Дар радифи дигар китобҳои таълимӣ, ки барои хонандагони макотиби миёна аз ҷониби олимону муҳаққиқон таълиф гардидааст, «Физика»-и синфи 9 хеле пурбору пурмуҳтаво буда, бо забони содаю фаҳмо навишта шудааст.
Муаллифони китоб Ҳомид Маҷидов ва Отаҷон Нозимов заҳмати зиёд ба харҷ додаанд, то мафҳуму истилоҳоти физикӣ, таърифу қоидаҳо ва раванди таҳқиқу баррасии ҳодисаҳои физикиро фаҳмову созгор ба синну соли хонандаи мактаб бозгӯӣ намоянд. Ҳангоми гузаштани мавзӯи «Ростхатта паҳншавии рӯшноӣ. Пайдоиши соя ва нимсоя» ман бештар дарк кардам, ки забону баёни муаллифон муъҷаз ва нишонрас мебошад.
«Дар асоси тадқиқотҳо, - менависанд онҳо, - қонунҳои асосии ҳодисаҳои оптикӣ муқаррар карда шудаанд:
1) Қонуни ростхатта паҳн-шавии рӯшноӣ;
2) Қонуни инъикоси рӯшноӣ;
3) Қонуни шикасти рӯшноӣ».
Пайдоиши соя, яъне соҳае, ки ба он ҷо энергияи рӯшноӣ намерасад, дар асоси ростхатта паҳншавии рӯшноӣ шарҳ дода мешавад. Агар байни лампаву чашм китобро гузорем, он гоҳ ба чашмамон рӯшноӣ намеафтад. Агар рӯшноӣ ростхатта паҳн намешуд, он монеаро гирд зада гузашта, ба чашмамон меафтид. Барои паҳншавии рӯшноиро омӯхтан аз мафҳуми нур ё шуои рӯшноӣ истифода мебаранд. Хате, ки самти паҳншавии энергияи рӯшноиро нишон медиҳад, шуоъ номида мешавад. Дар байни лампочкаи фонуси кисагӣ С ва экрани дар масофаи муайян гузошташудаи Э кураи метали Ҷ-ро мегузорем. Дар экран доираи тираеро мебинем. Дар ақиби кураи метали Ҷ соя ҳосил мешавад. Сояи ҳосилшуда фазое мебошад, ки ба он аз манбаи С рӯшноӣ намеафтад. Хати рости СБ бошад, ба нуқтаи А-и кӯра расида мегузарад. Агар нур аз хати рост иборат намебуд, соя пайдо намешуд. Ҳангоми ба сифати манбаи рӯшноӣ лампаҳои калонро истифода бурдан гирдогирди соя соҳаи нисбатан равшантаре ҳосил мегардад ва ба ин соҳа аз якчанд нуқтаи манбаъ рӯшноӣ меафтад. Ба қисми марказии экран аз ягон нуқтаи лампа равшанӣ намеафтад, бинобар ин, сояи пурра ҳосил мегардад.
Аз соҳаи сояи ҳуқуқӣ манбаи рӯшноӣ тамоман наменамояд, вале аз соҳаи нимсоя қисми манбаъ намудор мешавад. Дар баъзе мавридҳо соя ба вуҷуд намеояд.
Масалан, рӯзҳои тира сояи ҷисмҳо намудор намегарданд. Ҳангоми ҷарроҳӣ онро бо лампаҳои махсус бесоя равшан мекунанд. Ҳосилшавии соя ва нимсояро ҳангоми гирифтани офтоб ва моҳ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳангоми гирифти Офтоб сояи пурраи СП, ки онро моҳ ҳосил менамояд, ба сатҳи Замин меафтад. Дар мавриди байни Офтобу Замин ҷойгиршавии моҳ гирифти Офтоб мушоҳида мегардад.
Ҳайталӣ МЕНГАЛОВ,
омӯзгори мактаби №21,
ноҳияи Темурмалик
Иловакунӣ
Иловакунии фикр