Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакони маъюб ба ғамхорӣ ниёз доранд

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 Мактаб - интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб соли 1961 таъсис ёфтааст ва тибқи оинномаи худ таълиму тарбияи кӯдакону наврасони фикрану ҷисман нуқсондорро аз рӯи барномаи махсуси таълимоти касбӣ – меҳнатӣ ва раҳнамои касбӣ оид ба азхуд намудани ихтисос ба роҳ монда, баҳри ислоҳи камбудиҳои инкишофи ақлӣ, нутқӣ ва ҷисмонии онҳо дар раванди таълиму тарбия фаъолият менамояд ва вобаста ба ин чорабиниҳои табобатию беҳдоштӣ баргузор мекунад. Дар мактаб – интернат кӯдакони қобилияти ҷисмонияшон сусти 7-16 солаи минтақаи Кӯлоб ба тавсия ва хулосаи комиссияи тиббӣ ба  таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Директори мактаб-интернат Мирзохон Валиев чунин иброз медорад: 

- Дар соли хониши 2018-2019  146 нафар тарбиятгиранда аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар 12 синф ва 12 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 46 нафар омӯзгору мураббия таълим медиҳанд. Дар мактаб-интернати ёрирасон аз синфи 5 сар карда, бо хоҳиши хонандагон ва ризогии волидайн ҳар як синф ба зергурӯҳҳо ҷудо шуда, ҳунарҳои пойафзолдӯзӣ ва дуредгариро меомӯзанд. Базаи моддӣ-техникии мактаб-интернат ба талаботи имрӯзаи таълим ҷавобгӯ буда, 4 устохонаи таълимӣ бо таҷҳизоти навин дар ихтиёри хонандагон мебошад. Тарбиятгирандагони мактаб-интернати мазкур дар вақтҳои фориғ аз дарсҳо касбҳои дӯзандагӣ ва пойафзолдӯзиро меомӯзанд. Ба наздикӣ бо маблағи як миллиону 400 ҳазор сомонӣ (аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) бинои асосии  мактаб-интернат аз таъмири пурра бароварда шуд. Хонандагон дар ошхонаи мактаб - интернат бо се вақт хӯроки гарм таъмин буда, ошпазҳову мураббияҳои мактаб-интернат кӯшиш мекунанд, ки таркиби хӯроки тайёркардаи онҳо   серғизо бошад. Соли даҳум аст,  ки мактаб – интернати мазкурро ШСХК «Барқи тоҷик» сарпарастӣ мекунад. ШСХК «Барқи тоҷик»  дар  ҷашнҳои миллӣ кӯдаконро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намуда, аз ҷумла, бо маводи ғизоӣ, сару либоси мактабӣ ва ашёи хониш таъмин мекунад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш