Дар шаҳри Хоруғ фестивали минтақавии сайёҳии «Боми Ҷаҳон – макони сайёҳон» баргузор гардид. Дар он намояндагон аз тамоми гӯшаю канори кишварамон ширкат доштанд. Дар оғози чорабинии расмӣ дастэҷоди ҷавонон - донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, сокинони маҳаллаҳои шаҳр ва офаридаҳои донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар назди ҳозирин оид ба афзалиятҳои фаровони сайёҳӣ дар ВМКБ муовини раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода, муовини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, раиси шаҳри Хоруғ Шамирӣ Кишвар ва директори Ассотсиатсияи сайёҳии эко-фарҳанги Помир Асадшо Зоолшоев сухан карданд. Филми ҳуҷҷатии сармутахассиси раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Парӣ Ғуломҳайдарова роҷеъ ба асрори сеҳрангези кӯли Сарез бо кафкӯбии бардавом истиқбол шуд.
Ҷ. Қозибеков,
«Омӯзгор».
Иловакунӣ
Иловакунии фикр