Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз мушкилоти ҷавонон

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар толори Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис” дар доираи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастӣ ва  рушди иҷтимоии ҷавонон, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ гардидааст, мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба мавзӯи “Тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон” бахшида шуда буд. Дар рафти он беш аз 100 нафар ҷавон, инчунин, намояндагони раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахши ҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни муассиса, намояндагон аз “Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” иштирок намуданд. Дар рафти чорабинӣ меҳмонон оид ба масъалаҳои ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, инчунин, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои ва пешгирии бемориҳои сироятӣ суханронӣ карданд.

Баҳрулло САЛИМЗОДА,

мудири бахши ҷавонони коллеҷи муҳандисӣ -

омӯзгории шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш