Нашрияи Омӯзгор

Панҷ сифати омӯзгори муваффақ

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Гардиши рӯзгору ҳаёти пурталотум мани ҷавонро, ки орзуи санъаткор шуданро доштам, ба майдони омӯзгорӣ расонид. Аз рӯзҳои аввал, вақте ба ҳайси омӯзгор вориди синфхона шудаму ба чеҳраи маъсумонаи кӯдакон нигоҳ кардам, меҳри онҳо дар қалби мани ҷавон реша давонд.

Пас аз рӯзҳои нахустини дарсгузарӣ вуҷудамро як эҳсосе фаро гирифт. Ба фикр фурӯ рафтаму андеша кардам, ки ман бояд як омӯзгори намуна дар мактаб бошам, омӯзгоре бошам, ки воқеан дар дилу дидагони хонандагон маъво гирифта бошам, омӯзгоре бошам, ки барои хонандагон дар қалби худам синфхона бисозам, омӯзгоре бошам, ки тавони омӯзонидани илмро ба фарзандони мардум ва тавони бардошти ҳама нозукиҳои ин рисолатро дошта бошам. Донишманде мегӯяд, ки «Омӯзгорӣ ин ишқ аст, на шуғл, агар шуғлаш донистӣ, раҳояш кун ва агар ишқаш донистӣ, муборакат бод!.» Барҳақ гуфтааст ин донишманд, зеро кор ва талоши як омӯзгори мухлис чизе ҷуз ишқ ба шогирд нест. Як омӯзгор бо ҳисси навъе аз дӯстӣ кӯшиш мекунад, ки шогирдонашро тавре таълим бидиҳад , ки дар беҳтарин ва болотарин ҷойгоҳ қарор гирад.

Омӯзгор, ба фикри ман, бояд дорои панҷ сифати писандида бошад.

1. Омӯзгори ширинсухан

Дар ҷойи аввал гузоштани лафзи ширин барои як омӯзгор моро ба ин матлаб наздик месозад, ки як омӯзгори хуб, пеш аз он ки ба фикри омӯзиши хонандагон бошад, бояд дар фикри ахлоқ ва тарбияти инсонии онҳо бошад ва ин амр низ замоне муясар мешавад, ки омӯзгор худ шахсияти ороста ва дӯстдори покии забони ноби тоҷикӣ бошаду синфхонаро бо калому суханони гуворо идора карда тавонад. Омӯзгори ширинсухан дар баробари таълими шогирдон ба онҳо дарси амалии ахлоқро меомӯзонад. Омӯзгори намуна бо лафзи ширин шогирдонро таълим дода, тарзи муошират ва бархӯрд бо мардумро дар ҷамъият меомӯзонад.

2. Ишқ ва дилсӯзии омӯзгор

Яке аз дигар вижагиҳои шоиста барои омӯзгор ин меҳр ва дилсӯзӣ нисбат ба шогирдон мебошад. Ин вижагӣ дар омӯзгорон боис мешавад, ки дар масири таълим бепарвоию беаҳамиятиро пешаи худ накунанд. Омӯзгоре, ки дар қалбаш ишқи шогирд ҷойгир аст, тамоми принсипҳои методиро истифода мебарад, то шогирдаш дар ноҳия ва ё ҷумҳурӣ дастоварде дошта бошад. Ширинтарин лаҳзаҳои умри омӯзгор ҳамон лаҳзаҳое мебошанд, ки шогирдонаш дар озмуне мақоме касб мекунанд ва ё пас аз хатми муваффақонаи мактаб шомили донишгоҳ мешаванд. Омӯзгори дилсӯз пайваста дар канори шогирдон буда, мушкилоти онҳоро дар ҷодаи таълим дарк мекунад ва ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот тамоми ҳастии худро сарф мекунад. Омӯзгоре, ки дар қалбаш заррае меҳру дилсӯзӣ ба шогирдон ҷойгир аст, пайваста ва яксон бо хонандагони фаъол ва сустхон кор карда, маҳбубияти худ ва фанни таълимияшро дар қалби якояки шогирдон ҷой медиҳад. Дар муассисаи мо ҳастанд омӯзгороне, ки бо меҳрубонӣ ва донишу таҷрибаи худ нисбат ба шогирдон дар дилу дидаи шогирдон ҷойгоҳи хосеро касб кардаанд. Аз ҷумлаи чунин омӯзгорони дилсӯз Гулнигор Саидова, директори муассиса маҳсуб меёбад, ки натанҳо дар дидагони хонандагон маҳбубият касб кардааст, балки дар кӯтоҳтарин муддат робитаи зичи падару модарро бо муассиса ба роҳ мондааст. Яке аз дигар омӯзгорони соҳибмаҳорат дар муассисаи мо муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Саломат Каримова мебошад.

3. Қалби боз ва таҳаммули омӯзгор

Бешак, шуғли омӯзгорӣ яке аз шуғлҳои сангинест, зеро интиқоли дониш ба дигарон ва тарбияти ахлоқии шогирдон ба роҳатӣ ва содагӣ ба даст намеояд. Аз ин рӯ, барои ҳар як омӯзгори муваффақ маълум мешавад, ки муваффақият ва таъсиргузорӣ дар ин масир бидуни доштани қалби боз ва таҳаммулу сабр имконпазир нест.

4. Як омӯзгори намуна дар канори салобат ва ҷиддият шахси меҳрубон ва дилсӯз ҳам ҳаст

Ҷиддият ва сахтгирии ӯ ҳеҷ гоҳ монеи меҳрварзӣ ва дилсӯзии ӯ нисбат ба шогирдон шуда наметавонад. Бархӯрди нек, рӯҳияи болида ва забони хуши омӯзгор метавонад шогирдонро ошиқи одоб ва ахлоқи омӯзгор кунад. Агар як омӯзгор  ҷиддият ва меҳрубониро дар равиши дарсаш истифода набарад, чӣ басо хонандагоне аз чунин дарси омӯзгор гурезон хоҳанд шуд. Дар муассиса омӯзгорони варзида Зиннат Ҳабибова, Хадичамоҳ Шодиева ва Хадича Қурбонова воқеан барои мани мутахассиси ҷавон намунаи ибрат мебошанд.

5. Хастагинопазирии омӯзгор

Хастагӣ, танбалӣ ва сустӣ дар ҷодаи таълиму тарбия омӯзгорро фарсахҳо аз муваффақиятҳо дур карда, нуфузи ӯро дар синф поён мебарад. Аз ҳамин ҷиҳат, омӯзгороне, ки дар масири таълиму тарбияи шогирдон зуд хаста мегарданд, ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба муваффақият дар кори таълиму тарбия ноил гарданд. Намунаи ибрат барои ман дар муассиса устод Нуриддин Қосимов мебошад, ки таҷрибаи кории беш аз 30-соларо дораду дар кори худ мутахассиси соҳибтаҷриба мебошад.

Хулоса, омӯзгорӣ шуғли анбиё ва паёмбарон аст. Дар баробари таълим ва тарбият, онҳо рисолати рушду ободии ҷомеаро ба дӯши худ гирифта, дар ҳама ҳолат канори аҳли ҷомеа қарор мегиранд. Аз ин ҷиҳат лозим аст, ки ҷойгоҳи омӯзгоронро муътабар дониста, пос бидорем ва қадрдони заҳматҳои бедареғи онҳо бошем.

 

А. ДАВЛАТОВ,

муовини директори

мактаби №120, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш