Таълиму тарбия бо замон, бо ҳодисаву воқеаҳои рӯз, бо муҳити хонандагон алоқаи ҳамешагию устувор дорад.
Масалан, солҳои пешин дар ҷумҳуриамон Соли оби тоза, Соли ҷавонон, Соли таҷлили 2700 – солагии Кӯлоб, Соли ҷашни 3000 – солагии Ҳисор… эълон шуда буданд ва ба ин муносибат дар таълимгоҳҳои мамлакат низ маъракаҳои гуногуни адабию маърифатӣ баргузор карда шуданд. Соли равон дар Тоҷикистони маҳбуби мо бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Вобаста ба ин дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар дарсҳои махсус, конфронсу ҳамоишҳо вохӯриву сабқатҳо созмон дода шуданд.
Ман ба он кӯшидам, ки ба шогирдони хурдсоли худ, пеш аз ҳама, аҳамияту моҳият ва зарурати ин тадбири муҳими давлатро шарҳ диҳам ва вобаста ба ин онҳоро бо мазмуни ифодаҳои «сайёҳӣ» ва «ҳунарҳои мардумӣ» ошно намоям. Чун ба ин ҳадафи худ ноил гаштам ва аз донишҳои ҳосилкардаи шогирдонам қонеъ шудам, ба онҳо оид ба манзараҳои кишвари маҳбубамон ва мавзеъҳои таърихии он маълумот додам. Барои ин аз расмҳои манзаравӣ, китобҳои рангаи соҳавӣ, намоишҳои видеоӣ васеъ истифода намудам.
Дар бораи аҳамияти сайёҳӣ нақл карда, ба хонандагон ин байти устод Турсунзодаро ёдовар шудам:
Рӯи олам дидан одам дидан
аст,
Неку бадро дар ҷаҳон
санҷидан аст.
Чанд зарбулмасалу мақолро низ гӯшзади шогирдон мекунам, ки якеаш ин аст: «Шинанда – бурё, гарданда - дарё». Таъкид мекунам, ки саёҳат кардан ҷаҳонбинии худро васеъ кардан, дониш афзудан, бо асрори таъриху рангрезиҳои табиат бештар ошноӣ пайдо намудан мебошад. Сайёҳӣ ҳам дар тамоми олам ва ҳам дар кишвари мо таърихи дерин ва омӯзанда дорад. Бисёр шахсиятҳои маъруф қисмати зиёди умрашонро ба сайёҳӣ бахшида, дар ин асос асарҳои барҷаста офаридаанд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии туризм, дар олам беш аз 250 миллион нафар дар соҳаи туризм (сайёҳӣ) фаъолияти доимӣ доранд ва понздаҳ кишвари дунё иқтисодиёти худро асосан дар заминаи туризм пеш мебаранд.
Дар Тоҷикистон сайёҳӣ дар ҳоли рушд аст ва сол то сол шуҳрати ҷаҳонии кишвари кӯҳсору зебоманзарамон афзуда, боиси ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон мегардад.
Ҳунарҳои мардумии тоҷикон низ як бахши хеле барҷастаи маданияти ҷаҳонист. Тоҷикон дар гулдӯзию кулолгарӣ, кандакорию наққошӣ, гилембофию дуредгарӣ, кашидадӯзию гулпартоӣ, чармгарию шишагарӣ ва бисёр – бисёр ҳунарҳои дигар мумтозанду дастони эъҷозофарин доранд. Ин ҳама ҳунарҳо бояд эҳё шаванд, рушд ёбанд, тарғиб шаванд, хидмати мардум кунанд, ба ҷаҳониён муаррифӣ шаванд. Ба воситаи наворҳои видеоӣ ба хонандагон оид ба ҳунарҳои гуногун маълумоти ҷолибу завқбахш медиҳам.
Бояд гуфт, ки тарғибу шарҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ лаҳзаҳое аз дарсҳоро фаро мегиранд ва низ ба ин мавзӯъ як дарси тарбиявӣ бахшида мешавад.
ҷамила Вазирова,
омӯзгори мактаби №72-и ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр