Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили дигар соҳаҳо оид ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, дар бораи хариди таҷҳизоти техникӣ аз хориҷи мамлакат андешаронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки дар панҷ соли охир беш аз даҳ ҳазор техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 570 миллион сомонӣ ворид карда, барои ин дар ҳаҷми беш аз 200 миллион сомонӣ имтиёзҳо татбиқ гардидаанд. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор карда шуданд, ки корро дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак доир ба истеҳсоли техникаи таъиноти кишоварзӣ дар дохили кишвар пурсамар ба роҳ монанд.
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни ихтироъкор ва олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар озмун эълон карда буд. Ба озмун ихтирооте қабул гардиданд, ки ҳатман дастгоҳҳои техникӣ ва мошинолотеанд, ки истифодаи онҳо дар соҳаи кишоварзӣ заруранд.
Дар ҳамоише, ки оид ба ҷамъбасти фаъолияти ихтироъкорон дар толори КВД «Тоҷикагролизинг» барпо гардид, роҳбари ин корхона Акрамзода Юсуф Акрам иттилоъ дод, ки чунин ташаббус бори нахуст аз тарафи ин корхона роҳандозӣ гардид ва дар назар аст, ки ҳамасола баргузор мегардад. Он ихтирооте, ки мавриди баррасии аъзои ҳакамон гардид, аз озмоишгоҳҳо гузашта, ба ҳамаи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва дорои патенти ихтироъкорианд.
Ниҳоят ғолибони озмуни ихтироъкорони донишҷӯ ва олимони ҷавони шаш муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ - ДДХ ба номи Б. Ғафуров, ДДҚ ба номи Н. Хусрав, ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи техникӣ ва менеҷменти шаҳри Кӯлоб, ДДТ ба номи М. Осимӣ (ҷамъ 18 нафар) барои ихтироъкорӣ, фаъолиятҳои босамари илмӣ, иштироки фаъолона дар рушди илм, ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешбари илмӣ - татқиқотии байналмилалӣ ва иштироки назаррас дар тавсеаи саноати ҷумҳурӣ бо Ифтихорнома ва ҳар кадом бо маблағи 3000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм Одиназода Бозоралӣ Неъмат, муовини вазири кишоварзӣ Зеваршо Зеваршоев иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр