Чанде пеш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ даври вилоятии олимпиада аз фанҳои таърих, ҳуқуқ, химия ва ҷуғрофия доир гардид. Дар озмун аз ноҳияи Муъминобод 15 нафар ғолиби даври ноҳиявӣ иштирок карда, 7 нафарашон сазовори медалу дипломҳо гардиданд. Ин гувоҳи он аст, ки вазъи таълиму тарбия дар минтақи Кӯлоб рӯз ба рӯз беҳтар шуда истодааст.
Мо шодем, ки бо талошу кӯшишҳои аҳли маорифи ноҳияи Восеъ, аз ҷумла, омӯзгорони ҷамоати мазкур чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт, иштирокдорон аз ягон ҷиҳат камбудие эҳсос накарданд. Ҳамагон барои шаффофу бенуқсон гузаронидани озмун ба сарвари мактаби №69, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ ва кормандони раёсати маорифи вилояти Хатлон арзи сипос намуданд.
Ман дар озмун сазовори ҷои сеюм шудам. Аз ҳакамони олимпиада барои маслиҳатҳои хубашон ниҳоят миннатдорам. Дар озмунҳои оянда боз ҳам хубтар иштирок хоҳам кард.
Дилшод қурбонов,
хонандаи синфи 9-и
мактаб-интернат
барои ятимон ва
бепарасторони
ноҳияи Муъминобод
Насли наврасро ватандӯстӣ омӯзем
Аввалин нишонаи комил будани шахс ва ҳамчун шахсияти дуруст дар ҷамъият шинохта шудаи ӯ маҳз ҳисси баланди ватандӯстӣ доштанаш мебошад. Ватандӯстиро танҳо дар сухан не, балки ҳамарӯза бо рафтору гуфтор ва пиндори нек собит намудан лозим аст.
Инсон аввалин маротиба, баъди зода шуданаш дар оғӯши гарму нарму беолоиши Модар, дар оғӯши Ватан тарбият меёбад. Бинобар ин, Ватан ва Модарро дар як радиф гузошта, эҳтиром мекунанд.
Хизматҳои беназири устод Садриддин Айнӣ ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо дур нахоҳад монд. Асарҳои гаронбаҳои ӯ на танҳо таърихи гузаштаю муосири моро, балки забони зебои адабии тоҷикро дубора зинда кард. Тараннумгари дӯстию рафоқат, инсондӯстию ватанпарварӣ, устод Мирзо Турсунзода низ баҳри Ватани азиз хизматҳои шоёне карда, дар таъриху сиёсат ва фарҳангу адабиёт нақши муҳимро бозидааст. “Тоҷикон”-и академик, таърихшинос, олим, устод Бобоҷон Ғафуровро бо суханҳои одӣ васф кардан ғайриимкон аст. Тамоми хизматҳои ин абармардони бузург танҳо баҳри Ватан миллат ва пос доштани забон буд.
Қаҳрамони аз ҳама ҷавонтарини миллат, ки исмашро бо ҳарфҳои заррин нависем, тамоми хизматҳояшро дар чандин ҷилди китоб сабт кунем, барои хоксориву инсондӯстиашро васф кардан сатрҳои бепоёнеро рӯйи сафҳа орем, ифтихори ватандориашро бо тамоми оламиён муқоиса кунем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар ҳар як суханронии худ Президенти ҷумҳурӣ бо як ҳисси баланди ватандӯстона қайд мекунанд, ки аз доштани чунин як Ватан ва зиндагии осоиштаи худ бояд ҳамеша шукргузор бошем.
Тарбияи насли наврас вазифаи на танҳо волидайну мактаб, балки тамоми ҷомеа аст. Чунки на ҳама вақт падару модар ва омӯзгор ҳамроҳи ӯст.
Ба ҷавонон шарҳу тавзеҳ додан лозим аст, ки онҳо дар ягон гӯшаи дунё худро хушбахту озоду самимӣ ҳис карда наметавонанд, ба ҷуз Ватан!
Ёқутой Иброҳимова,
омӯзгори мактаби №95-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр