Нашрияи Омӯзгор

«Ганҷ»-и коллеҷ

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи ҷамъбастии солона доир гардид, ки дар он намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандону омӯзгорон ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд. Дар рафти ҷаласа директори коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Наҷмуддин Ширинзода оид ба фаъолияти коллеҷ дар соли таҳсили 2016-2017 суханронӣ намуд.

Мавсуф  доир ба  пояҳои меъёрию ҳуқуқии муассиса, заминаҳои моддию техникӣ, таълимию озмоишӣ, шароити манзилию маишии донишҷӯён, таъминоти кадрӣ, корҳои таълимию тарбиявӣ ва сатҳу сифати таҳсилот андешаронӣ намуда, қайд кард, ки фонди умумии китобхонаи коллеҷ аз 8355 адад адабиёти гуногун иборат аст. Аз ҳисоби буҷет барои ғанӣ гардонидани фонди китобхона зиёда аз 70 номгӯи китоби дарсӣ бо теъдоди 271 адад ва ба маблағи 6727 сомонӣ харидорӣ шудааст. Ғайр аз ин 100 адад китоби илмӣ ва 39 номгӯи китоби бадеӣ бо теъдоди 390 адад ба таври ройгон аз Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи коллеҷ ворид гардид.

Айни замон дар муассисаи мазкур 60 нафар омӯзгор ва устоҳои таълими истеҳсолӣ дар шуъбаҳои рӯзонаю ғоибона ба 1430 донишҷӯ таълим медиҳанд. 717 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 713 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.

Н.Охунзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш