Устодони фанни математикаи мактабҳои миёнаю олӣ вобаста ба синну сол, қобилияти азхудкунӣ, майлу хоҳиш ва дигар хусусиятҳои фардии шогирдон метавонанд дар машғулиятҳо саволу масъалаҳои мувофиқро интихоб намуда, чи дар ҷараёни дарс ва чи дар машғулиятҳои иловагӣ ва берун аз синфиву мустақилона аз онҳо истифода баранд.
Намунае чанд аз ин масъалаҳо:
1.Ёфтани рӯз ва моҳи таваллуд.
а) Адади навишташударо дучанд зиёд кунед .
б) Натиҷаро ба 10 зарб кунед.
в) Ба ҳосили зарб 73-ро ҷамъ кунед.
г) Натиҷаро ба 5 зарб кунед.
д) Ба ҳосили зарб рақами моҳи таваллудро ҷамъ кунед.
2.Ҷои якдона гугирдчӯбро тағйир дода, хаторо ислоҳ намоед.
VI-IV=IX
V+IV=IX дуруст.
3.Калимаеро нависед, ки аз чап хонед, номи метал, аз рост хонед, маводи аз он метал истеҳсолшударо ифода кунад.
4.Вазни хишт ба 1кг ва боз вазни ним хишт баробар аст. Вазни хишт чӣ қадар аст?
(2кг)
5. Вазни моҳӣ 5 кг ва боз нисфи вазни моҳӣ баробар аст. Моҳӣ чӣ қадар вазн дорад?
(10кг)
6. Калимаеро ёбед, ки дар таркибашон ҳарфҳои юнонӣ дошта бошанд.
7. Калимаеро ёбед, ки аз 7 ҳарф иборат буда, аз чапу рост як хел хонда шавад.
Барои ёфтани соли таваллуд:
1. Андозаи пойро ба 2 зарб занед.
2. Натиҷаро ба 35 ҷамъ кунед.
3. Натиҷаро ба 50 зарб кунед.
4. Натиҷаро ба 223 ҷамъ кунед.
5. Натиҷаро аз соли таваллуд тарҳ кунед.
1. Андозаро ба 2 зарб занед.
4. Натиҷаро ба 224 ҷамъ кунед.
Ду рақами аввал андозаи пой ва ду рақами охир синну сол.
1. Рӯзи ҳафтаро интихоб кунед.
2. Ба 2 зарб занед.
3. Натиҷаро ба 5 ҷамъ кунед.
4. Натиҷаро ба 50 зарб кунед.
5. Натиҷаро аз 250 тарҳ кунед.
Математика дар назм:
1. Чу умр аз сӣ гузашт, ё худ аз бист,
Намебояд дигар чун ғофилон зист.
Ҷунунӣ.
2. Умрат чӣ дусад бувад, чу сесад, чу ҳазор,
В-ин куҳнасарой бурун барандат ночор.
Хайём.
3. Дар назм се тан паёмбаронанд,
Ҳарчанд, ки «Ло набию баъдӣ».
Авсофу қасидаву ғазалро,
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.
4. Он ҷо, ки муроди дил барояд,
Як хор беҳ аз ҳазор хурмост.
5. Агар сад сол габр оташ фурӯзад,
Ба он як дам биафтад, худ бисӯзад.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳар қадаре, барвақтар ба омӯхтани фанни математика машғул шавем, он ҳамон қадар бештар муфид хоҳад буд. Математика қобилияти фикрии майнаро пурзӯр месозад, дар шахс хислатҳои нодири суботкорию матонатро тарбия карда, мустақил амал карданро меомӯзад. Омӯзиши ин фанни дақиқро бо тарзҳои гуногун ба роҳ мондан мумкин аст. Аз ҷумла, дар шакли масъалаҳову муаммоҳои шавқовар пешкаши хонандагон гардонидани онҳо боиси афзудани таваҷҷуҳи шогирдон ба математика мешавад.
Толиб ШЕХИМОВ,
омӯзгори коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр