Дар бораи нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтаасту барандаи ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи адабиёт гардидааст, бисёр гуфтаанду навиштаанд. Навиштаи зер, ки аслан «Авлоди шарафманд» ном дораду ба қалами рӯзноманигори шинохтаи қирғиз Усмонқул Иброҳимов мутааллиқ аст, ҷанбаи вижаи зиндагиномаи адиби бузург - баромади авлодии ӯро тавсиф мебахшад.
Қирғизҳо бар он назаранд, ки авлоди онҳо ҳанӯз дар оғози асрҳои миёна ба мавзеи Қирғизистони имрӯза муҳоҷират карда, нахуст дар водии афсонавии Талас маскун гаштаанд. Нависандаи барҷаста ва шуҳратёр Чингиз Тореқулович Айтматов дар ҳамин мавзеъ чашм ба олам кушодааст. Ӯ дар «Қайдҳо дар бораи худ» ном ёдномааш чунин навиштааст: «Дар аули мо мӯйсафедон дар масъалаи донистани гузаштагон – аҳли авлод бисёр сахтгир буданд. Онҳо бачаҳоро дар сари роҳ боздошта, суол мекарданд: - Канӣ, бигӯ, паҳлавон, ту аз кадом авлодӣ, гузаштагонат - бобою бобокалону волидони онҳо киҳо буданду ба чӣ корҳо машғул мешуданд? Дар бораи авлоди шумо мардум чиҳо мегӯянд?» Ҷавонаке, фаразан, ба ин суол посух гуфта натавонад, таънасор мешавад. Гап то падару модараш мерасад. Дигарон ҳам миш-миш мекунанд: ин чӣ гуна фарзанд аст, ки гузаштагони худро намедонад? Падару модараш чаро бепарвоанд? Ояндаи ин хел бача чӣ мешавад?!»
Дар идомаи ёдномааш Чингиз Айтматов менависад, ки ман аз авлоди Шакарам: Шакар – саравлоди мо, падарам – Тореқул, падари ӯ – Айтмат, падари ӯ – Кимбилдӣ, падари ӯ – Кончуҷок.
Бояд гуфт, ки деҳаи Шакар, ки ин ҷо нависандаи бузург таваллуд шудааст, ҳамбастагие бо авлоди ӯ – Шакар дорад. Байни гузаштагони Чингиз Айтматов – Шакар ва Кончуҷок чандин наслу номҳо будаанд, вале нависанда (чунонки худ иқрор шуда) онҳоро намедонистааст.
Кончуҷок марде камбизоату бенаво будаасту зиндагие гарон ба сар бурдааст, вале писари ӯ Кимбилдӣ дар қатори сарватмандони маҳал ҷой доштаасту фаъолу кӯшо будааст. Писари Кимбилдӣ Айтмат чун падар кордону сарватманд набудааст, аммо яқин, дар заминаи мероси падар ба вартаи нодорӣ науфтода, ҳатто барои ҳамдеҳагонаш осиёбе бунёд кардааст. Дар омади гап, нависанда ҷое ёдовар мешавад, ки дар кӯдакиаш осиёби бобоияшро дида будааст.
Боз ҳам дар ёдномаи мазкураш Чингиз Айтматов меоварад: «Ман бобоям Айтматро надидаам, аммо дар борааш суханони зиёде шунидаам. Мегуфтанд, ки Айтмат марде ҳунарманд буд, рангмолӣ, зинтарошӣ, масхарабозӣ мекард, мусиқӣ менавохт, дар дӯзандагӣ ҳам мумтоз буд (аввалин шуда ба деҳа мошини дӯзандагӣ оварду ба ин муносибат лақаби мошиначӣ ба номаш часпид: Айтмат – мошиначӣ), хати арабиро хондаву бо ин хат навишта метавонист. Бо ин ҳама, бечорааҳвол буд. Ниҳоят, бобоям бо писари дувоздаҳсолааш - падари ман Тореқул ба сохтмони тунели роҳи оҳани назди истгоҳи Маймак меравад. Аз ин ҷо Тореқул бо ёрии коргарони рус шомил ба мактаби русии шаҳри Ҷамбул мешавад».
Яке аз гузаштагони дури нависанда - Китай Тулку ном писаре доштааст. Байтике ва Бочоҷу фарзандони Тулкуанд. Ворисони Байтике ду писар – Тонтогор ва Кийра будаанд. Шакар – саравлоди Айтматовҳо писари Тонтогор мебошад. Худайназар (писари Шакар) ду писар (дугоник) доштааст: Асан ва Усен. Аз Асан фарзанде ба дунё меояд – Табилдӣ. Табилдӣ ду писар дошт: Кончуҷок ва Танабой. Ҷаналӣ ва Тиналӣ фарзандони Кончуҷоканд. Тиналӣ писари ягонаашро Кимбилдӣ ном мегузорад. Кимбилдӣ соҳиби ду писар шуда, онҳоро Биримқул ва Айтмат ном ниҳод. Айтмат ва Оимхон (завҷааш) соҳиби панҷ фарзанд (ду писару се духтар) шуданд: Оимгул, Тореқул, Қарақиз, Гулоим, Рисқулбек. Аз Тореқул чор фарзанд – Чингиз, Илгиз, Лютсия ва Роза ба дунё омаданд.
Дар бораи Тореқул Айтматов маълумоти зиёде ҳаст. Ӯ болшевики матинирода буд, дар Маскав, дар Институти марксизм – ленинизм таҳсил кард ва дар Қирғизистон соҳиби мансабҳои баланди ҳизбӣ гардид. Онҳое, ки ӯро мешинохтанд, мегӯянд, ки марди кушодарӯй, хушмуомила ва хушқаду қомат буд, мӯйсари сиёҳи босалобат (фахида) дошт. Чингиз Айтматов мегуфт, ки маро мӯйсар ба падар, чашму симо бештар ба модар мушобеҳ аст.
Тореқул чун аксар аввалин роҳбарони Қирғизистони Шӯравӣ дар умқи дил орзуи ташкили Туркистони мустақилро дошт, ҷонибдори ғояи Тӯрони бузург буд. Ин ғояро аслан бисёр мансабдорону зиёиёни вақт дар сар мепарвариданд. Дар ҷумҳуриҳои дигар низ мустақилиятхоҳӣ миёни иддае аз мунавварфикрон ба мушоҳида мерасид. То В.И.Ленин дар қайди ҳаёт буд ва чанд сол пас аз вафоти ӯ дар марказ (Маскав) ба ин ҳолат чандон аҳамият намедоданд. Доҳии пролетариат ғояи худмуайянкунии миллатҳоро пайгирӣ намуда, бар он бовар буд, ки ҷумҳуриҳои аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ қафомонда ҳаргиз бидуни мадади Россия буда наметавонанд. Аммо И.В.Сталин бар назари дигар буд. Ӯ чун дар садри мамлакат мавқеъ устувор кард, ба мустаҳкам кардани нақши марказ оғоз намуд ва ҳамаи мустақилиятхоҳонро ба панҷаи оҳанини Маскав кашид ва як қисмашонро бо тамғаи «душмани халқ» ба маҳбас гирифтор карда, дар солҳои мудҳиши 1937-1938 ба қатл расонд. Дар байни ин «гунаҳгорони бегуноҳ» Тореқул Айтматов (яке аз роҳбарони собиқи Кирғизистон) низ ҷой дошт, ки бо туҳмате қаблан ба муҳлати даҳ сол ба маҳбас гирифтор шуда буд…
Чингиз Айтматов аз тарафи модарӣ ба халқи тотор алоқамандӣ дорад, тоторҳои мусулмоне, ки дар миёнаҳои асри нуздаҳ аз ҳавзаи шаҳри Қазон ба Қирғизистон кӯч бастаанд. Мегӯянд, ки авлоди модарии нависанда одамони хеле бомаърифат ва соҳибхирад будаанду бештар ҳамчун омӯзгор, тоҷир, ходими динӣ кор мекардаанд. Бобои модарии Айтматов Ҳамза Абдувалиев тоҷири муваффақи Россия будаасту ба амалиёти хайриявӣ низ машғул мешудааст, аз ҷумла, ба қирғизҳо борҳо дасти мадад дароз кардааст. Ҳ.Абдувалиев мадрасаро хатм кардааст ва хати арабию забони русиро хуб медонистааст, тарафдори таҳсили комили фарзандон будааст, дар деҳкадаи Қарақул (ин ҷо русу тотору қирғизҳо мезистанд) хонаи бошукӯҳу муҷаҳҳаз бунёд кардааст. Пас аз Инқилоби Октябр ин марди донишвару кордон ва соҳибсарват бо ихтиёри худ тамоми дороияшро ба ихтиёри болшевикон гузошта, худ миёнааҳволона чун ҳамагон зиндагиашро идома мебахшад.
Модари Чингиз Айтматов Нагима Айтматова (то ақди никоҳ Абдувалиева) зани зебову хушдил ва равшаннигоҳу таҳсилдида буд, шавҳарашро бағоят дӯст медошт. Бо қатъият метавон гуфт, ки дар тарбияи шоистаи Чингиз Айтматов модар нақши барҷаста дорад. Ӯ ҳамеша илҳомбахшу дастгиру дилнавози писари азизаш буд.
Мегӯянд, ки Нагима ба авлоди дар Тотористон машҳури Ишманҳо мутааллиқ буд ва ин авлод беш аз дусад шахси машҳуру эътирофшудаи халқ дошт.
Зиндагиномаи Нагима сужаест барои як романи комил. Ӯ нахуст рӯзгорони пуршодию нишот дошт, махсусан, пас аз вохӯрӣ бо Тореқул бағоят хушбахт буд. Ин бонуи боназокат шавҳарашро самимона дӯст медошт ва ҳатто пас аз шунидани қатли Тореқул низ солҳои зиёд садоқатмандона бозгашти ӯро интизорӣ мекашид. Дар тарбияи фарзандон ба мушкилоти зиёде дучор омад, бо азобу машаққат ятимакони худро хӯронду пӯшонд, таҳсилдида кард, раҳнамояшон шуд, нагузошт, ки дилшикаставу раҳгумзада шаванд. Хушбахтона, Нагима бегуноҳ эълон шудани шавҳарашро шунид, ба рӯзҳои нек расид, бахти фарзандонашро дид ва аз шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтани писари азизаш Чингиз сар ба осмонҳо бисуд.
Роза (хоҳари Чингиз Айтматов) ҳикоят мекунад, ки модараш ба ҳама гуна пешгӯиву фолбинӣ ва тахминҳо бовар надошт, вале боре ӯро атрофиёнаш водоштанд, ки аз як лӯлизани фолбин бипурсад, то пас аз маҳбасӣ шудани шавҳараш дигар чӣ тақдире ӯро пеш хоҳад омад, ҳоли фарзандонаш чӣ мешавад, рӯшание дар пеш ҳаст ё на. Лӯлизан нисбат ба тақдири Тореқул ҳарфи саҳеҳе нагуфт, хира монд, вале яке шукуфту иттилоъ дод, ки як фарзанди Нагима одами калон мешавад, ба ҳадде ки тамоми ҷаҳон дар бораи ӯ ҳарф хоҳад зад.
Он замон Нагима зери фишори андуҳи ҷудоӣ аз шавҳар ба ин суханони лӯлизан чандон эътибор надод, аммо баъдтар, солҳои 50-уму 60-ум, чун тадриҷан писари қаламкашаш шуҳрат андар ҷаҳон афзуд, аз он ҳодиса бо фараҳмандӣ ёд овард…
Чингиз Айтматов маъмулан миёни одамон ҳиссиёти худро пинҳон медошт, ба вижа, хуш надошт, ки аз ягон ғаму ғуссааш дигарон огаҳӣ дарёбанду ин ҳолат таъсиргузорашон шавад. Вале бохабарон зимни се воқеа нависандаро ашк дар чашму пурғусса ба мушоҳида гирифтаанд: вақте ки модари азизаш, фариштаи ҳаёташ Нагима аз олам даргузашт; вақте ки пас аз бемории вазнин бонуи маъруфи қирғиз Бибисоро Бейшеналиева тарки дунё гуфт ва вақте ки завҷаи нахустинаш, модари ду фарзандаш, оне, ки солҳои душворе дар паҳлуяш буд – Керез Шамшибаева, чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Воқеан, Чингиз Айтматов дар назди Керез ҳамеша худро гунаҳгор меҳисобид, барои он ки дар авҷи шуҳраташ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар ҷаҳон ӯро тарк гуфту ба назди зани дигаре рафт. Мегӯянд, ки нависандаи бузург ҳангоми хайрбод бо Керез батакрор аз ӯ узр пурсидаву дар наздаш сар хам кардааст.
Воқеан, мо худ боз шоҳиди як гиряи нависандаи тавонову маъруф гаштем. Ҳангоме ки рӯи қабри падари бузургвораш дар гӯристони бародарии Ота – байт (ин номро худи Чингиз Айтматов гузошта буд) гул мегузошт, ӯ мегирист, бесадо, беашк мегирист, китфонаш меларзиданд, қоматаш ба назар хамхӯрда менамуд…
Баъдҳо, зимни яке аз суханрониҳояш Чингиз Айтматов иброз дошт, ки падари ӯ, ба ҳар ҳол, хушбахт аст, ки дар чунин мавзеи кушоду барҳавои оғӯши кӯҳсори хушманзар, дар ҷое, ки оромии ҷозибадоре ҳукмфармосту ҳатто Бишкек ба назар менамояд, ба хоби абад рафтааст. Албатта, ин суханони хирадмандона як навъ таскини дил ва мусоидат ба иродаи Худованд буданд…
Бо амри тақдир имрӯз дар ин манзил, дар гӯристони Ота – байт, дар канори падар, дар оромгоҳи миллии шаҳидони сиёсӣ худи Чингиз Айтматов, нависандаи бузургу тавонои халқи қирғиз, ифтихору шарафи миллии мо, маҳбуби аҳли зиёи ҷаҳон ба хоби абад рафтааст.
Асарҳои Чингиз Айтматов
Қиссаҳо: «Ҷамила», «Сафинаи сафед», «Устоди нахустин», «Турнаҳои бармаҳал», «Ниҳолаки рӯймолсурхаки ман», «Рӯбарӯшавӣ», «Пораабри сафеди Чингизхон», «Саги алое, ки лаблаби баҳр метохт», «Алвидоъ, Гулсарӣ», «Чашми уштур»…
Романҳо: «Дуроҳаи бӯронӣ», «Қиёмат», «Нақши Кассандра», «Вақте ки кӯҳҳо аз ҳам мерезанд».
***
Ҷоизаҳо
Нависандаи халқии Қирғизистон, Нависандаи халқии Қазоқистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон, академики АИ Қирғизистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаи ленинии ИҶШС, барандаи ҷоизаи давлатии ИҶШС (се маротиба).
Аз русӣ тарҷумаи
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр