метавонад китобдор бошад, вале ҳар кас ба дарки моҳияти китоб сарфаҳм меравад. Вақте шахс китобдор аст, ҳеҷ гоҳ танҳоиро эҳсос намекунад, зеро рафиқе чун китоб дорад.

Мутолиаи китоб рӯҳи инсонро болида гардонида, фикру ақидаашро устувор, донишу заковаташро бештар, хастагии ботиниашро бароварда, ӯро сухандону сухансанҷ мегардонад.

Интихоб намудани китоби хонданбоб барои ҳар инсон бисёр душвор аст, зеро аз куҷо оғоз карда, ба куҷо анҷом додани мутолиаро дарк намудан ирода ва дарки ҷиддиро талаб менамояд. Дар байни китобҳои мутолиашаванда, мутаассифона, бо баъзе китобҳо рӯ ба рӯ мешавем, ки  ҷилдҳои зебо доранд, вале дар дохилашон аслан чизе барои мутолиа ба назар намерасад. Ин гуна китобҳо барои онҳое, ки акнун ба даст китоб гирифтаанд, омили дилмонию дилтангӣ аз китобдорию китобхонӣ мегардад. Бинобар ин, ҳангоми интихоби китоб бояд ба мазмуну муҳтавои он назар намоем. Дар чунин ҳолат метавон китоби дилхоҳи худро пайдо намуд. Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд: “Агар дар зиндагӣ зуд-зуд ба нокомӣ дучор оед, пас бидонед, ки ҳанӯз ба қадри кофӣ китоб нахондаед.”

Аз ин бармеояд, ки инсон бояд ҳамеша барои мутолиа ва хондани китоб камари ҳиммат баста бошад. Барои ҳар фарде, ки аз кӯдакӣ битавонад китобдор ва китобхон гардад, аввалан, волидайн ва сипас, мактабу омӯзгорон таъсир мерасонанд. Агар падару модар аз кӯдакӣ ба фарзанд бо афсонаву ҳикоя ва шеърҳои кӯдакона китобхониро талқин намоянд, шавқи мутолиа ӯро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад.

 

Г.ТОИРОВА 

омӯзгори мактаби №54-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш