Нашрияи Омӯзгор

Мавқеи омӯзгор дар мубориза бо терроризм

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Яке аз масъалаҳои доғи рӯз дар ҷаҳони имрӯза, ки хеле печидаву мураккаб гаштааст, экстремизм ва терроризм мебошад.

Гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ дар минтақаҳои гуногун барои ба ҳадафҳои ғаризи худ расидан, ба воситаи маблағҳои ночиз ҷавононро ба доми худ  кашида, амалҳои ношоиставу тахрибкоронаи худро пиёда мегардонанд. Тибқи маълумот, имрӯз дар ҷаҳон бештар аз 80 ҳизбу гурӯҳи гуногуни исломӣ фаъолият дошта, ҳар кадом бо истифода аз манфиатҳо дар ин ё он кишвар оятҳои Қуръон ва ҳадису  гуфтаҳои Паёмбари Ислом ва пешвоёни дини исломро таҳриф намуда, ба ғорату истилои мардум, куштор ва паҳн намудани ақидаҳои ботили ғайриинсонӣ  машғуланд. Масалан, чанде пеш дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул нафари худкуш бо фармоиши хоҷагонаш амали террористиро ба анҷом расонид, ки дар натиҷаи он 50 нафар ба ҳалокат расид. Таркиш дар толоре ба вуқӯъ пайваст, ки он ҷо ба муносибати зодрӯзи Паёмбар Муҳаммад (с) чорабинӣ ҷараён дошт. Акнун  ҷавонон бояд қазоват бикунанд, ки  гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳар куҷое бошанд, дифоъ аз ислом намекунанд, бараъкс бо шиорҳои шаҳид шудан хуни худу мардуми бегуноҳро мерезанд.  Аслан, экстремисту террорист шахсест, ки барои ӯ муқаддасот, арзишҳои миллӣ, гуманизм, зебоӣ ва маданияту санъат ва хираду дониш арзише надоранд. Омили асосии ба экстремизму терроризм майл намудани шахс бемаърифатӣ, бедонишӣ, ҷоҳилӣ ва тақлиди ӯ аз амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Бинобар ин, чеҳраи ҳақиқии экстремист ва террорист бояд барои ҳамагон   маълум бошад, яъне  ҳадафи асосии онҳо ба ҷуз барҳам задани оромию суботи ҷомеа, тарсондани мардуму даҳшатафканӣ чизи дигаре нест. 

Вобаста ба ин ҳолат дар ҷомеаи имрӯза омӯзгор мавқеи калидӣ дошта,  ҳамчун  тарбиятгар ва тарғиботчии андешаҳои гуманистӣ  дар вақти гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, ҷаласаҳои кумитаҳои падару модарон ва дарсҳои кураторӣ ба хонандагону донишҷӯён моҳияти  масъалаҳои доғро таҳлил кардаву фаҳмонида тавонад.  Дар ин ҷода омӯзгорро мебояд бо маълумоти муфассалу мукаммал мусаллаҳ бошад ва хонандаву донишҷӯро  ҳангоми баррасии масъалаҳо қонеъ карда тавонад.

Ҳамин тариқ, вазъи имрӯзаи ҷаҳон, раванди тезутундшавии манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат, паҳншавии терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари воқеӣ ба ояндаи инсоният тақозо менамояд, ки насли наврас ва ҷавононро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамеша омода намоем.

 

Замирахон ИРМАТОВА,

муовини директор оид ба таълими  коллеҷи технологии шаҳри  Конибодом ба номи

А. Қаҳҳоров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш