Дар деҳаҳои Оқмамад ва Пиши Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон барои муассисаҳои таълимии № 53 ва №55 биноҳои нав бунёд карда шуданд.
Мактаби рақами 53-и деҳаи Оқмамад аз 9 синфхона, толори маҷлис, хонаи муаллимон, анборхона ва муассисаи ибтидоии рақами 55-и деҳаи Пиш аз 4 синфхона иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавии таҳсил таъминанд. Дар сохтмони ин ду таълимгоҳ, дар маҷмӯъ, 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.
Дар чорабинии расмӣ бошандагони деҳаҳои дурдасти Оқмамад ва Пиш барои бунёди таълимгоҳҳои замонавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор изҳори сипос карданд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр