Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи мориф мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбанд.
Дар ин робита соҳаи маорифи ноҳияи Фархор дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Маорифчиён низ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комили Ватани азизамон тамоми донишу малакаи хешро баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон равона мекунанд. Масъалаи ҷобаҷогузории омӯзгорони ҷавон дар мадди аввали роҳбарияти ноҳия ва шуъбаи маориф қарор дошта, тӯли солҳои 2017-2018 зиёда аз 60 нафар омӯзгори ҷавон ба муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҷойи кор таъмин шуданд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар назди 36 муассисаи таълимӣ синфхонаҳои нав барои 4 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар баробари он ки аз буҷаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳаллӣ барои таъмиру таҷдиди муассисаи таълимӣ маблағҳои муайян ҷудо мегардад, соҳибкорон низ дар сохтмони мактабҳо саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, бо ибтикори соҳибкори ноҳия Абдуғаффор Давлатов 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 литсейи давлатӣ иборат аз 26 синфхона мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Ба ҳамин монанд аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси ноҳия Диловар Муҳиддинов, Хуршед Нозимов ва Қурбон Раҳматов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 муассисаи таълимӣ ва 1 гимназияи давлатӣ бо тамоми шароити мусоиди таълим ба омӯзгорону хонандагон чун туҳфаи арзишманд тақдим гардиданд. Бояд гуфт, ки хароҷоти умумӣ барои азнавсозию таъмири муассисаҳои номбурда аз ҳисоби соҳибкорон 16 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар замони соҳибис-тиқлолии мамлакат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия ҷиҳати таъмини шароити мусоид ба аҳли маориф чораҳои амалӣ меандешад. Барои мисол тайи 10 соли охир ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба 247 омӯзгори ҷавон бо назардошти вазъи иқтисодию иҷтимоиашон бо замини наздиҳавлигӣ ва инчунин, бо қарзи имтиёзноки бонкӣ таъмин карда шуданд. Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати таълимро боло бурда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намоем.
Субҳинаи АСКАРДУХТ,
омӯзгори мактаби рақами 12-и ноҳияи Фархор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр